хизматрасонии махсус

Мизи мудаввар аз мушкили шахсони дорои имконоти маҳдуд

Субҳи дирӯз, 22-уми феврал дар шуъбаи хизматрасонии махсус мизи мудаввар таҳти унвони «Иваз намудани афкори ҷомеа нисбати шахсони имконияташон маҳдуд ва ҷорӣ намудани таҳсилоти фарогир» доир гардид.
Холмаҳмад Тенгниев-Раиси бахши Итиҳодияи миллии нобиноёни Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, ҳамчунин аъзои Кумитаи иҷроияи Иттифоқи нобиноёни Осиё ва ҷаҳон дар сухани ифтитоҳии худ ҳозиронро ба рӯзи Артиши миллӣ

Родмардони интернатсионалист дар меҳмонии хонандагон

Дирӯз, 21-уми феврал бахшида ба Рӯзи Артиши миллӣ дар толори Шуъбаи хизматрасонии махсус мулоқоти хонандагон бо афсарони собиқадор баргузор шуд. Ҳадаф аз ин мулоқот ёдоварии он рӯзе буд, ки бори аввал дар кишвар Артиши миллӣ таъсис шуд ва инак 24 сол ба инҷониб 23-уми февралро мо чун рӯзи мудофеини Ватан таҷлил мекунем.  
Дар ин чорабинӣ подполковник Шавкат Мирзоев–Раиси Иттиҳоди интернатсионалистони собиқадори шаҳри Душанбе, полковник Тоҳир

“Лаҳзаҳои гуворо” дар маҳфили «Хандарез»

Насриддини Нуриддин ва Ҷамшеди Ҳалим аз гуруҳи ширинкорони “Лаҳзаҳои гуворо” меҳмони навбатии гмаҳфили “Хандарез”-и Шуъбаи хизматрасонии махсуси Китобхонаи миллӣ буданд.
Ин маҳфили дилкушои ҳармоҳа ин бор аз саҳнаҳои ҷолиб ва суҳбатҳои дилнишини ин ду ҳунарманди мардумӣ саршор буд ва табъи ширкаткунандагон аз ҷумлаи хонандагони ин шуъба ва афроди дорои имкониятҳои маҳдудро

Ба инҳо эҳтиром бояд қоил шуд...

Дар бораи ин афрод бояд навишт. Ҳаддиақал мо чунин фикр мекунем. Инҳо касоне ҳастанд, ки бо вуҷуди мушкилоти ҷисмонӣ равони пок ва қалби пуртапиш доранд.
Инҳо, ки аз қисмат бо нуқси модарзодӣ ба дунё омадаанд ва ё дар тӯли зиндагӣ бар асари ин ё он беморӣ, иштибоҳи табибон ё садамаҳо аз ин ё он узви бадан маҳрум шудаанд, боз ҳам дилгарманд ва ба ояндаи нек бовар доранд.
Ин афрод мисли дигарон издивоҷ мекунанд, хона

Намоиши китоб бахшида ба Соли ҷавонон

Шуъбаи хизматрасонии махсуси Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба Соли ҷавнон бештар аз 40 номгӯ китобро ба намоиш гузошт.
Аз ҷумла, китобҳои: «Раҳнаварди олимони ҷавон», Хуҷанд -2012, «Ҷавонии ҷовидон» (Ба ёди Ғоиб Сафарзода Душанбе-2010), Раҳмон Бобо «Ҷавонӣ – баҳори ишқ» Душанбе -2015, Меҳмон Бахтӣ «Эҳ ҷавонӣ, ҷавонӣ» Душанбе, 1988 Гурген Маорӣ «Ҷавонӣ» Душанбе 1986, Ҳадиса «Дунёи ҷавонӣ» Душанбе -1987, «Гулбонги навҷавонӣ» Душанбе 1992, «Ҷавонӣ буду

Ин ҷаҳонро нигар бо чашми хирад...

Чунин ном дошт маҳфиле, ки ахиран дар Шуъбаи хизматрасонии махсус ба муносибати зодрўзи Луи Брайл-бунёдгузори алифбои брайлӣ барои нобиноён баргузор шуд.
Эсануғлии Ҳотам, барандаи маҳфил дар суханони муқаддимавии худ ҳадафи маҳфилро баён кард ва гуфт имрӯз зодрӯзи яке аз барҷастатрин шахсиятҳои таърихи башар аст, ки роҳи миллионҳо нобиноро дар тӯли таърих бо нури дониш мунаввар кардаву ин афродро хондану

Страницы