Сар аз субҳи имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон мусобиқоти шоҳмот миёни нобиноён ва маъюбон оғоз гардид. Ин зинаи аввали чорабинист ва қарор аст аз соли оянда он ба бозии ҳамасола миёни афроди дорои имкониятҳои маҳдуд табдил ёбад.
Созмондиҳандагонаш мегӯянд ҳадафи аслӣ рушди ин навъи варзиш миёни маъюбон аст.
Ширкаткунандагон аъзои клуби маҷруҳони Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҳастанд, ки ...
Шуъбаи хизматрасонӣ ба маъюбони Китобхонаи миллӣ ба пешвози Рӯзи Ғалаба намоиши китоб ташкил кард.
Шуъбаи хизматрасонӣ ба маъюбон бештар аз 40 номгӯй китоб аз захираҳои китобхона, ки солҳои гуногун бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ чоп шудаанд, ба намоиш гузоштааст.
Дар миёни ин китобҳо повесту романҳои Константин Симонов
Силсилачорабиниҳои Китобхонаи миллӣ дар муносибати Наврӯзи байналмилалӣ.
Гузориши тасвирӣ аз ҷараёни таҷлили Наврӯз дар Китобхонаи миллӣ. Расмҳо гӯяндаи муҳтавои ин силсилачорабиниҳоянд.
Бо ҳамин номи рамзӣ дуввумин чорабинии Китобхонаи миллӣ бахшида ба Рӯзи модар баъди зуҳри рӯзи шанбе дар толори ошёнаи дуввум баргузор шуд. “Суҳбати гулҳо”, яъне бонувони ҳунарманду суханвар гирди ҳам омаданд, то дар ин фархундарӯзҳои баҳорӣ таманиёти баҳории худро баён доранд. Директори Китобхонаи миллӣ Сайфиддин Назарзода бо хайрамақдам аз ҳузури меҳмонони маҳфил дар бораи мақоми зан дар ҷомеа ҳарфҳои шунидание гуфт. Вай иброз дошт, ки гул ин худ рамзи муҳаббату саодат аст ва бонувон низ рамзи ишқу баҳоранд. Директори Китобхонаи миллӣ ҳамчунин гуфт,
Аввалин чорабинии наврӯзии Китобхонаи миллии Тоҷикистон баъди зуҳри имрӯз дар толори Шуъбаи хизматрасонии махсус бо номи “Одоб ва русуми Наврӯз” бо ширкати ҷамъе аз донишмондон, наврӯшпажуҳишон ва мардумшиносон баргузор шуд. Директори Китобхонаи миллӣ Сайфиддин Назарзода, ки нишастро ҳусни оғоз бахшид, аз Наврӯз ба унвони куҳантарин ҷашнҳои олами башар ёд кард ва гуфт, ниёкони мо садсолаҳо онро бо шукуҳ ҷашн мегирифтанд. Сйфиддин Назарзода
Имрӯз шаш нафар аз ҷумлаи ширкаткунандагони нави маҳфили “Равшандилон”-и Шуъбаи хизматрасонии махсуси Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба узвияти китобхона пазируфта шуданд.
Маҳфили имрӯз ба ҷашни пурифтихори Рӯзи Артиши миллӣ рост омад ва ҳудудан 30 нафар дар он иштирок доштанд.
Аъзои маҳфил чун дар нишастҳои пешин аз навиштаҳои тозаи худ қироат карданд, ҳунари дасти худро намоиш доданд.