Дорулҳикма. Бузургтарин маъхази китоб, ки соли 972 сохта шуда буд
«Дорулҳикма», «Дорулилм», донишгоҳи хилофати Фотимиён (909–1171) дар Миср, ки соли 1004 имом - халифаи Фотимиён ал- Ҳоким Биамриллоҳ (996–1021) таъсис додаст. Асоси маркази илмӣ ва донишгоҳро масҷиде ташкил медод, ки андаке пештар Ҷавҳар - сарлашкари халифаи исмоилиёни Миср Имом ал - Муизз ҳамзамон бо бунёди шаҳри Қоҳира нуҳуми рамазони соли 972 сохта буд. Бинобар пайравӣ аз беҳтарин суннатҳои омўзишии дину тамаддуни ислом дар «Дорулҳикма» ва захираи бузурги китобу маводаш муаррих Ибни Абитайӣ онро «муъҷизаи олам» номидааст. Тибқи ахбори ў бинои идора ва худи китобхона аз нигоҳи ҳаҷм аз қасри халифа бузургтар будааст.
Дар «Дорулҳикма» китобҳо оид ба илмҳои мухталифи замон, аз ҷумла фиқҳ, тафсир, таърих, забон, мантиқ, фалсафа, тиб, нуҷум, синоати танҷим (астрология), ҳандаса, ҳисоб, адабиёту фарҳанг мавҷуд буданд. Халифаҳои исмоилӣ ба омўзиши фалсафа диққати бештар медоданд, дар ҳоле ки ҳокимони дигар минтақаҳо фалсафаро манбаи куфру бидъат мешумориданд. Фалсафаи Юнон ва файласуфон дар дарбори фотимиён хуш истиқбол меёфтанд. Дар Мисри Фотимӣ оид ба бахшҳои мухталифи улуми дунё миқдори бузурги маводи илмӣ андўхта шуда, китобҳои нав таълиф мегардиданд, ки баъдан аксари онҳоро Салоҳиддини Айюбӣ (1137- 93) нест кард.
Муаррих Рашид ибни Зубайр хабар медиҳад, ки дар «Дорулҳикма» 18 ҳазор китоб дар бахшҳои гуногуни илму ҳунари куҳнаву нав, аз ҷумла 2400 нусхаи Қуръони маҷид нигоҳдорӣ мешуд. Муаррихи дигар Аҳмад ибни Мақризӣ мегўяд: «То замони комилан ба анҷом расидани сохтмон, зебу зинат ёфтани бино, дару тирезаҳо ва таъйини теъдоди бузурги хидматгузорон китобхонаи «Дорулҳикма» дарҳои худро ба касе намекушод. Ҷевону ҷузвдонҳои он дар 24 хона ҷой гирифта буданд, ки ҳар кадом гунҷоиши 19 ҳазор китобро дошт. Бойгонии китобхона барои тамоми ҳоҷатмандон кушода ва дастрас буд. Ниёзмандон китоби мавриди ниёзи худро ба осонӣ пайдо мекарданд ва агар мушкиле пеш меомад, хидматгузорони китобхона ба ёрии онҳо мешитофтанд». Дар «Дорулҳикма» файласуфон он замон Абуҳайсам (олими илми манозир – оптика ва ҳандаса), Мусои Маймун, Муайядфиддини Шерозӣ (1000- 78) ва дигарон бо таҳқиқу таълим машғул буданд.
Соли 1013 ал- Ҳоким Биамриллоҳ дар Қоҳира масҷидеро бо унвони расмии «Ҷомеъу- л- анвор» бунёд кард, ки баъдан бо номи «Масҷиди Ҳоким» машҳур гашт. Ў илму маорифро соҳаи афзалиятнок мешуморид, зеро ба воситаи он мехост мусулмонони шиаи исмоилиро таълими динӣ дода, доъиёнро барои даъват омода намояд. Бо ин мақсад дар қаламрави Миср якчанд маркази омўзишӣ бо номи «Маҷолису- л- ҳикма” ташкил ёфтанд. Дар ин марказҳо бо истифода аз усули фалсафӣ- илмӣ мазмуни ботинии аҳкоми дин ба пайравони ҷавони мазҳаб шарҳу баён мегардид. Ин маҳфилҳо барои қишрҳои мухталифи ҷомеа дастрас буданд. Худи имом - халифа ҳам дар маҷлисҳое, ки дар дарбори Фотимиён баргузор мешуданд, ширкат мекард ва ҳомии омўзишу парвариш буд.
Дар «Дорулҳикма» ҳамаи толибилмон бо қаламу қоғаз, ранг ва дигар васоити омўзишӣ ройгон таъмин мешуданд. Аз миёни ходимони «Дорулҳикма», ки дар кори ташкили ин марказҳо дар давраҳои гуногун хидмат карда буданд, қозӣ Нуъмон ва Муайядфиддини Шерозиро метавон ном бурд, ки ба дараҷаи «доъиюддуъ», «Бобулабвоб» (сарпарасти даъвати Фотимиён) расида буданд.
Бисёр мутафаккирони эронинажод (Абуяъқуби Сиҷистонӣ, Ҳамидуддини Кирмонӣ ва дигарон дар фаъолияти «Дорулҳикма», бунёди идеологияи давлатӣ ва фалсафаи исмоилияи давлати Фотимиён ширкати бевосита доштаанд. Носири Хусрав низ дар «Дорулҳикма» бо донишмандони замон баҳсу мунозираҳои илмӣ доштааст. Вай ҳангоми сафари Миср ва адои ҳаҷ аз Муайядфиддини Шерозӣ роҳнамоӣ ёфт ва сипас аз имом- халифа – Мустансир Биллоҳ унвони доъӣ ё ҳуҷҷати Хуросонро гирифт.
«Дорулҳикма» то шикасти Фотимиён ва бунёди ҳукумати Айюбиён самарабахш фаъолият мекард, сипас аз равнақ монд, вале аз байн нарафт. Баъди ишғол шудани Миср аз тарафи туркҳои усмонӣ соли 1517 тамоми захираи китобхона ва донишгоҳ аз тарафи туркҳо ғорат гардида, ба Туркия бурда шуд. «Дорулҳикма» то аз байн рафтани ҳукумати Фотимиён, ба мисли Донишгоҳи ал – Азҳар, ҳамчун маркази бузурги дину мазҳаб ва маорифу таҳсилот дар рушди равнақи илму фарҳанг дар ҷаҳони ислом мавқеи аввал ва хеле муҳим касб карда буд.
Бозчоп аз «Энсиклопедияи Миллии Тоҷик». – Душанбе, 2017. – Ҷ.6. –С. 171 - 172.
Муаллиф: С. Ҷонбобоев
Таҳияи Фируза Восиева
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ.