Аз эҷоди ҳамкорон. Зафар Гулмуродзодаи Қаламкаш. Мунозира бо Вайбер (Ҳикоя)
- Эй фарзанди Одам, ман Вайбери ҳамадону ҳамахону ҳамабинам, ки аз зеҳну хираду дониши ту зода шудам, бо гузашти вақт, тавоною озода шудам, туро ҳамеша хушрӯзӣ мебахшам. Ҳаргоҳе ки туро овораю саргарми худ мебинам, хушҳолам, вале, эй Одам, ту бо ин шуғлат ба чӣ нокомиҳо расидаӣ, намефаҳмӣ ва ин шикаст ба ман тобу тавон мебахшад.
- Эй Вайбер, магар намедонӣ, ки Одам бо донишу илму амал ҷовидонист? Дар ин нисбат ту ҳеҷ ҳастӣ, ба мисоли саргини афкандаи тар, аз дунболи хар.
- Эй бехабар аз худу аз Худо, ҳардуи мо соҳиби фазилатем ва бо ҳамин сифат ҷовидона.
- Чӣ гуна бошад ин?
- Агар чи ман барои хизмат расонидан ба офаридгорам сохта шудаам, вале ману ту душмани ҷонии ҳамдигарем, зиддияту мухолифати мо абадист, маънии зиндагии ману туро ҳамин шева ифода менамояд. Магар хабар надорӣ, ки зиддият абадист ва омили зиндагиву кулли пешравиҳо. Агар он набошад, ману ту гумроҳона, дар як ҷой қадам мезанем ва ҳатто монанди мӯрчаи нимаҷон дар оинаи зиндагӣ хазида ҳам наметавонем, ними арзанро ҳам кашида наметавонем.
- Оҳо, Вайбер, ман гумон мекардам, ки ту лӯхтаки дасти манӣ, ба ҳар навъе ки хоҳам, туро бозӣ медорам, хоҳам пора – пора мекунам, хоҳам андаруни гавҳора мекунам, агар нахоҳам, андаруни обу оташ мепартоям, туро овараю бечора мекунам, гоҳи дигар ба мисоли модар туро менавозам, вале мебинам, ки аз пиндорам болотарӣ, ин сифатат маро ба таҳлука андохт.
- Эй Одам, ҳар чи аз ҳадди эътидол гузарад, маънояшро гум мекунад, бинобар ҳамин, монанди ман, сарҳадшиносу дурандешу навписанд бояд буд.
- Ту ақлатро хӯрдаӣ, монанди девонаҳо ҳарф мезанӣ, Вайбер, агар хоҳам, дар як оне туро несту нобуд мекунам. Ту ба мисоли шабушки пероҳани манӣ, ки дар миёни нохунам хунатро мерезам ва ё ба коми оташи фурӯзон мебезам. Навсозиат ба ними арзан намеарзад, беҳуда ҳарза магӯй, хараки ланги гумкардаатро дигар маҷӯй.
- Ҳа-ҳа-ҳа, нодон, аз ғояти доноӣ меболӣ. Охир, эй Одам, магар ҳамон ту нестӣ, ки маро пайваста ранги дигару оҳанги дигар мебахшӣ? Зиёда аз ин, хоҳару бародаронамро падид меоварӣ, амсоли Имову Ватсапу Вичату Телегром, авлодам минбаъд афзун хоҳад шуд. Шаҷараи маро ту бузург кардаӣ, бо ин сари сахту тамаъи хом. Аҷаб сода ҳастӣ, гӯри худро, бо нохуни хуншори дастони худ, худ кандаӣ, вақти он расидааст, ки андаруни хонаи тангу торик дароӣ ва устухонат пӯсида, хокистар шавад. Пас, чаро офаридаатро нест кардан мехоҳӣ? Кадом падару модар зодагонашро нобуд мекунад? Ту девонаӣ магар?!
- Фарзанди беақлу ноқобил ҳаққи зистан надорад, сазои ӯ марг аст, монанди хазонбарге, ки ҳангоми Меҳргон аз шохи баланди дарахти зиндагӣ мерезад ва поймоли ҳамагон мегардад, хӯриши барраву бузғолаҳо, хару аспу гӯсолаҳо. Ба ҳоли ман наханд, эй палиди бадкирдор, бо собуни ман ҳанӯз ҷома нашустаӣ, ба ғазабам ҳанӯз гирифтор нашудаӣ, намедонӣ, ки ман ҳокими мутлақи баҳру барам, ба ҳазорон навъу намуди ту барин ҷондоракҳо ҳукумат дорам.
- Ман тамоми хислати туро аллакай медонам, шири хом хӯрданат ба ман аён шуд, ту содалавҳӣ ва ин нишонаи нотавонии туст. Нодонро фиреб дода намешавад, зеро ки вай корҷомаи дурӯғин пӯшидааст, вале нафари доноро кӯдак ҳам мефиребад, ин ҳақиқати санҷидашудаи зиндагист, ғайр аз ту каси дигаре баъдан шубҳа намекунад. Борҳо дидаам, ки қаҳрат ҳамеша бо маргат анҷом ёфт, мақсадатро барбод дод. Медонам, ки бо нест кардани ман, ту ҳеҷ гоҳ орому осуда намешавӣ, сад бори дигар насли маро падид меоварӣ, ба ин восита ниёзи худро мебарорӣ, илоҷӣ дигаре ба худо ки надорӣ, иқрор шав, эй сарпарасти ҷумлаи гумроҳон.
- Ман ҳамеша илоҷи корро меёбам, дар зоти худ корсозам, агар ту нестӣ, бо дигаре ҳатман муросову мадоро мекунам, ин хислатам маро ба мурод мерасонад.
- Эй Одам, бо ақлу донишат аз кулли ҷонварон фарқ кардан мехоҳӣ, ана ҳамин бадбахтии туст.
- Андеша кун, ҳарза махон, нобакор, агар қаҳрам ояд, рӯзгорат ба охир мерасад, ба мисоли мӯрчаяки ланги андар зери суми наъли харон монда.
- Дониш ҳеҷ гоҳ боиси бадбахтӣ набуду намешавад, он мадори зиндагӣ, маъниву моҳияти онро ифода мекунад. – Ин ҳама дар фаҳмиши туст, вале асли матлаб ин тавр нест. Доноён ҳамеша бунёди ҷомеаро зеру забар мекунанд ва худ монанди ҳубоб ба рӯйи об мебароянд. Ман ҳамадону ҳамабинам, чашми кӯри одамро мекушоям, ғаюру шерафкан мепиндорад худро, ҳилла мекунам, механдаду намефаҳмад, ки гиря гулӯгираш шудааст, нангу номусашро бедор мекунам, дониста наметавонад, ки пардаи рӯяш даридааст ва шарму ҳаёро кайҳо бохтааст. Одам дар дасти ман монанди хирсест, ки бо як дона қанд дар саҳна рақс мекунад.
- Бас кун, агар он хирсе, ки мегӯӣ, ситеза намояд, туро монанди латтаи кӯҳна медарронад ва андаруни майдон чунон наърае мекашад, ки Замину осмон ба ларза медарояд. Аз ғазабам андеша кун, эй маймуни рақсандаю бадгуҳар, маро ҳоло ҳам нашинохтаӣ?
- Ҳунарам ҳамин аст, дигар чӣ кор ҳам мекунам, ҳамеша туро ба рақс меоварам, ман овозхони ҷаҳоншумулу ту раққосаи тӯйгарди манӣ.
- Вайбер, ба ту “В сети” чӣ лозим?
- Лозим, лозим, то бидонам, ки ту ба чӣ корҳо машғул ҳастӣ.
- Чаро ин қадар такаббури мекунӣ, Вайбери бадзод? Охир , ман туро назорат ва ҳамеша пора – пораву аз нав мураттаб мекунам. Магар хабар надорӣ? Хоҳам месозам, хоҳам месӯзам, агар итоат накунӣ, даҳонатро медӯзам.
- Дигар он лаҳзаҳои тарту парт канданат гузашт, ту дер мондӣ, эй Одам. Ангушти ишоратро ҳар тарафе ки тоб диҳам, ҳамон тараф гардиш мекунӣ ва ман ҳамеша ҳокими мутлақи мамолики туям. Ту бо ман шабзиндадорӣ, тамоми нақшаҳои ту аз ман вобаста. Ту мекӯшӣ, то кори наверо анҷом диҳӣ, вале ин манам, ки намегузорам ба ман хиёнат кунӣ ва бо дигаре бипайвандӣ.
- На! Асло ин тавр нест! Ман ҳамеша худихтиёрам ва ихтиёрам дар дасти худи ман аст. Маҷбурам накун, ки сиратро ошкоро кунам ва туро ба вартаи ғаму андӯҳ мубтало гардонам. Ин манам, Одами ҳамабин ва ҳамадон, туӣ нодону нотавон дар зоти худ алъон.
- Боз маро механдонӣ, эй Одам. Соҳибихтиёриат аллакай гузашту рафт, ба мисоли навбаҳорон, акнун навбати ғуломиат фаро расид, ту ғуломи зархариду ҳалқа бар гӯши манӣ, ҳар чи ки гуфтам, ба ҷуз иҷро кардан илоҷе надорӣ. Биё, бо ман муросо кун, мадоро кун. Ман туро бузург менамоям, назди дагарон, соҳибэҳтиром ва ту бо худнамоӣ соҳиби обрӯ ва эътибор мешавӣ.
- Эҳтиёт шав, ки шодимарг нашавӣ, ман маънии номи гузаштагонамро медонам. Вайбер номи ҳамҷинси ман аст, ки туро ихтироъ кардааст, туи бадбахти сарсахтро, ки монанди бало дар рӯбарӯям истодаӣ ва монанди шайтон баҳудаву беҳуда механдӣ, чашмак мезанӣ, гоҳо чашмонат бинову гоҳи дигар кӯр мешавад, ягон саволи дигар ҳам дорӣ? – Хайр, майлаш, Вайбер, биё сулҳу салоҳ кунем. Ман ба ту як саволи осон медиҳам, онро талабаи синфи якум медонад, канӣ ҷавоб деҳ. – Бифармо. – Номат чӣ маъно дорад, медонӣ?
– Баҳ, баҳ, баҳ, эй шири хом нӯш кардае, ту беақлии худро худат ошкоро мекунӣ. Охир, ин номро ту ба ман додаӣ, на ман ба ту. Ҳамчунин, ки падару модарон вақте ки ба навзодашон ном мегузоранд, аввал маънои онро меёбанд, вале ту ҳатто маънои номи худат гузоштаро намедонӣ, ин чӣ шармандагист?
- Хомӯш, хомӯш бош, ки як шаппотиат мезанам. Хонаву дари обод, фарзанд ва ташвиши зиндагӣ бузургтарин ва ширинтарин неъматанд, ки Парвардигор маро додааст ва аз ин саодати худодода лаззат мебарам, эй Вайбер! Ман шукрона мекунам. Ту ин неъматҳоро надорӣ, ба мисли сағираи бекасу гуруснае дар остони ман зиндагонӣ мекунӣ, муҳтоҷи як бурда нони қоқу косаи оби манӣ, эй Вайбери девона, аз худ шуда бегона.
- Ман ба ҳастии худ шукрона мекунам, эй Одам. Ман кайҳо, садҳо шаппотӣ туро задаам, аз ин хабар надорӣ? Аз худ як бор бипурс, эй Одами калакаду. Кай охирон маротиба кори хубе анҷом додаӣ, аз худ бипурс, умре ки бо ман сипарӣ мекунӣ, кай дасти кӯмаке ба як бечорае ва ё бенавое дароз кардаӣ? Оё медонӣ, фарзанди ту имрӯзро ба чӣ корҳое мегузаронад ва бо кадом тоифа ҳамнишин аст? Оё медонӣ, ки фарзанди ҷигарбандат, ки ба ӯ таваҷҷуҳ надорӣ, носипос шуда ва дигар ба ту асло итоат намекунад, гарчи тамоми кӯшишу азоб ва талошат барои хушбахтии ӯст. Оё медонӣ, ки дар оилаат ҳамеша носипосӣ ҳукумрон аст ва аз пушти ман, ки бароят гӯё арзише надораму таҳқирам мекунӣ, ҷангу ҷанҷол ва дилозориву дилхарошӣ, маъмул шудааст? Оё медонӣ, ки бо ҳиллакориву найрангбозиат, ки ҳама ба воситаи ман анҷом меёбад, Офтобро бо доман пӯшонидан мехоҳӣ, вале ҳамаи инро ман ошкоро менамоям ва ниқобро аз рӯят мебардорам, ки вайроншавии оилаат аксаран аз ошкоргӯии ман сар мезанад. Ин ҳама магар аз барои ман нест, ҳатто ту, эй Одам, ҳамеша бо таблиғ ба воситаи ман худсафедӣ нишон медиҳӣ ва худат шоҳу табъат вазир аст, аммо бехабар аз онӣ ки ба ҷуз таҳқир ва манманӣ дигар арзише надорӣ? Бале, ту намедонӣ, чун ки бо ман бандӣ, дар кӯча, дар хона, дар коргоҳ, дар бозор ва ҳатто дар обхона, ки бояд он ҷо роҳат бошӣ, ман бо туам ва ту маро ҳамеша чун ҳосили ақлат намоиш медиҳӣ ва ман мебинам, ки зиндагиат ба самти нестӣ гардиш дорад, чун ки ман ва хоҳаронам ва бародаронам ҷойи ҳамаи хушбахтии туро кайҳо гирифтаем.
- Мебинам, ки худро соҳибмаърифат мепиндорӣ, вале намедонӣ, ки сустрой ҳастӣ, чун ҳавобаландӣ дорӣ, Вайбер. Ман ҳамеша худбинам ва ҳамеша аз кору рафтори фарзандонам огоҳ.
- Худатро мефиребӣ, эй Одам. Худо шоҳид аст, ки ҳеҷ амали хайре барои фарзандат, баъди пайдоиши ман, арзонӣ надоштаӣ. Амали хайрро ту дар таъмини фарзандат бо харидории телефонҳои қиммат ва интернети дарафканда мебинӣ, рӯзе хоҳад расид, ки дигар байни ту ва фарзандонат меҳри инсонӣ намемонад, яъне бо ифодаи худат, охирзамон наздик аст, онро ман ҳамчун раҳовард меоварам. Оре, мегӯйи ки аз рафтору гуфтору кирдори фарзандам огоҳам, канӣ бигӯ, фарзандат алъон куҷост? Оё медонӣ бо кӣ ҳамнишину бо чӣ амале рӯз мегузаронад? Оё медонӣ, ки дар кадом бозори фиреб гирифтору дар кадом марказҳои дилхушӣ вақт сарф мекунад? Бале, ту намедонӣ, чун ки бо ман бандӣ. Эй Одам, боз мегӯям, ки фарзанд ҳоло хурд аст, муроқибаш бош, чун пайваст дар роҳе, ки хирадрабову маърифатҷудо аст, дигар дер мешавад. Исто, маъмулан ҳамеша менолӣ, ки фарзандам ба гурӯҳҳои бад ҳамнишин шуд, пайваст, охир аз аҳволаш пурсон, ки нашудӣ, ҳамин рӯз ба сар меояд.
- Оҳо, ҳакимам шудӣ, Вайбер, насиҳат мекунӣ, гӯё гиреҳи мушкиламро мекушоӣ.
- Не, маро хато фаҳмидӣ, насиҳат хоси ту аст, чун насиҳат мекуниву гӯё пок бошӣ, аммо коре ки Одам мекунад, хушбахтона дигар махлуқҳо оҷизанд, вагарна дар рӯйи олам на сабзидан мемонду на рақсидан. Вале пайваста худатро шоҳу табъатро вазир мепиндорӣ, Одам. Майлаш, як суол ба ту, Оё медонӣ фарзандат кадом китобро хондаасту айни ҳол дар мутолиаи кадом китоб қарор дорад?
- Ту гузарондӣ Вайбер, ту худат кӣ ҳасти, ки маро боз месанҷӣ?
- Гапро ба дигар тараф мабар, ту асло намедонӣ, чун ки фарзанди ту китоб намехонад, медонӣ сабабаш дар чист? Сабабш дар он аст, ки худи ту китоб намехонӣ.
- Ту меҳрро чӣ медонӣ, Вайбери сохтакору қаллобу дурӯғпардоз? Ман барои ту нишон медиҳам, ки меҳр чисту муҳаббати инсонӣ чӣ гуна. Агар бовар намекунӣ, биё дастатро деҳ, ба ту нишон медиҳам.
- Чаро дастонат меларзанд? Маълум мешавад, ки асабӣ ҳастӣ ва дасти маро қариб, ки аз шонаам ҷудо кунӣ. Ҳама корҳо ба оромӣ анҷомшавандаанд, ин қадар тундӣ макун, маро сар деҳ, дастам дард мекунад.
- Акнун фаҳмидӣ, ки ман ба чӣ корҳо қодирам ва метавонам исбот кунам, ки ту ноҳаққӣ ва маро бо чашми кам мебинӣ. Биё, натарс, азоби зиёдат намедиҳам, танҳо даҳонатро бастаниам, то дигар худро шоҳу табъатро вазир напиндорӣ ва пайваста хизматгори ман бошӣ, чун ғуломи сиёҳе.
- Одам, мо ҳарду хизматгори ҳамдигарем, ту маро месозиву ман афзунтар аз сохтаат туро менавозам.
- Мебинем! Ана, акнун наздик шудем, Вайбер, чашмонатро калон-калон кушо, нафасатро чуқур-чуқур барор ва худатро кам-кам ба он чи ки нишон медиҳам, моил кун, дар оянда даркорат мешавад, чун инсонро дигар гулӯгиру афсурда намепиндорӣ ва бо гузашти вақт худро ҳақиру бечора мебинӣ. Бовар намекунӣ? Ана, бубин, дунёи зебои инсонҳоро, тифлакони ширину хандаҳои хушнудкунандаи онҳоро. Дасти падар бо писару писар бо падарро, ки сайругашт доранд ва аз тамошои манзараҳои биҳиштосои табиат, ҷаҳон-ҷаҳон лаззату муҳаббат ба якдигар мебахшанд. Ту аслан инро намефаҳмӣ, зеро хизматгори манӣ ва ман ҳар чи гӯям, ҳамонро мегӯйӣ, ҳар чи хоҳам, ҳамонро мекунӣ. Бинигар он, одамро, ки ба фарзандаш таълим медиҳад, дар бораи ёдгориҳои таърихӣ, кӯчаҳои зебо ва боғҳои шукуфтаи истироҳат маълумот медиҳад. Ана, ба ин тараф нигоҳ кун, ду ғунчаи наврасида ва ду рафиқи меҳрубон бо ҳам чунон бо муҳаббат ва садоқат суҳбат доранд, ки ҳушу хаёлашон ба эҳсоси гарми ҳамдигар банд, на туро фикр мекунанду на додару бародаронатро. Ин тараф тоб хӯр, ана мебинӣ, хирадманде дар даст китоб мехонад ва аз таърихи хеш огоҳ аст, агар аз ту пурсанд, умуман парвое надорад ва шояд дашном ҳам диҳад, ки ту душмани ҷонии вай ҳастӣ. Биё, назди ӯ меравем, хоҳӣ дид, ки чӣ андешаву хирад дорад, чӣ ақлу заковат дорад ва чӣ фаросату маърифатро соҳиб аст, ки аз ту барин беҳудагӯйҳо ба куллӣ он дар канор.
- Дастамро сар деҳ, тоқати дидани ҳамин одамеро, ки дар даст китоб дорад, надорам, ӯ маро нороҳат мекунад, чун ки ақидааш монанди ақидаи муридони ман нестанд.
- Муридони ту кистанд, эй палид, аз кай боз ту муриддор шудаӣ?
- Ҳама инсони рӯйи Замин муридони мананд ва бо ман ҳамеша созгоранд.
- Пас, чаро аз ин одами китоббадаст метарсӣ?
- Ҳар гоҳе ки ӯро мебинам, мехоҳам тарки зиндагонӣ кунам.
- Киро, эй Вайбер?
- Китобхонро. Худои ту одамро ҳамин хел офарида буд, яъне хирадманд, ботааннӣ, вале барои чӣ ивази қиёфа кард, намефаҳмам.
- Мо мегӯем, ки ба ин ҳама гунаҳкор ту ва бародаронат ҳастӣ.
- Ҳамаи вазифаи маро худи Одам танзим кардааст ва имрӯз боз маро гунаҳкор мешуморад?
- Не, Вайбери бехирад, ҳамакнун фаҳмидӣ, ки инсон чӣ қадар босалобат аст? Ана, акнун қоил мешавӣ, ки дар назди инсон ҳеҷ ҳастӣ ва ӯ метавонад туро дар як дам, фаромӯш кунаду ба роҳи зиндагии хеш биравад?
- Ҳа..ҳа..ҳа..! Эй Одам, ту ба ман танҳо чанд нафари ангуштшуморро нишон додӣ, ки ин кулли инсон ҳисоб намешавад, танҳо аз панҷ ҳазор ҳисса як ҳиссаи инсон аст, ки китоб мехонад, аз онҳо ман метарсам, дигарҳо ҳама мутеӣ ман ҳастанд.
- Агар одамон пайваста китоб намехонданд, ту аблаҳро кашф карда наметавонистанд ва чунин балои бадро намеёфтанд. Эй нобакор, ҳозир меларзидӣ, қариб буд торҳои асабат ба якборагӣ ба нестӣ раванд, боз чӣ гапфурӯшӣ мекунӣ?
- Гапфурӯш ту ҳастӣ, инро аллакай худат ҳам фаҳмидаӣ, ҳамеша аз ман “Копироват” мекуниву ба воситаи бародаронам “Вставит” намуда, онро моли худ меҳисобӣ. Акнун бигӯ, байни ману ту кӣ гапфурӯш аст?
- Зиёдаравӣ дорӣ, Вайбер, бас аст акнун, ин тараф нигоҳ кун, бингар ки модари инсон чӣ гуна зебост, чӣ хел нуронист ва ана ҳамин махлуқи ноёб маро парвардаву ба воя расонидааст. Ва ба воситаи ӯ ман бузург шудаву ту ва додаронатро сохтаам, ки ҳамагӣ ғуломи манед.
- Оҳ, Одам, модари ту воқеан фаришта аст ва сад афсӯс ки ин фариштаи заминро ҳеҷ қадршиносӣ накардаӣ. Ӯ барои ту ҳамеша ҷоннисорӣ дорад ва барои хубии ту тайёр аст, ки ҳама буду шудашро қурбон кунад. Вале ту чӣ? Ба хотири ману додару бародарон ва хоҳаронам имрӯз модаратро хор кардаӣ. Ба воситаи ман чӣ қадар суханҳои волоро арзонӣ медорӣ, барои ин фаришта, вале дар амал ба ҷуз ғаму андӯҳ додан ба ӯ дигар коре намекунӣ. Ин ту нестӣ, ки ба воситаи ман, модаратро партофтиву ба гурӯҳҳои тундраву ҷоҳилон бипайвастӣ? Ҳамин ту нестӣ, ки ҳар рӯзу ҳар соат бо банд шуданат бо ман, ҳатто моҳҳову солҳо ёде аз ӯ намекунӣ? Ҳамин ту нестӣ, ки модаратро бори гарон донистиву ӯро ба хонаи бепарасторон супоридӣ ва ҳатто рӯзи маргаш аз ӯ ёде накардӣ. Агар санг бошӣ, аз ин амалу рафторат, об мешавӣ, агар ҷони зинда дошта бошӣ, месӯзиву лахча мегардӣ. Вале афсус, ки маро ту зодаӣ ва ҳунарамро низ ту танзим додаӣ, ки хизматат кунаму туро бо роҳи худ бибарам. Вагарна... Хайр, майлаш канӣ бигу: - Кай охирон маротиба модаратро оғӯш карда будӣ? Кай охирон маротиба ба аёдати ин фаришта рафта будӣ, то огоҳ бошӣ, ки чӣ ҳол дораду чӣ рӯзгоре мегузаронад?
- Бас акнун, чаро ин қадар ба ман часпидаӣ? Аслан худат кӣ ҳастӣ ? Чӣ мехоҳӣ аз ман?
- Ҳа, одами нодон, боз мегӯямат, хафа нашав, калакаду ҳастӣ. Бо ҳамин чанд нафаре, ки саргарми хушиҳои воқеан ҳаёти солиманду лаззати онро мечашанд, худро таскин доданиӣ? На, хато мекунӣ. Ҳоло манманиву худпарастиат аз косахонаи сарат мепарад, фақат тоқат кун. Ту аслан ҳеҷ тоқат надорӣ, ҳамеша саросемаӣ ва ин саросемагӣ туро баъзан ҳалок мекунад.
- Боз ба ҳамон ҳолати аввала баргаштӣ, лаққиданро боз сар кардӣ?
- Ман намелаққам, аслан лаққӣ ту ҳастӣ. Гапҳои худат ба худат намефорад, вале баъзан маҷбур ҳастӣ, ки ба ҳарфу ҳиҷои пӯсида гӯш диҳӣ. Ҳатто аз худат боз гап мебофиву барои таскин ҳарф мезанӣ, вале ин гапҳоят, ки ба фармудаи халқ “Ё олимона ҳарф бизан, ё оқилона хомӯш бош”, ҳеҷ ба ту намезебад, чун ту ҳеҷ вақт на инашро риоя мекуниву на онашро...
- Ту чаро асабонӣ гап мезанӣ, Вайбер?
- Вируси ту гузаранда аст, ба ман ҳам гузашт.
- Аслан ту ва оилаат вирус ҳастед, ба одамон ҳамеша зиён мерасонед.
- Ин вирусро ту дар ман ҷой мекунӣ, боз аз пардаи дигар мегузариву даъвоятро барои киссаи ҳаромат, ки мехоҳӣ доим пур аз пулу сарват бошад, пешкаш менамоӣ, магар инро кӣ намедонад? О ҳо, чаро рангат дигар шуд, Одам, сиратро фош кардам, безобита шудӣ? Роҳи гурез меҷӯӣ? Гиребонатро мебӯӣ? Худ бо худат, чун гунгу кар, овораи гуфтугӯйӣ?
- Ту аз ҳад зиёд лаққидӣ.
- Эй Одами хомтамаъ, шармандаи ҳарду ҷаҳон, магар ту ҳамоне нестӣ, ки динатро ба ними арзан фурӯхтаӣ?
- Равшантар ҳарф зан, матлабатро намефаҳмам, касифи ноодам.
- Ойини мусалмонӣ парҳезу пардапӯширо талқин мекунад, вале ту ба воситаи ман хонумони бараҳнаи модарзодро тамошо мекунӣ, лаззат мебарӣ, нозукиҳои андоми онҳоро мебинӣ. Ҳеҷ мулоҳиза намекунӣ, ки онҳо ҳамҷинси модар, хоҳар, дилбар, духтар ва келинҳои туянд. Бо ин ҳама палидӣ, даъвои мусалмонӣ дорӣ, бешарму ҳаё, шармандаи ҳарду дунё, фақат номат одам аст, вале сиратат пур аз ноодамӣ. Ҳа, ҳу, ҳа... маро механдонӣ, Одам, боз қаҳрат мекунад, ки дар назди ту механдам. Охир биё, ҳақиқати зиндагии инсони имрӯзаро бароят ошкоро кунам. Худат хоҳӣ дид, ки ман ва бародаронам чӣ қадар бароят азизему ту мутлақо аз гапҳои гуфтаат пушаймон мешавӣ... Дастатро деҳ ё аз қафои ман биё, фикр накун, ки ба дӯзах мебарамат, охир ту ҳамеша аз худоят даъвои биҳиштро дорӣ, вале ҳеҷ намефаҳмам, ки барои кадом корат бояд биҳишт биравӣ,ту дуруғгӯйи беинсоф, бо пойи бараҳна, бояд то паси кӯҳҳои Қоф гурезиву аз ҳақиқату ростӣ бипарҳезӣ, аммо фаромӯш накун, дӯзахро дар ин олам ту худат барои худат сохтаӣ, бовар намекунӣ? Биё, акнун расидем... ба ҳамон ҷо.
- Ту маро куҷо овардӣ? Ин чӣ гап худаш? Ин кист? Ин тӯдаи одамон чӣ кор мекунанд? Воҳ, он мард чаро занро мезанад? Ин писарак ва он духтар чаро тарафи якдигар дод мезананду ҷанҷол доранд? Чаро он кампир зор-зор гиря дорад? Оҳ, Вайбер, чаро хомӯш шудӣ? Охир чизе бигӯ, ҳозир дилам мекафад. Чаро он ҷавонон ба якдигар дурӯштӣ доранд, шарм аз чизе надошта, қабеҳона дашном медиҳанд? Чаро онҳо дар як давра нишастаанд, вале ҳеҷ кадоме эътибор ба дигаре намедиҳад? Охир ин чӣ гап аст?
- Худатро ба даст бигир, Одам, ин ҳаётат аст, акнун ба ин тараф биё, худфиребӣ пешай шайтон бувад мегӯянд, то ин вақт худатро ва дигаронро табиатан фиреб дода гаштаӣ, акнун вақти он расидааст, ки ҳақиқати ҳоли худро бубинӣ. Ба ин тараф нигоҳ кун!..
- Не, не, набояд ин хел бошад, ин бовар нокарданист... Чаро ин бача ба ҳарфи он мард гӯш надода, аз хона баромада рафт? Ин худаш чӣ гап? Чаро ин китобҳоро дарронда ба оташдон меандозанд? Чаро ин мард китобҳоро ҷамъ кардаасту на мехонад, на ба каси дигар медиҳад? Инҳо кӣ ҳастанд? Чаро ҳама ба даруни як мағоза медароянд, о, ин мағозаи телефону планшет аст-ку, охир чаро мағозаи китоб холист? Чаро он мард қариб гиря гулӯгираш шудаасту мегӯяд, ки китобҳо тамоми сол дар мағоза хобанд? Бас, Вайбери палид, ин чист, ки маро нишон медиҳӣ ё ҳамаи ин сохтакорист?
- Оҳ Одам, Худо шоҳид аст, ки кадоме аз мо сохтакорем? Дар байни мавҷудоти зинда ягона махлуқи сохтакор ту ҳастӣ, ки ҳама мавҷудоти дигар ангушти ҳайрат газидаанд, аз ин хислатат. Биё акнун далелҳои зиёд дорам, вале фикр мекунам, ҳоло барвақт аст,ки онро ба рӯят кашам.
- Хомӯш, нобакор, тез маро аз ин ҷо бубар, ин ҳама намоиш баҳри чист?
- Баҳри манманиҳои ту, ки дигар аз хари лангат фароӣ, аслаш чӣ гуна? Ана, акнун дидӣ, ки то чӣ андоза палиду нобакорӣ.
- Дидам, вале онҳо кӣ буданду чӣ кор мекарданд?
- Тӯдаи одамоне ки дидӣ, ҳама саргарми ману хоҳаронам ва бародаронам буданд. Худ шоҳид будӣ, ки аз нишондоди ту, саргарми ману бародаронам миллион маротиба зиёдтар Одам мубталост... Он занеро, ки дидӣ, мард мезадаш, ҳарду ошиқи мананд ва якдигаро дар хиёнат ба воситаи ман дарёфтанд. Ту ки худ медонӣ, зан қуввати бо ҷисм мубориза бурдан бо мардро надорад ва ин марди номард аз ин истифода карда, бо қувваташ занро мағлуб кардан мехоҳад.
- Ин чӣ сафсата аст, чӣ гуна шеваи ошиқӣ, чӣ гуна хиёнат?
- Сафсата нест, ҳақиқатро мегӯям, ба Худоят қасам мехӯрам, ҳақиқатро мегӯям. Ман алъон воситаи ишқварзӣ қарор гирифтаам, ки аксар вақт боиси хонавайроншавии банӣ - Одам мешавам, вале ин қудрати маро ту нодида мегирӣ ва сахт иштибоҳ мекунӣ. Ишқварзӣ ва алоқаи ҷинсии инсон бояд маҳрамона ва пардапӯш бошад, ҳамчунон ки пешаи заношӯӣ, вале ту, эй Одами ноодам, ба дастони ман, он ҳама шеваи маҳрамонаро номаҳраму касифу шармсорона вонамудаӣ, ки баъди чунин муносибат фарқ андар миёни одамону ҳайвон намемонад, ҳатто ҳайвон ҳадди муносибатро мешиносад, вале туӣ, эй Одами бадкеш, ки пардаи шарму ҳаёи одамиро дарронидаӣ.
- Ту ба иззати нафси ман мерасӣ, эй Вайбер, ин кори шахсии ман аст, чаро ту онро ифшо мекунӣ?
- Бале, ин кори шахсии туст, вале аз ин кори ту тамоми мавҷудоти дигар норозианд. Чун ту бехирадӣ менамоиву саргармии чандлаҳзаинаатро болотар аз оилаву фарзандонат мегузорӣ ва ин боиси вайроншавии хонадонат мегардад ва фарзандонатро дар кӯча мегузорӣ ва онҳо дигар чӣ кор карданашонро надониста ба ҳар роҳ мераванд ва аз ин ҷомеаи ту зарари калон мебинад, ки мутлақо боз маро гунаҳкор мекунӣ... Айнан худат шоҳиди он будӣ, ки писару духтар якдигаро дашном додаву кашталгирӣ карданд ва аз касе шарм намедоштанд, ҳамин хел буд ва ё на? - Бале, ҳамин хел буд. Ин духтару писар итоаткори ман ҳастанд, пайваста ахлоқашонро аз хазинаам меҷӯянд, ки ҳатто инсон будани хешро фаромӯш кардаанд. Ҳастии худро бо ман дидаанд ва ин барои ман қувват мебахшад, то битавонам онҳоро инсони виртуалӣ бисозам ва онҳо аз хеш фаромӯш кунанд. Инҳо, ки фарзандони Одаманд ва ҳеҷ дарк намекунанд, ки бояд Одам бошанд, на чизи дигаре. Он кампире, ки дидӣ, зор-зор гиря дораду касе аҳамияташ намедиҳад, модарат буд. Чунон ки боло гуфтам, модарат дигар модари ту нест, падару модари ту, эй Одам, ману хоҳарону бародаронам шудаем... Медонам, инро ба гардан намегирӣ, тоқат кун бароят исбот мекунам... Вале як ҷамъомад ҷавононро дидӣ, ки аз дашному дуруштӣ нисбати якдигар ҳаловат бурда, ҷомеаи ту, Одами ноодамро вайрон мекунанд ва пирони ту аз ин ҷавонон пайваста гила доранд, ки роҳи ҳалли ба ахлоқ баргардонидани онҳоро ҷӯянд, вале бидон онҳо дигар ахлоқро бо ин аҳволе,ки ҷомеаи ту дорад, пайдо карда наметавонанд. Ҳатто, эй Одам, ман шарм медорам, ҷавонон ҳангоми аз ман истифодабарӣ, пардаи рӯяшонро даридаву модару хоҳари туро таҳқир мекунанд... Гапфурӯшӣ мекунанд, худи ман шоҳиди чӣ қадар балоҳо дар атрофи худ будам, Одамон ба воситаи ман якдигарро фиреб дода, духтарон аз шеваи бокирагӣ, писарон аз оини мардӣ мондаанд...Ана ҳозир аз бародарам Инстаграм хабар расид, ки як гурӯҳи одамон макре андешидаанд, ки монандаш дар рӯйхати ман нест... Фарзанди ту акнун ба ин макр ҳатман, ки меғӯтад ва ба буҷаи хонаводаи ту зарари калон меорад. Бачаат ҳам худаш азоб мекашад ва ҳам туро бесаранҷом мекунад, эй Одам, эҳтиёт шав. Бача пок аст, аммо чун ба зиндагӣ ва корҳои ношоям ворид мешавад, саропо побанди макри дигарон мегардад.
- Чаро?
- Покон зуд ва осон ба дом меафтанд, эй Одам!
- Чӣ бояд кард?
- Хиради одам бояд аз он чи мебинаду мепиндорад ва лаззат мешуморад, ба монанди ману Имову Ватсапу Инстаграму Одноклассникӣ ва дигар аҳли хонаводаам болотар бошад. Одам бояд китоби муқаддаси илму адабро хонда, ҳақиқатро донад, вагарна кулли дороияшро аз даст хоҳад дод.