25-уми октябри соли равон соати 15:00 дар шуъбаи хизматрасонии махсус (маъюбон) маҳфили ҳамешагии «Равшандилон» баъд аз таътили тобистона бори аввал доир гардид.
Маҳфили навбатии Равшандилон-и Шуъбаи хизматрасонии махсуси Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ширкати ҳудудан 20 нафар шахсони дорои имкониятҳои маҳдуд баргузор шуд.
Аксари ин афрод касоне буданд, ки имкону малакаи эҷод доштанд, яке шеър менависад
Маҳфили аввалини “Хандарез”-и Шуъбаи хизматрасонии махсус бо ширкати гуруҳи ҳунарии “Шакарханд” баргузор шуд. Соате аз ҳаҷвҳои намакину мутоибаи дилнишини гуруҳ ширкаткунандагон ба олам ханда рафтанд.
Хеле як маҳфили дилпазире буд. Барандаи маҳфил Раҳматуллоҳи Раҳим сараввал меҳмононро ба ин даргоҳи илму маърифат хайрамақдам гуфта, баъдан, риштаи суханро ба меҳмонон, ба ҳунармандон дод.
Дар муддати 25-соли соҳибистиклолии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизми сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдат-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар якчанд пешравиҳо ва дастовардҳои назаррасе ба мушоҳида мерасад. Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз зумраи ин дастовардҳои замони соҳибистиклолӣ ба шумор рафта, ки бо шароитҳои мусоид ва дар сатҳи олии хизматрасонӣ дарҳои
Ҳудудан 100 нафар хонандагони нав ва пешини Китобхонаи миллӣ меҳмони Шуъбаи хизматрасонии махсус шуданд. Бештари ин афрод касоне буданд, ки пештар ҳам узвияти китобхонаро доштанд, вале бори аввал ба ин шуъба ворид шуда буданд.
Аксари нав омадагон касоне буданд, ки даъвати кормандони шуъбаро пазируфтанд ва барои шиносоӣ бо имкониятҳо ва зарфиятҳои Шуъба, ҳадафи таъсису таърихи он ворид шуданд. Барои онҳо шуниданӣ буд, ки ҳатто нобиноён ҳам
Идибек Муродов аз фаъолтарин хонандагони толори хониши Шуъбаи хизматрасонии махсус аст. Ин Шуъба бештар ба касоне хизмат мерасонад, ки дорои имкониятҳои маҳдуданд. Ва Идибек Муродов миёни ҳамаи муштариёни ин шуъба аз беҳтаринҳост. Вай дар ҳамаи чорабиниҳо ширкат мекунад, дониши хуб дорад, соҳиби маълумоти олист ва метавон гуфт аз ҷумлаи шахсони ҷаҳонгардест.
Бо вуҷуди иллати модарзодии биноӣ доштан, вай тавонист худро соҳиби маълумоти олӣ кунад,
Имрўз, 6-уми сентябр ба ифтихори 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори «Ошёни булбулон»-и Китобхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили «Дар сўҳбати гулҳо» доир гардид.
Муовини Директолри Китобхонаи миллӣ Салима Раҷабова дар сухани ифтитоҳии худ ҳозиронро ба ҷашни пуршукуҳи 25-умин солгради Истиқлолияти давлатӣ табрик намуд ва меҳмонони маҳфилро хайрамақдам гуфт.