Хонандагони навраси Китобхонаи миллӣ бахшида ба Рӯзи модар матни табрикӣ навиштанд. Бо чанд ҷумла самимияти худро нисбат ба модарони худ иброз доштанд. Ин чорабинӣ рӯзи гузашта дар толори хониши кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ доир шуд.
Бачаҳо дар аввал дар бораи модар шеърхонӣ карданд, қиссаҳо нақл карданд ва сипас бо супориши мураббӣ ва раҳнамоии вай як матни табрикӣ барои модари худ навиштанд ва онро дохили лифофа ҷо карданд, то рӯзи ид ба модарони худ тақдим кунанд.
Матни навиштаи онҳо бо лаҳни кӯдакии худ содаву равону самимӣ буд. Яке аз онҳо аз ҷумла менавишт: “Модарҷони азаз, Шуморо бо рўзи Модарон табрик гуфта, бароятон умри дароз, саломатӣ ва хурсандиҳо хоҳонам. Шумо барои ман зеботарин зани дунё, қиматтарин гавҳар ва пурмеҳртарин инсон мебошед. Бо эҳтиром писаратон Баҳромҷон!”
Рӯзи модарро мо ҳам ба модарони хонандагони навраси худ муборакбод мегӯем.
Аё модар, бимирам дар нафасҳот,
Ки дунё бо дуоҳои ту боқист.
Намирад ҳеҷ гаҳ дунё зи офат,
Дар ин дунё чу дунёи ту боқист!
Замира Давлатова