Афроди дорои имкониятҳои маҳдуд касонеанд, ки нуқси ҷисмонӣ доранд. Иддае модарзод бо ин гуна нуқсҳо ба дунё меоянд ва зумраи дигар бар асари ҳодисаҳои нохӯш маъюби якумрӣ мешаванд.
Аммо аксари онҳо шахсоне мебошанд, ки ба зиндагӣ бо чашми умед менигаранд ва ҳамеша раҳмати худовандӣ ва муъҷизаро дар зиндагӣ интизоранд. Яъне, ин афрод бо умед зиндагӣ мекунанд, умед доранд рӯзе дидаи бинояшон бармегардад, пою дасташон сиҳат меёбад.
Умед аст, ки инсонро зинда медорад ва умед аст,
29 - уми ноябри соли равон ба истиқболи Рӯзи ҷаҳонии афроди дорои имкониятҳои маҳдуд созмони ғайридавлатии “Пешрафт” иқдомеро пиёда кард ва бо ин васила хотири ҳудудан 100 нафар ин гуна одмонро шод намуд.
Дар ин чорабинӣ Китобхонаи миллӣ низ ширкат фаъолона дошт. Зеро аксари ширкаткунандагони он хонандагони ҳамешагии толори хониш барои афроди дорои имкониятҳои маҳдуд буданд.
Ба шарофати дастгирии ташкилотҳои гуногуни
Шуъбаи хизматрасонии махсуси Китобхонаи миллӣ сар аз субҳи имрӯз маҳсули дасти аъзои ҳамешагии шуъба ва хонандагони фаъолашро ба намоиш гузошт.
Дар он намоиши “Дастони моҳир” кори дасти аъзоёни шуъба аз ҷумла, сабадҳои оҳанини бофташуда ва дарахти гули Мавзунҷони Ғафурзод, ҷузвдонҳои хурду калони миллӣ бо тарҳи нави замонавӣ, ҷилди болиштҳои миллӣ, либосҳои миллӣ аз қабили атлас, чакан, тоқиҳои зардўзиву гулдўзии арусӣ аз Мусаввара Амонова, корҳои дастибоф аз қабили ҷўробҳову
Баъд аз зуҳри имрӯз, 18-уми ноябр дар шуъбаи хизматрасонии махсуси Китобхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили навбатии «Хандарез» баргузор гардид.
Дар маҳфил ҳунармандони гурўҳи «Арабшо компания» Дўстмурод Шарипов ва ҳаҷвнависи тоҷик Қосимҷон Зарифӣ иштирок доштанд.
Маҳфил хеле хотирмон буд. Ҳунармандон ҳар яке аз ҳаёт ва фаъолияти хеш ба меҳмонон қисса намуда, баъдан ба суолҳои иштирокчиён посух
Шуъбаи хизматрасонии махсуси Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рўзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиши китоб доир кард
Рӯзи Парчам ҳамасола 24 ноябр дар саросари кишвар таҷлил мегардад.
Дар намоиш бештар аз 30 нусха китобҳо, аксу суратҳои гуногун, маҷаллаҳо, нашрияҳо гузошта шуданд.
Хоҳишмандон метавонанд бо ин китобҳо дар толори Шуъбаи хизматрасонии махсус, воқеъ дар ошёнаи якум ошно шаванд.
Дари боз як намоиши китоб дар Китобхонаи миллӣ боз шуд. Ин бор Шуъбаи хизматрасонии махсус бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон як намоиши хеле ҷолиби 16 китобро барои касоне ташкил кардааст, ки мехоҳанд дар бораи Конститутсияи кишвар хонанду донанд.