Намоиши “Дастони моҳир” дар шуъбаи хизматрасонии махсус

Шуъбаи хизматрасонии махсуси Китобхонаи миллӣ  сар аз субҳи имрӯз маҳсули дасти аъзои ҳамешагии шуъба ва хонандагони фаъолашро ба намоиш гузошт.
Дар он намоиши “Дастони моҳир” кори дасти аъзоёни шуъба аз ҷумла, сабадҳои оҳанини бофташуда ва дарахти гули Мавзунҷони Ғафурзод,   ҷузвдонҳои хурду калони миллӣ бо тарҳи нави замонавӣ, ҷилди болиштҳои миллӣ, либосҳои миллӣ аз қабили атлас, чакан, тоқиҳои зардўзиву гулдўзии арусӣ аз Мусаввара Амонова,  корҳои дастибоф аз қабили ҷўробҳову ҷузъдонҳои дастибофи гуногун аз Маҳфуза Ниёзалиева, савғотиҳои гуногун бо қоғазҳои ҷилонок аз Гурез Раззоқов ба маърази тамошо гузошта шудаанд.
Хоҳишмандон метавонанд аз шуъбаи хизматрасонии махсус, воқеъ дар ошнаи якуми Китобхонаи миллӣ аз ин намоиш дидан кунанд.