хизматрасонии махсус

Баррасии шеърҳои тозаэҷоди Солеҳаву Раҳматуллоҳ дар маҳфили «Равшандилон»

Баъд аз зуҳри имрӯз, 31-уми январ дар Шуъбаи хизматрасонии махсус бо ширкати ҳудудан 15 нафар аъзои доимии Китобхона аз ҷумлаи шахсони дорои имкониятҳои маҳдуд маҳфили навбатии  «Равшандилон»  доир гардид.
Меҳмони маҳфил Шаҳроми Неъмат бо ҳамроҳии як тан аъзои фаъоли шуъбаи хизматрасонии махсус Мавзунҷони Ғафурзод шеърхонӣ ва ба воситаи аккордеону гитор замзама карданд.  
Дар қисмати дуюми барнома,

Ширинкорони «Маҳфилоро” дар маҳфили «Хандарез»

Меҳмони маҳфили “Хандарез”-и Шуъбаи хизматрасонии махсус гуруҳи ҳаҷвнигорони “Маҳфилоро” Маҳмадсолеҳ Шарифов, Зафар Зарипов, Абдулло Шарипов ва Абдураҳим Набиев  буданд, ки баъди зуҳри имрӯз бо саҳнаҳо ва суҳбатҳои дилнишин хотири ширкаткунандагонро шод карданд.
Барандаи маҳфил Раҳматуллоҳи Раҳим сараввал меҳмононро хайрамақдам гуфта, зикр кард, ки  «ин маҳфил маҳфили хушдилист ва ҳадаф

Ёде аз Абдузоҳиди Холзода дар маҳфили «Равшандилон»

Имрўз, 27-уми декабр баъд аз зўҳр маҳфили навбатӣ ва барои имсол охирини “Равшандилон”-и шуъбаи хизматрасонии махсус баргузор гардид.
Ин бор ҳудудан 20 нафар аъзои фаъоли шуъба аз зумраи шахсони дорои имкониятҳои маҳдуд ширкат карданд. Шоири шинохта Хайрандеш ин бор низ маҳфилорои ин ҷамъомад буд.
Ин навбат маҳфили «Равшандилон» бахшида ба ёдбуди як тан аз аъзои фаъоли шуъба, шоири ширинкалом Абдузоҳиди Холзода, бо тахаллуси

Хонандагони фаъоли Китобхона ба Шуъбаи хизматрасонии махсус 35 китоби чопи брайлӣ тақдим карданд

Бойгонии Шуъбаи хизматрасонии махсус бо 35 адад китоби чопшуда бо ҳуруфи брайлӣ ғанӣ шуд.
11 номгӯй китоб ба теъдоди 35 адад аз ҷониби хонандагони фаъоли Китобхона тақдим шуд. Инҳо китобҳое мебошанд, ки соҳибонашон борҳо хондаанд ва ҳоло хостанд онро ба дигарон низ пешкаш кунанд.
Чунончӣ, Фаррух Имомов, донишҷўи бахши 3-юми Донишгоҳи омўзгории пойтахт ба номи Садриддин Айнӣ, маъюби гуруҳи 1-ум  9 адад китоби Қуръони Карим ва 7 китоби дарсиро бо ҳуруфи брайлӣ тақдим кард.

Маҳфили «Хандарез» бо ширкати «Ғарибшо Компания»

Маҳфили навбатии “Хандарез”-и Шуъбаи хизматрасонии махсуси Китобхонаи миллии Тоҷикистон баъди зуҳри имрӯз бо иштирок ҳунармандони гуруҳи “Ғарибшо Компания” Бахтиёр Раҳимов, Ҳасани Чилла ва ҳаҷвнигор Сиёвуш баргузор шуд.  
Барандаи маҳфил Раҳматуллоҳи Раҳим сараввал меҳмононро ба ин даргоҳи илму маърифат хайрамақдам гуфта, маҳфилро ҳусни оғоз бахшид.Ҳунармандон ҳар яке аз ҳаёт ва фаъолияти хеш ба меҳмонон қисса намуда, баъдан ба суолҳои иштирокчиён посух гуфтанд.

Ифтихорномаи Китобхонаи милливу туҳфаҳои хотиравии Наргис ва “Пешрафт” ба маъюбон

Зиёда аз 60 нафар ширкаткунандагони як ҳамоиш бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии маъюбон соҳиби ифтихорномаҳои Китобхонаи миллӣ, созмони “Пешрафт” ва соҳибкори инфиродӣ Наргис Муродова шуданд.
Ин чорабинӣ баъди зуҳри имрӯз, 6-уми декабр дар толори Шуъбаи хизматрасонии махсус доир шуд ва ба Рӯзи ҷаҳонии маъюбон бахшида шуда буд.
Муовинони Директори Китобхонаи миллӣ Салима Раҷабова ва Гадобек Маҳмудов аз номи

Страницы