Чанд эпоси қаҳармонии олам. Бахши аввал. «Калевала»

«Калевала» -  эпоси халқии кареливу финн буда, аз маҷмўи сурудҳои эпикиву  маросимӣ ва матнҳои  азоимӣ (илтиҷо, зорию тавалло)  иборат аст. Ин эпоси халқӣ аз ҷониби донишманди фин  Э.Лёнрат ба шакли яклухти қиссапардозӣ дароварда шуда, асосан аз сурудҳои халқии карелӣ, ижорӣ ва финӣ фароҳам омадааст ва аз забони сарояндаи  сурудҳои  халқӣ Архип Пертунен дар нимаи авали асри XIX сабт гардидааст.

Соли 1833 композитсияи авали эпос, ки аз 32 суруд ва соли 1849 композитсияи дуюми он, ки аз 50 суруд иборат аст, нашр гардид. Сурудҳои  дар сужети Лёнрат   истифодагардидаи «Калевала»  ҳанўз дар замони сохти авлодӣ пайдо шудаанд.

  Дар заминаи эпоси қадимаи авлодони наздибалтикаву финӣ дертар эпоси қадими карелӣ низ ташаккул ёфт. Ин эпос дар дарозои таърих хеле суфта гардида, баъдан дар паҳлўи мазмунҳои афсонавӣ ва қаҳрамонии он оҳангҳои сурудаҳои меҳнатӣ, ҳаққоният ва таҷассумкунандаи урфу одати халқ низ пайдо гардид. Дар ин сурудҳо ба таври амиқ рўҳбаландии  офаринандагон инъикос ёфтааст. Сурудҳои «Калевала»  аз назари арзиши ғоявӣ ва  адабиашон аз эпоси халқҳои дигар камӣ надорад. Матни «Калевала»  аз рўи нашри соли 1849 ба забони русӣ, англисӣ, олмонӣ, фаронсавӣ, шведӣ, ҷопонӣ ва забонҳои дигар тарҷума шудааст.

Алпомиш

«Алпомиш»- яке  аз достонҳои қаҳрамонии халқи тоҷик буда, аз корнамоӣ, накўкорӣ ва устувории қаҳрамони асар ҳикоят мекунанд. Муборизаи халқ барои озодӣ, барқарорӣ ва пойдории осоишу адолат ва орзуву омоли инсон дар зиндагӣ ғояи асосии достонро ташкил медиҳад. «Алпомиш»   аз қабили ҳамон достонҳои қаҳрамоние мебошад, ки  мазмуни сайёр доранд. Достон ба ҳамин ном миёни ҳалқҳои узбек, қазоқ, тотор, бошқирд ва қароқалпоқ низ маълум аст. Вале ҳар як халқи номбаршуда варианти хоси «Алпомиш»-ро дошта, ифодагари характер ва зиндагиву рўзгори замони пайдоиши достон маҳсуб меёбад.

Дар натиҷаи  ҷустуҷўҳои  фолклоршиносони Институти забон ва адабиёт ба номи Рўдакии АИ Тоҷикистон солҳои 50-ум аз води Зарафшон, шаҳри  Хуҷанд  ва маҳалҳои тоҷикнишини вилояти Қашқадарёи Узбекистон вариантҳои тоҷикии «Алпомиш»-ро ёфтанд, ки ҷиҳатҳои хос дорад. Ба таъбири  фолклоршиноси тоҷик Р.Амонов «Алпомиш»-и тоҷикӣ аз доираи достонҳои қаҳрамонӣ хориҷ шуда, эҷодиёти анъанавии афсонаҳои   қаҳрамониро дар бар гирифтааст. Мундариҷаи  «Алпомиш»   аз ба ҷустуҷўи Қарахон сафар карда, дар иҷрои шартҳои Барчиной ном шоҳдухтар  корнамоиҳо нишон додани Алпомиш ва  ўро ба занӣ гирифтану Култаи  золимро мағлуб намуда, зан ва хешу таборашро наҷот додани ў иборат аст. Ҷиҳатҳои  хоси «Алпомиш»-и тоҷикӣ дар тасвири образҳо баёни воқеаҳо зоҳир мегарданд.

Гэсэриада

Ин эпоси  қаҳрамониро барҳақ муҳаққиқон  «Илиада»-и Осиёи Марказӣ донистаанд. «Гэсэр»  воқеан достони бузургҳаҷме буда, аз гармиҳои Ганг то хунукиҳои  Амур ва аз Хуанхеи офтобӣ то Ленаи тира паҳн гардидааст. Дар ҳамин қаламрави бузург пайдо  гардидани шахсе муҳол аст, ки аз эпоси оид ба Гэсэр пайдогардида хабар надошта бошад. Халқ дар фосилаи дарози таърихӣ шабҳои дарози зимистонро бо шуниди достон дар бораи қаҳрамони шўҳратёр Гэсэр, ҳамсари зебои ў Рагмо, 30 нафар  паҳлавони ҳамсари ў ва чоплуси хиёнаткор Сатон  мегузарониданд.

    Эпоси   «Гэсэр» ҳаҷман бузург буда, хондани он аз ҷониби гўяндагон ҳафтаҳо давом меёбад. Ақидае роиҷ аст, ки варианти пурраи  тибетии эпос аз 16-ҷилд иборат аст ва ҳар як боби он ҷилдҳои ҷудогона ба ҳисоб меравад. Варианти бурятии он, ки дар ибтидои асри  XX  сабт шудааст аз  20  ё 30  ҳазор шеър иборат аст. Бо ин ҳама вариантнокӣ ва бузургии ҳаҷм то ҳол нусхаи ниҳонии он барқарор ё сабт нагардида, дар даҳони халқ аст ва дар инкишоф қарор дорад.

    Олимони муҳаққиқ ҷанбаи воқеии эпосро нисбат ба хусуияти фантастики он пурзўртар  донистаанд. Зеро дар он даҳҳо шоҳон ва шаҳрҳои Осиё, ки аксаран дар таърих сабт ёфтаанд, номи шоҳон ва қаҳрамонон, садҳо номҳои шахсиятҳои таърихӣ ва номҳои ҷуғрофӣ сабт шудаанд.

     Қаҳрамони эпос  Гэсэрхон аз нигоҳи олимон шахсияти таърихӣ буда, дар шимолу шарқии Тибет дар асри XI зиндагӣ намудааст ва достон дар бораи ў низ дар замони зиндагии ў аз ҷониби шоир Чойбэбо таълиф гардидааст, аммо  маъруфият ва шаклгирии эпосро ба асарҳои XVI-XVII мансуб донистаанд. Қиссаи  қаҳрамонии Гэсэхон аз аср ба аср гузашта, дар бораи шахсияти ў фарзияҳои гуногун пайдо  шудааст. Ўро ифодагари орзуи халқ оид ба шоҳи одил ва мамлакати раиятпарвар донистаанд. Гурўҳе дар ақидаанд, ки Гэсэр ин худои  хитоиҳо (худои ҷанг) Гуан Ди аст, дигарон гумон доранд, ки Гэсэр ин Искандари Мақдунӣ аст ва боз иддае  ўро ба Чингизхон мушобеҳ донистаанд. Аммо дар охир ҳамон ақида эътироф гардид, ки Гэсэрхон шахсияти таърихие аст, ки барои озодӣ, ҳақиқат ва адолат пайкор намуда, корнамоиҳояш тавассути гўяндагони халқӣ дар қолаби эпоси қаҳрамонӣ боқӣ мондааст.

Манбаъ: Донишномаи озод; “Адабиёти ҷаҳон” барои синфҳои 10-11. Муаллифон: М.Зайниддинов, А. Худойдодов. Душанбе, 2001

Таҳияи Фирӯза Раҳимова, мутахассиси пешбари шуъбаи кўдакон ва наврасон.