Ғофил Малик Ҳамза. Мирзо Ҳиммат шоири тоҷик. Дар зодгоҳаш Сиистон илм омўхта, ба камол расид. Барои такмили илму дониш ба Ҳинд рафт ва ба хидмати дарбори Аврангзеб ворид гардид. Ба ватан баргашта, ҳокимияти Сиистонро ба ўҳда гирифт. Ба шеъру шоирӣ майлу рағбат дошт. Дар анвои гуногун латифу равон шеър мегуфт.
Намунаҳои ашъораш дар тазкираҳо оварда шудаанд. Боз як ҷиҳати дигари фаъолияти Ғофил Малик Ҳамза дар он аст, ки ў чун ҳукмрон ба аҳли илму адаб ғамхор буд. Соли 1645 даргузаштааст.
Абёти зер намунаҳо аз эҷодиёти ўст:
Одам зи адам рў чу дар ин водӣ кард,
Пиндошт, ки ғам кам аст, пур шодӣ кард.
Аз ғамкадаи ҷаҳон чу берун мерафт,
Ғамро ба замона вақфи авлодӣ кард.
****
Дар оташи ҳиҷрони бути аҳдшикан,
Дар дида нигоҳу бар лабам сўхт сухан .
То гиряи ман сарфи куҷо хоҳад шуд,
Саргардонам чу абри гумкардачаман.
****
Ғофил нашавӣ аз ин ду маънӣ, Ғофил,
Сармояи мард аз ин ду гардад ҳосил.
З-ин роҳнамоён ба яке шав қоил,
Ё ақли дуруст, ё чунуни комил
Бозчоп аз Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. – Душанбе, 2017. – Ҷ.5. – С. 114.
Муаллиф С. Ализода
Ғофили Мозандаронӣ
Ғофили Мозандаронӣ шоир, дабир ва ҳаттоти форсизабони Ҳиндустон (асри 17). Аз зодгоҳаш – Мозандарон дар замони ҳукмронии Аврангзеби Оламгир (1658-1707) ба Ҳиндустон рафт. Ба сабаби дар иншопардозӣ “ягонаи замона” будан дабири хоссаи Аврангзеби Оламгир гардид.
Аврангзеб ба ў унвони “Равшанрақам” дода буд. Соҳиби тазкираи “Миръоту-л-олам” (таълифаш 1667) Бахтовархон, ки бо ў робитаи дўстӣ доштааст, аз Ғофили Мозандаронӣ ҳамчун “ҷавони мустаид” ном бурдааст. Мувофиқи маълумоти Муҳаммадафзали Сархуш дар тазкираи “Каламоту-ш-шуаро” “дар хатти насху настаълиқ назир надошт ва дар хутути дигар мисли сулсу райҳону риқоъ ва ғайра бемисл буд”. Аз эҷодиёташ абёти пароканда тавассути тазкираҳои “Миръотун-л-олам” (4 байт) ва “Каламоту-ш- шуаро” (16 байт) боқӣ мондааст. Ин рубоиҳо аз ўянд:
Чун пир шудӣ, кори ҷавон натвон кард,
Пирист на кофарӣ, ниҳон натвон кард.
Дар зулмати шаб ҳар он чи кардӣ, кардӣ,
Дар равшании рўз ҳамон натвон кард.
****
Аз гармии ишқ баҳру бар месўзад,
Сабри дилу тоқати ҷигар месўзад.
Ишқ офати зуҳди хушку домани тар аст,
Оташ чу гирифт хушку тар месўзад.
Бозчоп аз Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. – Душанбе, 2017. – Ҷ.5. – С. 114.
Муаллиф Ғаффорова, З.
Ғофилӣ
Ғофилӣ Мирзо Муҳаммадмурод шоири тоҷик. Аслаш аз мардуми Дарвоз аст. Дар зодгоҳаш таълим гирифтааст. Тибқи иттилои муаррихон (“Таърихи адабиёти Афғонистон”) дар шеъру шоирӣ моҳир ва ҳамчунин соҳибдевон будааст.
Аз мазмуни ашъори шоир бармеояд, ки дар тангдастӣ ҳаёт ба сар бурдааст. Як нусхаи девони нотамоми Ғофилӣ дар ганҷинаи дастнависҳои шарқии ба номи А. Мирзоеви АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон нигаҳдорӣ мешавад, ки аз 42 ғазал, 8 мухаммас ва як достони “қиссаи ҷанги духтари Қайсари Рум” иборат аст. Сабки баёни шоир сода ва ба адабиёти шифоҳии мардум наздик аст. Соли 1910 аз дунё даргузаштааст. Абёти зер аз ўст:
Ай бути ширинхисол, дасти ману домонат,
Дилбари нозукхаёл, дасти ману домонат.
Рўи ту чун офтоб, наргиси мастат ба хоб,
Зулфи ту пурпечу тоб, дасти ману домонат.
Нест чу ту дилрабо, ай санами хушлиқо,
Руй бигардон ба мо, дасти ману домонат.
Қадди ту сарви сиҳӣ, рафти ту кабки дарӣ,
Аз ҳама болотарӣ, дасти ману домонат.
Волаву шайдо шудам бар рухи зебои ту.
Бўса зи лабҳои ту, дасти ману домонат.
Қадди ту чун сарв рост, фитнаи чашмат балост,
Ғамзаи ту дилрабост, дасти ману домонат.
Гирди лабонат шакар, чашми ту бодоми тар,
Сўи гадоён назар, дасти ману домонат.
Рўи ту чун навбаҳор, чашми ту доим хумор,
Зулфат аҷаб тобдор, дасти ману домонат.
Ишқи ту дар ҷони ман, карда барояш ватан,
Ғофилии пуралам, дасти ману домонам.
Бозчоп аз Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. – Душанбе, 2017. – Ҷ.5. – С. 114-115.
Муаллиф Ализода С.
Таҳияи Бибикубрия Қурбонова,
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ.