Фазлуллоҳ Ризо. Нигоҳе ба Умари Хайём. Бахши аввал
Китоби донишманди эронӣ – Фазлуллоҳ Ризо, «Нигоҳе ба Умари Хайём» ба забони форсӣ соли 2000 дар Эрон нашр гардида, диққати хонандагон ва мухлисони Умари Хайёмро ба кашфиёти илмии риёзӣ, физикии мутафаккири машҳур ҷалб намудааст, ки ин кашфиёт дар Аврупо дар нимаи дуюми асри 19 аз ҷониби Ф. Вопке, Д. Э Смит, аз ҷумла тарҷумаи рубоиёти Хайём аз ҷониби Э. Фитсҷералд ба англисӣ шўҳрати Хайёмро дар Аврупо ва Амрико ҳамчун олими навовар дар соҳаи улуми табиатшиносӣ ва шоири воқеъбин, мунаққиди хурофотпарастию мунофиқӣ муаррифӣ намуд.
Ин китоб ҳамчун замима ба ду китоби Ё. Қ. Одинаев – китоби якум «Умари Хайём ва шоҳасари ў» « Наврўзнома» ва китоби дуюм «Умари Хайём» ва рубоиёти ў аз назари Свами Говинда» чун китоби сеюм ба ҳуруфи кириллӣ баргардон гардид. Китоби Фазлуллоҳ Ризо дар хусуси кашфиёти илмии Хайём дар соҳаи риёзиёт, алгебра, физика, геометрия бо муқоиса бо кашфиёти олимони аврупоӣ дар мавзуъҳои мазкур ба сабки илмӣ-оммавӣ таълиф шуда, барои хонандаи тоҷик судманду аҳамиятнок буда, ду китоби фавқуззикрро такмил ва асоснок намуд.
Аз китоби “Нигоҳе ба Умари Хайём, ки соли 2013 дар таҳияи Ё.Одинаев нашр шудааст, порчаҳоеро меорем. Гумон мекунем барои хонандаи имрӯз донистани он ки ғабиён Хайёмро кай ва чӣ гуна шинохтанд ва нақши ӯ дар ахтаршиносӣ, рушди риёзӣ, геометрия ва ғайра то кадом ҳад бузург буд, мароқангез аст.
Умари Хайём машҳуртарин риёзидон, ситорашинос, файласуф ва шоире мебошад, ки дар Хуросон, дар қисмати шимолу шарқии Эрон дар соли 1048 мутаваллид шуда, ҳамон ҷо дар соли 1131 вафот кардааст. Бештари корҳои илмӣ ва таҳқиқотии ў ба забони арабӣ, яъне вобаста ба тақозои замон таълиф шудаанд. Аммо ашъори баландмазмуни ў, ки бо номи рубоиёт маълуманд ва чанде аз таҳқиқоти фалсафиаш ба забони форсӣ, забони модариаш таълиф шудаанд.
Саҳми илмии Умари Хайём дар Шарқ тайи чандин қарнҳо, пеш аз бо он шинос шудани хонандагони Ғарб, машҳур буд. Китоби ў бо номи Алгебра аз тарафи Ф. Вопке ба забони фаронсавӣ тарҷума шуда, дар соли 1851 ба чоп расидааст. Шуҳрати илмии Хайём ба туфайли содагии тарҷумаи рубоиёташ ба якчанд забонҳои мамолики Ғарб, то андозае пеш рафта буд. Тарҷумаи моҳиронаи рубоиёти ў аз тарафи Эдвард Фитсҷералд, ки бори аввал дар соли 1859 ба чоп расид, ҳоли ҳозир асари классикӣ дар адабиёти англис ба ҳисоб меравад.
2. Муодилаи кубӣ
Агар аз рўи таърих сухан ронем, ҳалли комилан пурраи муолилаи алгебравии дараҷаи сеюм ба Умари Хайём тааллуқ дорад. Ҳамчун нобиға, ў аввалин шуда муодилаи кубиро дар сохти нисбатан мураккабтар, яъне дар дараҷаи чоруми муодилаи алгебравӣ, ба вуҷуд овард. Пас аз он ў барои дарёфтани буриши ду қитъаи конусӣ назарияи геометриро барои кам кардани дараҷаи чоруми масъала кор карда баровард, ки он давра ва гипербола мебошад.
Хайём феҳристи 25-муодилаҳои дарачаи якум, дуюм ва сеюмро бо коеффитсентҳои мусбӣ, ки метавонанд решаҳои мусбӣ дошта бошанд, ташкил намуда. Ў ҳалли мувофиқи ададии муодилаҳои квадратӣ ва намудҳои ҳалли ҳамаи чордаҳ намуди муодилаҳои кубиро, ки ташкил дода буд, пешниҳод намуд.
Инчунин, Хайём қайд кардааст, ки ҳалли геометрӣ барои муодилаи кубӣ дар маҷмуъ наметавонад бо қутбнамо ва ҷадвал амалӣ гардонида шавад. Ин фарзия бештар аз 500 сол баъд аз тарафи риёзидон ва файласуфи фаронсавӣ Р. Декарт дар соли 1637 тасдиқи худро ёфт.
3. Назарияи паралел ва геометряи ғайриевклидӣ
Хизмати дигари Хайём дар назарияи параллелҳо зоҳир мешавад. Ў дар зимни чанд постулатҳо ва аксиомаҳои амиқ геометрияи евклидиро санҷидааст. Инчунин ҳашт мулоҳизаро, ки мувофиқи ақидаи ў бояд ба китоби яке аз элементҳои геометряи евклидӣ шомил мешуд, дақиқан ифода намуд.
Дар ин ҷо нишон дода шудааст, ки саҳми Хайём дар назарияи параллелҳо барои кашфиёти геометряҳои ғайриевклидии риёзидонони пешбари аврупоӣ дар қарни 19 басо муҳим будааст.
4. Астраномия
Саҳми Умари Хайём дар илми астраномия тўли ҳаждаҳ соли зиндагии ў дар Исфаҳон ки шояд осоиштарин давраи ҳаёти ў буд, гузошта шудааст. Дар Исфаҳон Хайём бо расадхонаи Зиҷи маликшоҳӣ ҳамроҳӣ кардааст. Феҳрасти тақрибан сад ситораи дурахшон дар ин марказ ташкил карда шуда буд. Тавре маълум аст, Умари Хайём ба гурўҳи астрономҳое шомил мешуд, ки аз тарафи Маликшоҳ барои пешниҳод намудани нақша оид ба ислоҳоти тақвим, ташкил шуда буд. Дар он вақт ҳаждаҳ рўз тафовут миёни вақти дурусти астрономӣ ва тақвими кўҳна вуҷуд дошт. Тақвими нав, ки номи «давраи Ҷалолӣ» дошт, танҳо ба ҳисоби як рўз давоми 5000 сол фарқ мекард ва аз тақвими қадим бартарии зиёд дошт.
(Давом дорад)