Дар остонаи иди маъюбон, ки ҳар сол 8-уми июл таҷлил мешавад, Шуъбаи хизматрасонии махсус хонандагони фаъоли худ аз ҷумлаи афроди дорои имкониятҳои маҳдудро гирди як мизи мудаввар хонд, то бо ишон суҳбати самимию дилнишине дошта бошад.
Аксари касоне, ки ҷамъ омаданд ҳунармандоне буданд. Яке бофандаи хуб, дигари дӯзанда, сеюмӣ зардӯз, чорумӣ шоир ё нависанд ва ё таронасароест, ки сурудҳои мақбул мехонад.
Шуъбаи хизматрасонии махсус зиёда аз сӣ номгӯ китоби чопи солҳои гуногунро дар мавзуъи Ваҳдати миллӣ ба намоиш гузошт.
Аз ҷумлаи ин китобҳо “Қаҳрамони ваҳдат” аст, ки намунаи офаридаҳои қаламкашону соҳибдилонро дар бар мегирд. Ин навиштаҳо аввал дар рӯзноми “Ҷумҳурият” рӯйи чоп дидаву баъдан дар шакли китоби алоҳида ба нашр расидаанд.
Китобномаи Ваҳдати миллӣ китоби дигари ин силсила аст. Дар ин китоб мураттибон талош кардаанд исми ҳар
Ин бор маҳфили ҳармоҳаи “Равшандилон” бо маҳфили “Ҳамешабаҳор” муштарак гузашт. Шоири шинохта Хайрандеш, ки ин ду маҳфилро ҳамеша сарпарастиву роҳандозӣ мекунад, гуфт, ки ба ҳам оврадани ду маҳфил, ки рӯзашон мувофиқ омадаст, муҷиби пурмуҳтаво баргузор шудани он мешавад.
Аммо “Равшандилон” ин бор низ бо барномаи худ гузашт.
Ба пешвози Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи кӯдакон Шуъбаи хизматрасонии махсус бо гирдоварии бештар аз 30 номгӯй китобҳои гуногуни намоиши китоб доир кард.
Хонандагон ҳоло метавонанд дар гӯша китоби “Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон”-ро мутолиа кунанд. Ин китоб энсиклопедист ва дар бораи таърихи аҳди бостон, падид омадани тамаддун, муъҷизаҳо дар таърихи башар, шинохти ниёгон, маълумоти хеле мухтасар, вале басо ҷолиб дар бораи
Аз аввалин рӯзҳои моҳи май, ки солгарди пирӯзӣ дар ҷанг бо фашизм наздик мешавад, Шуъбаи хизматрасонии махсус дар фикри ташкили як намоиш китоб бахшида ба ин рӯз шуд. Беҳтарину маъруфтарин китобҳо ба ин мавзуъ, ки солҳои гуногун рӯйи чоп омадаву аз корномаҳои корзори ҷанг ҳикоят мекунанд, аз зуҳри дирӯз ба маърази тамошо гузошта шуданд.
Китобҳои “Достони писари Ватан”-и Мирзо Турсунзода, “Ҳазору як корнома”-и Раҳмон
Дарси омӯзиши забони инглисӣ барои афроди дорои имкониятҳои маҳдуд дар Шуъбаи хизматрасонии махсус аз сар гирифта шуд.
Дар айни замон дар он 10 нафар аз ҷумлаи фаъолтарин хонандагони шуъба омӯзиш мебинанд.
Омӯзиши забонҳо дар Шуъбаи хизматрасонии махсус ҳафтае ду маротиба-рӯзҳои сешанбе ва панҷшанбе барои касоне роҳандозӣ мешавад, ки ятим, нимятим ва афроди дорои имкониятҳои