хизматрасонии махсус

Маҳфили «Равшандилон» бо ширкати шоир Хайрандеш

Дар маҳфили навбатии “Равшандилон”-и Шуъбаи  хизматрасонии махсуси Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҳудудан 20 нафар шахсони дорои имкониятҳои маҳдуд ширкат карданд.  
Аксари онҳо касоне буданд, ки шеъру тарона ё ҳикоя менавиштанд, иддае ҳунармадӣ мекарданд ва завқ ба сохтани чизе доштанд.
Ва ин маҳфил ҳам барои ҳамин афрод аст, то оянд ва навиштаву сурудаҳои худро қироат кунанд, маслиҳат шунаванд, ислоҳ кунанд ва ё такмил

"Русияи муосир чӣ мехонад?"

     Таҳти ҳамин унвон субҳи имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон намоиш-муаррифии китобу китобхона дар Русия баргузор шуд. Ташкилкунандагони ин намоиш мегӯянд чорабинӣ дар доираи Фармони президенти Русия Владимир Путин доир мешавад, ки соли 2015-ро дар ин кишвар соли адабиёт номида буд. Ин барномаест, ки аз сармояи барои грантҳои вижа ҷудокардаи ҳукумати Русия амалӣ мегардад.   

Кароматуллоҳи Мирзо: Китоб ягона дӯстест, ки ҳамеша дастгири инсон аст

Маҳфили навбатии “Дар суҳбати адиб”, ки бо ибтикори Шуъбаи хизматрасонии махсус моҳе як маротиба доир мешавад, ин бор бо ширкати Нависандаи халқии Тоҷикистон, барандаи ҷоизаи давлатии ба номи устод Рӯдакӣ Кароматуллоҳи Мирзо ва ҳунарманди шинохта Муҳаммадҷон Шодиев баргузор шуд.

Баргузории маҳфили навбатии «Равшандилон»

Маҳфили навбатии “Равшандилон”-и Шуъбаи  хизматрасонии махсуси Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ширкати ҳудудан 20 нафар шахсони дорои имкониятҳои маҳдуд баргузор шуд.  
Аксари ин афрод касоне буданд, ки имкону малакаи эҷод доштанд, яке шеър менависад, дуюмӣ ҳикояву тарона ва сеюмӣ дар сохтани чизе шавқ дорад.
Дар ҷараёни ин маҳфил чанд тан ба узвияти

Некӣ бимонад ҷовидон...

Магар чизи дигаре пояндатар аз некӣ вуҷуд дорад?
Магар ҳамин некӣ нест, ки поядаву боқӣ ва ҷовидон мемонад?
Магар ин нест, ки бо як сухани хуш, бо як табассуми зебо, бо як туҳфаи камтарин дили ғамгирифтаеро шод кунӣ?
Оре, ҳамин аст, чизе беш аз ин нест.
Ва дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон низ бо ибтикори Шуъбаи хизматрасонии махсус, ки умдатан ба шахсони маъюб ва афроди имкониятҳояшон маҳдуд хизмат мерасонад, Рӯзи байналмилалии маъюбон таҷлил шуд. Ва ин чорабинӣ ҳамин гуна унвон дошт: “Некӣ бимонад ҷовидон...”

Баргузории маҳфили навбатии «Равшандилон» дар Шуъбаи хизматрасонии махсус

 Бештар аз даҳ нафар афроди дорои имконоти маҳдуд гирди мизи маҳфили “Равшандилон” ҷамъ омаданд ва аз навиштаҳои худ хонданду атрофи он баҳс карданд.
Ин маҳфил баъди зуҳри рӯзи гузашта дар Шуъбаи хизматрасонии махсуси Китобхонаи миллӣ доир шуд.
“Равшандилон” маҳфили соҳибистеъдодҳо дар миёни афроди дорои имкониятҳои маҳдуд аст. Ҳамчуноне Шодӣ Қурбонов, яке аз ин шахсон

Страницы