хизматрасонии махсус

Ширкат се хонандаи фаъоли Китобхона дар чорабиниҳои Рӯзи ҷаҳонии ҷавонон

Дар доираи чорабиниҳо ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии ҷавонон  намояндагиҳои СММ,  Сети-Y-PEER дар Тоҷикистон, созмони ғайридавлати “Пешрафт”, Vortex ва дигар созмону намояндагиҳо чорабиние барпо шуд, ки дар он Китобхонаи миллӣ низ ширкат намуд.
Ин чорабиниҳо дар меҳмонхонаи Шератон дар чанд мавзуъ баргузор шуданд ва намояндагони шуъбаи хизматрасонии махсус бо шумули хонандагони доимии худ, се  нафар дорои имкониятҳои маҳдуд Мавзунҷони Ғафурзод...

Теъдоди хонандагони шуъбаи хизматрасонии махсус то 808 нафар расидааст

Дар нимсолаи аввали соли равон 808 нафар донишҷӯён дар толори хизматрасонии махсус саргарми мутолиа шудаанд. Теъдоди хонандагони коллеҷ ва литсей-интернатҳо, ки ба ин толор ворид шудаанд, 443 нафар, аспирантон 86, нафақахӯрон 172 нафар мебошанд.
Бунёд ва пурра намудани фонди шўъба бо адабиёт ва маводи электронӣ
Дар фонди шуъба 4117 адабиёт мавҷуд мебошад,

Абдулазиз Ашуров: “Ман маъюб нестам, ман «ТАВОНМАНДАМ»!

Ҳангоме ки вожаи маъюб ё маълул минҳайси унвоне, ки нисбат ба ашхоси бечора ва дорандаи нуқсҳои ҷисмонӣ корбаст мешавад, аз дидгоҳи банда хеле дарднок ва аламовар аст. Чунки ин ашхос дар ҷомиа на ба унвони гунаҳкор ё айбдор балки ба истилоҳи банда ин табақа бояд ба унвони «Тавонманд» баромад кунанд. Яъне табақаи ниёзманд нею табакаи «тавонманд» истифода бурда шавад. Чаро тавонманд? Дар ҳоле ки мо ин қишри ҷомеаро айбдору иллатдору имконияташон маҳдуду ва бо дигар сифатҳо ном мебарем, аммо

Намоиши китоб бахшида ба ҷашни Ваҳдати миллӣ

Шуъбаи хизматрасонии махуси Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар арафаи иди Ваҳдати миллӣ намоиши китоб доир намуд.
Дар намоиш наздик ба 40 нусха китобҳои тозанашр ва китобҳое, ки солҳои гуногун дар бораи Ваҳдат, якпорчагӣ, Сулҳ интишор ёфтаанд, гирдоварӣ шудаанд.
Аз ҷумла, китобҳои Қ. Восиев «Садафи Ваҳдат -  Пешвои миллат», Душанбе 2016,  Раънои Мубориз  «Нури Ваҳдат», Душанбе 2015, “Назарияи Ваҳдат”,

Эълони ғолибони мусобиқоти шоҳмот миёни маъюбон дар Китобхонаи миллӣ

Аминҷон Аброров ва Шаҳроми Нуралӣ ду ғолиби аслии мусобиқоти шоҳмот миёни афроди дорои имкониятҳои маҳдуд эълон шуданд. Ва Наврӯз Неъматов барандаи ҷойи сеюм гардид.
Ин мусобиқа субҳи рӯзи гузашта дар Китобхонаи милии Тоҷикистон оғоз шуда буд ва ширкаткунандагон барои дарёфти ҷойҳои муносиб сабқат карданд.
Фотима Ёқубова, мудири шуъбаи хизматрасонии махсуси Китобхонаи миллӣ гуфт, ки нн зинаи аввали чорабинист ва қарор аст аз соли оянда...

Страницы