хизматрасонии махсус

Маҳфили навбатии «Хандарез» бо ширкати “Арабшо-компания”

Дӯстмурод Шарипов (мулаққаб ба Дон Жуан) ва Илҳом Шодиев (тахаллусаш  Муганбо) муддати бештар аз як соат дар меҳмонии хонандагони Шуъбаи хизматрасонии махсус буданд ва афроди дорои имкониятҳои маҳдудро бо ҳаҷву ҳазлҳои намакин хандонданд.
Ин мулоқот баъди зуҳри рӯзи 5-уми апрел доир шуд ва меҳмонони он Дӯстмурод Шарипов ва Илҳом Шодиев бо саҳнаҳои дилнишин атри

Баргузории маҳфили наврӯзии «Равшандилон»

Ҳудудан 15 нафар ширкаткунандагони маҳфили “Равшандилон” аз ҷумлаи афроди дорои имкониятҳои маҳдуд соҳиби туҳфаҳои наврӯзии соҳибкор Оростаи Ниёз шуданд.
Маҳфили навбатии “Равшандилон”-и Шуъбаи  хизматрасонии махсуси Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ширкати ҳудудан 15 нафар шахсони дорои имкониятҳои маҳдуд баргузор гардид.
Фотима Ёқубова, мудири Шуъба дар сухани

Накҳати баҳории аввалин намоиши китоби наврӯзӣ дар Китобхонаи миллӣ

Субҳи имрӯз бо талоши Шуъбаи хизматрасонии махсуси Китобхонаи миллӣ аввалин намоиши китоби наврӯзӣ дар фазои ин боргоҳи маърифат атри хуши Наврӯз пошид.
Номгӯи беш аз 50 китоби наврӯзӣ ҳадя ба алоқамандони толори хониш барои маъюбон шуд. Ҳар касе мехоҳад дар бораи оини Наврӯз, сайри таърихии он, шуъаро дар бораи Наврӯз ва ғайра ошноӣ пайдо кунад, саре ба ин толор, воқеъ дар

Соате бо шеъри Марямбонуи Фарғонӣ

Маҳфили “Дар суҳбати соҳибдилон” қаблазидӣ буд. Як рӯз пеш аз иди бонувон – Рӯзи Модар хонандагони Шуъбаи хизматрасонии махсус ифтихори ҳамнишинӣ бо шоираи номдори тоҷик, насрнависи муваффақ ва як бонуи хеле самимиву заминӣ Марямбонуи Фарғонӣ доштанд. Шоираи маъруф ба маҳфил бо як бағал китоби тозанашраш “Табъи гуҳаррез” ва як олам шеъри тозаву тар омад ва соате, ки шамъи маҳфил буд, хонандагон аз сурудаҳояш як ҷаҳон маънӣ бардоштанд.

Баргузории маҳфили навбатии «Равшандилон»

Маҳфили навбатии “Равшандилон”-и Шуъбаи хизматмаронии махсус бо ширкати 12 нафар афроди дорои имкониятҳои маҳдуд баргузор шуд.
Шоира Оростаи Ниёз як силсила шеърҳои тозаэҷоди худро қироат кард.
Шаҳроми Неъмат ва Мавзунҷони Ғафурзод низ аз ашъори нави худ хонданд ва бахше аз аз навиштаҳои хешро зери навои мусиқӣ замзама карданд. Ин ду тан ҳам аккардион менавохтанд ва

Страницы