Китоби нав. “Истиқлолият ва варзиш”

Истиқлол ба даст овардани Ҷумҳурии  Тоҷикистон барои рушди варзиш заминаҳои хуб муҳайё намуд. Ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон варзиш дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун омили тансиҳатӣ шуғли дўстоштаи мардумӣ гаштааст ва варзишгарони  тоҷик  имкон пайдо  карданд,  ки пайваста  дар мусобиқаҳои байналхалқӣ иштирок намоянд.

Муаллифони китоби “Истиқлолият ва варзиш”, ки таърихи чанд намудни вазишро мавриди таҳлил қарор додааст, навиштаанд, ки  Ҳукумати Тоҷикистон  ба рушди тарбияи ҷисмонии ҷавонон аҳамияти  лозима медиҳад. Бо дастгирии бевоситаи  Сарвари  давлат дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон соҳибистиқлол, шурўъ аз соли 1996  дар  бозиҳои олимпӣ  ширкат меварзад. Ба даст овардани  ду  медал дар Бозиҳои  тобистонаи  олимпии  соли 2008 дар Пекин бузургтарин дастоварди  варзишгарони Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Паҳлавони маъруф  Расул  Боқиев  дар Олимпиадаи Пекин дар мусобиқаи дзюдочиён дар вазни то 73 кг соҳиби медали биринҷӣ гардид, ки  ин дар таърихи варзиши тоҷик  аввалин медали олимпии  дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба шумор меравад.

Намояндаи дигари Тоҷикистон  Юсуф Абдусаломов дар мусобиқаи  гуштини озод  дар вазни 84 кг  бо медали нуқра  сарфароз  гашт. Ҳарду варзишгари машҳури кишвар бо фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати  миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ  Раҳмон бо ордени Шараф дараҷаи 1 мукофотонида шуданд.  

Дар муқаддимаи китоб ҳамчунин омадааст, ки аз замонҳои қадим, аз давраи Куруши Кабир анъанае буд, ки ҷавонмардони  ҳақиқӣ камаш  аз се имтиҳони ҳаёт гузашта,  баъд номи қаҳрамониро соҳиб мешуданд. Имтиҳони  аввал  тандурустӣ  ва паҳлавонӣ, имтиҳони  дувумӣ  ақлу  дониши  расо ва  имтиҳони  сеюм  одобу фаросати ҳамида буд. Ҳар сеи  ин  онҳо  дар ҳикмати  «рафтори  нек, гуфтори нек ва пиндори нек» таҷассум  ёфтанд.

Китоби “Истиқлолият ва варзиш” соли ҷорӣ дар нашриёти “Ирфон” чоп шудааст ва муаллифони он устоди варзиши Тоҷикистон Холмирзо Маҳмадалиев ва Музаффар Нурматов кӯшидаанд таърихи пайдоиши гунаҳои мухталифи куштиро мавриди баррасӣ қарор диҳанд.

Ин китобро шумо метавонед  дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоед.гӯштин   

Мавзуна Назарова,  

сармутахассиси  Маркази такмили ихтисос.