Таърихи адабиёти ҷаҳон. Нозим Ҳикмат
(солҳои 1902 –1963)
Шоир нависанда, ходими намоёни ҷамъиятӣ ва асосгузори назми инқилобии Туркия, Нозим Ҳикмат аз худ зиндагиномаи ибратомўз ва мероси ғаниву пурмўҳтаво боқӣ гузоштааст. Ӯ 20 –январи соли 1902 дар оилаи ашроф тавлид ёфта, ҳанўз аз наврасӣ бо воқеаву ҳодисаҳои пуртўфони ҳаёти он давр ошно шуд ва тадриҷаи яке аз муборизони асили роҳи озодӣ асили роҳи озодӣ гардид. Фаъолияти эҷодӣ ва сиёсии Н. Ҳикмат мусовӣ ҷараён гирифтааст. Аз соли 1917 маҳсули қалами ў нашр гардид ва тавъам иштирокчии фаъоли ҳаракати озодихоҳии миллии Туркия дар солҳои 1918 –1922 буд.
Дар авҷи камоли эҷодӣ, соли 1920 аз ватанаш – Истамбули забтгардида ба шаҳри Анатолия омад, ки ин ҷо ҷанги миллию озодихоҳӣ дар авҷ буд. Н. Ҳикмат, ки зер таъсири воқеаҳои Истамбулу Анатолия таҷриба андўхтаву роҳи ҳаёташро муайян сохта буд, бори аввал соли 1921 ба мамлакати Шуравӣ омад ва дар Университети Коммунистии меҳнаткашони Шарқ таҳсил намуд. Бо бардошт ва натиҷагирии амиқ ва бо ниятҳои ватанхоҳӣ ва озодипарастӣ соли 1924 ба малакати худаш –Туркия баргашта, ба сафи ҳизби коммунистии Туркия ворид гардид. Чанд муддат ба кори эҷодӣ машғул шуда, ба рўзномаву маҷаллаҳои инқилобӣ ҳамкорӣ намуд. Соли 1927 бо сабаби авҷ гирифтани таъқибот боз ба Иттиҳоди Шурави омад.
Маҷмуаи нахўстини ашъораш бо номи «Таронаи нўшандагони офтоб» соли 1928 дар Боку нашр гардид.
Шоири озодхоҳ соли 1928 боз ба Туркия баргашт ва якчанд маҷмўаи ашъораш «835 сатр» (1929), «Варан» (1950), «Шаҳри овозгўшкарда» (1931) –ро нашр намуд, ки дар онҳо тинати нопоки имперализмро фош намуда, халқи Туркияро ба мубориза даъват менамояд. Ҳамин рўҳия дар достони «Ҷоконда ва Си –Я –у» (1929) ва романи манзуми «Барои чӣ Бенерчӣ худро ҳалок сохт?» (1955) боз ҳам қавитар ва ҷасурона садо медиҳад. Эҷодиёти Н. Ҳикмат гуногунжанр буда, дар ҳама қолаб мақсади асосӣ – озодӣ ва истиқлол мавқеи асосӣ дорад.
Дар намоишномаи «Косахонаи сар» (1932), « Хонаи маҳрум» (1932), «Одами фаромўшшуда» (1937) ва дигар асарҳояш тақдири шахс (инсон) бо тамоми фоҷиаҳояш дар ҷамъияти сармоядорӣ инъикос ёфтааст. Нигоҳи ҳақпарастона ба равиши ҳаёт, мушоҳида ва муқоисаи ҳаёти мамлакатҳои гуногун Н. Ҳикматро ба як муборизаи асилу бебок ва барои ҷамъияти сармоядории Туркия хавфнок мубаддал сохт.
Баъди нашри маҷмўаи шеърҳои «Телеграммаи шабомада» (1932), ки дар он мардуми Туркияро ба мубориза даъват менамуд, ба ҳабси панҷсола маҳкум гардида, баъди 1– сол пас аз афви умумӣ озод гардид.
Н. Ҳикмат ба хубӣ дарк намуд, ки бар замми фоҷиаҳои дохилии Туркия фашизми қувватгирифтаистодаи немис низ дар малакати ў тарафдорон пайдо намуда, дастгирӣ меёбад. Дар маҷмўаи «Симоҳо» (1935), достони «Мактубҳо ба Таранта Бабу» (1935) ва асари публисистии «Фашизми немис ва назарияи нажод» (1936) маҳз тарафдорони дар Туркия будаи фашизмро фош ва маҳкум месозад. Ибрози ошкорои чунин ақоид ва эҷоди асарҳои «Достон дар бораи шайх Бадруддини Шимавӣ», «Ифтихори миллӣ», тарҷумаи асари В. И. Ленин «Дар бораи ифтихори миллии великорусҳо» боиси он гардид, ки шоири муборизро соли 1938 ба муддати 28 –сол ба ҳабс маҳкум намоянд. Эпопеяҳои «Манзараҳои ҳаёти инсон», маҷмўаи шеърҳои «Мактуб аз зиндон», намоишномаҳои «Афсонаи ишқ», «Юсуф ва Зулайхо» дар маҳбас навишта шудаанд. Муаллифро баъди 12 соли зиндонӣ будан, соли 1950 ҳукумати Туркия зери фишори афкори ҷамъиятии ҷаҳон аз ҳабс озод намуд.
Н. Ҳикмат соли 1951боз сӯи ватани дуюмаш – Иттиҳоди Шуравӣ шитофт ва то нафаси вопасин ба кори пурмаҳсули эҷодӣ пардохт.
Дар ин давра ў намоишномаҳои «Ҳикояҳо оид ба Туркия» (1952), «Шахси аҷиб» (1953) ва « Оё Иван Иванович вуҷуд дошт?» (1936) –ро навишт, ки ба забонҳои гуногун тарҷума гардида, дар театрҳои чандин мамлакатҳо намоиш дода шудаанд. Таъсири Н. Ҳикмат дар ҷараёни инкишофи адабиёти Туркия зиёд буда, бо номи ў як равияи томи адабӣ алоқаманд аст.
Хонандагони тоҷик ба ном ва асару амали шоири муборизи турк Н. Ҳикмат собиқаи деринаи ошноӣ дошта, ашъори ўро ба забони модариашон хондаву қазоват мекунанд. Романҳои «Шаби арафаи зилзила» (1963), «Романтика» (1966), маҷмўаи ҳикояҳои «Чанд ҳикоя» (1967), маҷмўаи «Шеърҳо» (1957 –68), маҷмўаи афсонаҳои « Абри ошиқ» (1972) ва ғайра бо забони тоҷикӣ тарҷума гардида, миёни хонандагон маъруфият пайдо кардаанд.
Дар тарҷумаи шеърҳои шоир адибони маъруфи мо М. Турсунзода, А. Деҳотӣ, М. Миршакар ва М. Фарҳат саҳм гузоштаанд.
Намунаи осор:
Мактубҳо аз зиндон
Шавҳарат бастаи зиндон, Писарат бемор аст;
Қади мавзуну тавонои ту гаштаст дуто;
Сари ту монда шуд аз фикру ғаму кулфатҳо,
Ки ба дастони ситамдидаат акнун бор аст!
Қисматат қисмати хоси ҳамаи Туркия аст.
Лек ин аст яқинам, ки аз ин рўзи сиёҳ
Мулкам озоду амон мешаваду бахташ ёр.
Писарат гашта сиҳат, шавҳарат аз маҳбаси тор
Мераҳад солиму дар хонаи чашмони ту боз
Медурахшад абадӣ нури табассум он гоҳ
Қисматат қисмати хоси ҳамаи Туркия аст.
Соли 1948
Асри Бистум
–Маҳбуби ман , ин лаҳза хаёлат, ки ба болин
Сар монию сад сол бихобию замоне
Бедор шавӣ, рўи замин гашта навоин,
Аз миллату аз ашк на номе, на нишоне.
–Ҳаргиз на! Гурезон наям аз дасти замона
Худро накашидам зи ғаму кулфати он дур.
Ин аср бузург асту ҷафоҳош баҳона
Аз саршавию муждаи ояндаи масрур.
На! Ман на пушаймон, ки таваллуд шудам он
сол,
Соле, ки ниҳод аср ба бистум қадами хеш.
Фахрандаям аз қисмати худ.
Ёрам ба касоне, ки мубориз. Сафи мо бош.
–Маҳбуби ман, он сохти дилхоҳу зафар дур,
–Ҳаргиз! Наздик асту яқин. Бовариям ҳаст.
Чун чашми дурахшони ту, зебову пур аз дур
Озод шафақ хуб ба мо ҳам бидиҳад даст,
Бахт аз дари мо ҳам бидарояд хушу маъмур.
Манбаъ: Донишномаи озод; “Адабиёти ҷаҳон” барои синфҳои 10-11. Муаллифон: М.Зайниддинов, А. Худойдодов. Душанбе, 2001
Таҳияи Фирӯза Раҳимова, мутахассиси пешбари шуъбаи кўдакон ва наврасон.