МУАРРИФӢ: Пирмаҳмад Нуров. Ганҷинаи вожагони ноби тоҷикӣ

Дар Ганҷина қариб 25 ҳазор вожаҳои ноби тоҷикӣ гирд оварда шудааст. Мақсад аз таҳияи ин мавод муайян кардани захираи вожагони сирф тоҷикӣ дар таркиби луғавии забони тоҷикӣ дар марҳилаи кунунӣ мебошад. Муаллиф мегяд, зимни таҳияи Ганҷина вожаҳои ноби тоҷикӣ танҳо аз луғатномаву фарҳангҳое гирд оварда шудаанд, ки бо ҳуруфоти кириллик таҳия гардида, дастраси  мо мебошад.

Муаллиф менависад: “Ҳадаф аз таҳияи ин мавод гирдоварӣ  намудани вожаҳои ноби тоҷикӣ, яъне  муайян  кардани  захираи вожагони сирф тоҷикӣ  дар таркиби  луғавии забони тоҷикӣ дар марҳилаи кунунӣ мебошад.Тавре дар боло зикр кардем,  нахуствожаҳои  забони тоҷикиро  вожаҳои паҳлавӣ суғдӣ ва бохтарӣ ташкил медиҳанд. Баъди дар натиҷаи истифодаи амали забони тоҷикӣ  вобаста ба он  тағйироте, ки дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, ҷаъмиятӣ, соҳаҳои илму фан  ба вуҷуд омадааст, бо ворид гардонидани вожаҳои нави тоҷикӣ захираи вожагони сирф тоҷикӣ афзунтар шудааст”.

“Ганҷинаи вожагони ноби тоҷикӣ” Бо қарори Шӯрои илмии таъбу нашри Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон  ба чоп тавсия шудааст.

Сурайё Одинаева