Кӯдакон ва наврасон

Дар ғами мардум нагирям, номи ман Мавҷуда нест...

   Мавҷуда Ҳакимова -5 уми майи соли 1932 дар шаҳри Хуҷанд чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Соли 1958 ин духтараки зебои хуҷандӣ барои амалӣ кардани орзуи хеш ҷониби Душанбе роҳ мегирад ва муҳассили факультаи таъриху филологияи УДТ ба номи В.И.Ленин(ДМТ) мегардад.

  Илҳоми эҷод аз овони ҷавонӣ дар ниҳодаш метапиду рӯз то рӯзбештар аланга мегирифт. Дар рӯзномаи «Пионери Тоҷикистон», моҳномаи «Машъал», рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» ва моҳномаи бонувон «Занони Тоҷикистон», ба ҳайси 

Мусаннифи навоҳои дилрабо

    Сарнавишт ба ў сард нигарист. Дар кўдакӣ аз падару модар ятим, монда, ба сағирахонаи ноҳияи Кангурт афтод. Бо зиракию  ҳушёрӣ  ва гапгирию  хушкорӣ барин хислатҳои некаш дар диди муаллимону муррабиён роҳ ёфт. Дар сағирхона сураткашӣ меомўхт, чангу рубоб чангу рубоб менавохт ва суруд мехонд. Овози хушу завқи  санъатдўстии ин бачаяк буд, ки ўро ба дастпарвариии Хонаи кўдакони лаёқатманди шаҳри  Душанбе муносиб донистанд.

   Ба ин тариқ дар зиндагӣ ояндаи бачаи ҳунарҷў Миратулло Атоевро интихоб ва муайян кардаанд. Баъди хатми мактаб ва омўзишгоҳи мусиқии Душанбе ба консерваторияи Тошкант ба номи

Сапитамон – Рухшона – Искандар

   Романи таърихии Давлатшоҳи Тоҳирӣ «Сапитамон – Рухшона – Искандар» муборизаи қаҳрамонони тоҷик: Сапитамон, Рухшона, Датафарн, Фаридун, Апома ва дигаронро якҷоя бо халқи меҳнатӣ алайҳи адўи румӣ дарбар мегирад ва дар хусуси ҷангҷўёни яғмогари румию юнонӣ бо сарварии Искандари Мақдунӣ, ки ба марзи халқҳои машриқзамин бадаҳдона доҳил шуда, ҷону мол ва фарҳангу улуми ниёгонро ба тороҷ бурдаанд, нақлхои дилписанд мекунад.

Бовар ҳаст, ки нахустин қадами Давлатшоҳи Тоҳирӣ дар жанри румони таърихӣ писанди хонандагони адофаҳм мегардад. Чунон,

Фалак ва масъалаҳои таърихӣ – назариявии мусиқии тоҷик

   Ин китобест, ки соли 2009 дар шаҳри Душанбе дар нашриёти “Адиб” чоп шудааст. Ва аслан аз матолиби Сеюмин симпозиуми байналмилалии Фалак мураттаб шудааст. дар сарсухани китоб мураттибон менависанд:   Сеюмин фестивал-симпозиуми ФАЛАК анъанаи форумҳои  пешинаро, ки ба ин падидаи зебои мусиқии куҳистони тоҷик бахшида шуда буданд, идома медиҳад. Дар баробари ин форуми мазкур ба пешвози Рўзи ФАЛАК гузаронида шуда, анъанаи наверо пойдор менамояд. Месазад, ки минбаъд идҳои Рўзи ШАШМАҚОМ (12 май) ва Рўзи ФАЛАК (10 октябр) ҳамин тавр пуршукўҳ таҷлил гарданд.

Лаклаки сафед дар тасаввури атфол

  Дар шуъбаи кўдакон ва наврасони Китобхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили навбатии «Дастони моҳир» баргузор шуд, ки ба лаклаки сафед бахшида шуда буд. Сараввал муаллима дар бораи ин намуди паранда маълумот дод. Вай гуфт:

   Оилаи лаклакҳои сафед зернамуде ба назар мерасад, ки дар зери таҳдиди маҳвашӣ қарор доранд. Лаклаки сафед парандаи мавсимии 

Аз Юсуфҷон Аҳмадзода чӣ метавон хонд?

   Юсуфҷон Аҳмадзода соли 1947-ум дар ноҳияи Конибодом ба дунё омада, соли 1965-ум ба Донишгоҳи милли Тоҷикистон дохил мешавад ва баробари таҳсил нахуст дар нашриёти "Ирфон", баъдтар дар нашриёти "Адиб" то соли 2010  кор мекунад. Аҳмадзода аз оғоз барои кўдакону калонсолон асарҳо  офарида, даҳҳо маҷмўаву достон ва қиссаву афсонаҳои хуберо  бо номи "Хурсандӣ", "Ҳулбў", "Садсола шав-е, Дурроҷ!", "Панҷоҳ барг", "Оинаи дидор",  "Модарбузург ва Азроил", "Абри сафед", "Мўрчае дона ёфт", "Хумори ишқ", "Наҷвои хўшаҳо", "Ҳафт рўъё" ва "Ишқи духтари кулаҳпўш"-ро ба нашр расонидааст. 

Страницы