хизматрасонии махсус
Маҳфили навбатии «Равшандилон» дар Китобхона
Нашр шуд 2015-10-29 17:24“Сарқонуни гӯё” муаррифӣ шуд
Нашр шуд 2015-10-23 09:11Нобиноён “Дар суҳбати адиб”
Нашр шуд 2015-10-19 10:22Луи Брайл: Нобиное, ки роҳи миллионҳо нафарро рушан кардааст
Нашр шуд 2015-07-30 19:45Номи Луи Брайл барои ҳама касоне, ки ба иллатеву ба сабабе биноии худро аз даст додаанд ва ё модарзод нобино ба дунё омадаанд, азизу мукаррам аст. Дар таърихи башарият Луи кореро анҷом дод, ки мушкили миллионҳо нафарро дар сар то сари Сайёра осон кард. Кашфиёти ӯ ва ҳарфҳои брайлӣ, ки ӯ ихтироъ кардааст, миллионҳо нафарро аз хатари бесоводӣ наҷот дод. Тавассути онҳо нобиноён хондану навиштан ва муколамаи хаттиву телефонӣ ва имрӯз ҳатто интернетиро омӯхтанд. Он ки барояш чандин пайкара гузоштаанд, арзиш дорад. Ҳамчунин арзиш дорад, ки ҷомеаи байналмилалӣ ҳамасола хотираи ӯро пос дорад ва чун наҷотдиҳандаи насли башар аз гирдоби бесаводиву ночорӣ барояш эҳтироми виже қоил шаванд.
Шуъбаи хизматрасонии махсус
Шӯъбаи хизматрасонии махсус» моҳи апрели соли 2012 таъсис шудааст. Сафи хонандагони шуъба зиёда аз 310 нафар мебошанд. Инҳо донишҷӯёни мактабҳои олӣ, хонандагони литсей-интернатҳои касбии махсуси маъюбони шаҳр, мактаб-интернати нобиноёни ноҳияи Ҳисор, ҷамъияти маъюбони шаҳр, бошандагони маркази минтақавии хизматрасонӣ ба маъюбон ва нафақахӯрони хонашин мебошанд.