Баъзе масъалаҳои китобшиносии тоҷик

Ин китоб ҳанӯз соли 1973 чоп шудааст, вале бо гузашти солҳо низ барои кулли мутахассисони риштаи китобдориву китобхонашиносӣ муфиду арзишм анд боқӣ мондааст. Китоб маҷмӯаи мақолаҳо буда, таҳлили фарогири  мавзӯъи мавриди баҳс аст. Мураттиб Р.Шарофов дар оғоз менависад:  Фикри ба чоп тайёр намудани ҳамин хел як маҷмўа ҳанўз соли 1970 ҳангоми гузаронидани конфронси илмию назариявӣ оид ба «Масъалаҳои инкишофи библиографияи миллии тоҷик» ба амал омада буд.

Ин китобе, ки ҳоло дар даст доред, нахустин маҷмўаи мақолаҳои китобшиносон оид ба масъалаҳои таърихи китоб ва библиографияи тоҷик мебошад. Ба чоп тайёр шудани чунин як мачмўа аз пайдоиши қувваи тозаи муҳаққиқони ин соҳаи муҳимми маданият дар республикаамон гувоҳӣ медиҳад.

Мақолаҳои маҷмўа ба масъалаҳои хеле ҷиддӣ ва тамоман омўхтанашудаи библиографияи умумӣ, ба проблемаҳои ҷудогонаи библиографияҳои соҳагӣ бахшида шудаанд. Ҳамаи онҳо таҳлили ҳаматарафаи дастурҳои мухталифи соҳаи дахлдор, тадқиқи амиқи роҳҳои инкишофи назарӣ ва амалии библиографияи тоҷикро фаро мегиранд.

Маҷмўа ба кори муҳаққиқон, муаллимон, ходимони китобхонаҳои илмӣ-оммавӣ ва донишҷўёни ин соҳа ёрӣ дода метавонад.

Китоби “Баъзе масъалаҳои китобшиносии тоҷик”-ро шумо метавонед дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоед.

Дилноза Ғаниева

Барчаспҳо: