Нилуфар Воҳидова: Ҳар чизе аз ганҷи дунё дорам, хотираҳо аз модаркалонам аст
Суҳбат бо Нилуфар – набераи шоираи баноми тоҷик марҳум Норинисо Алимуҳаммадова шояд шабеҳи як суҳбати сарироҳӣ бошад, ки тасодуфӣ сурат гирифт. Ташаббускори суҳбат ҳам Нилуфар буд, ки шояд хоста ё нохоста аз аввалин таассуроташ баъди дурии басо кутоҳ аз пойтахт таваҷҷуҳамро ба худ кашид. Гуфт, ки гӯё ба Душанбе меҳмон шудаму аз зебогии он ба ваҷд омадам ва дар як вақт ошуфтаҳол гардидам, ки дигар наметавонам чун пештара бо модаркалонам дар хиёбонҳои он қадам зада, аз суҳбатҳои чандинсоатаи пур аз ҳикматашон баҳравар гардам.
Ҳисс кардам, ки гуфтаниҳое дорад ва шояд эҳсос намуд, ки нақл дар бораи модаркалонаш барои ман низ мароқангез аст. Нахостам риштаи ин суҳбат бурида шавад ва суол кардам: Чаро?
- Зеро 19-уми марти соли 2018 сутуни авлодамон, онеро, ки тавонист ҳамаи буду набуду вуҷудашро баҳри фардои сарбаланду некномии фарзандону наберагонаш бахшад, аз олам чашм пӯшид. Ҳамагӣ бештар аз як сол сипарӣ шудааст аз он рӯз, вале гумон мекунам ҳоло ҳам дар ҳар гирудори зиндагӣ ҳамеша модаркалонам пеши назар меоянд. Ва ҳисс мекунам, ки ҳамоно бароям чароғи раҳнамоянд ва ба роҳи дурусте, ки саодати зиндагӣ ҳам он ҷост, ҳидоят мекунанд. Ва худам ҳам намедонам ин эҳсос аз куҷо сарчашма мегирад, гумон мекунам решаи он дар кӯдакиҳои ман аст.
- Хеле ҷолиб аст, ки решаҳои иртиботҳои рӯҳиро меҷӯӣ, Нилуфар. Намехоҳам ҳоло мавзуъи суҳбатро дигар кунӣ. Бигӯ аз он овони кӯдакӣ бо модаркалон чӣ ёдат мондааст?
- Ман ҳамеша таътили тобистонаро бесаброна мунтазир мешудам, зеро медонистам, ки дар пойтахт маро модаркалонам чашминтизор ҳастанд. Се моҳи таътил ба 4, ҳатто 5 моҳ тӯл мекашид. Боз бо тайёрии том ба Хуҷанд баргашта, имтиҳонҳои чоряки аввалро бо баҳои аъло месупоридам. Модаркалонам китобҳои нодире доштанд, ба монанди «Детская Энсиклопедия» дар 12 қисм, ки бо хондани онҳо ба ҳеч ваҷҳ аз хонишу донишандӯзӣ дур намемондам. Модаркалонам худ донишномаи зиндаро мемонданд, ки метавонистанд дар мавзӯҳои гуногун суҳбат кунанд ва бидуни хастагӣ соатҳо ба суолҳои ман посух бидиҳанд. Ва ёдам ҳаст, ки ҳар рӯзи чоршанбе ҳатман ба ГЖК (Маҷтамаи рӯзномаву маҷаллаҳо) мерафтем, он рӯз ҳамаи нашрияҳо чоп мешуданд. Рӯзномаи «Аладдин», ки ман мухлисаш будам, дар ошёнаи аввал чоп мешуд. Ҳатман аввал ба ҳамон утоқ даромада, ба ман як шумораашро гирифта медоданд. Худро хушбахттарин меҳисобидам, зеро “Алладин” ба Хуҷанд рӯзи панҷшанбе мерасид, ман бошам аллакай шумораи навашро дар даст дораму метавонам ҷавоби сканворду кроссвордҳояшро яке аз аввалинҳо шуда ёбам.
Ба бозор ҳамроҳ мерафтем, бисёр сарфакору эҳтиёткор буданд. Дар яке аз чунин лаҳзаҳо вақти аз бозор баромадан, ба машомам бӯйи ҷуворимаккаи обпаз расид. Чун онро хеле дӯст медорам, ба модаркалонам нигоҳ кардам, лекин чизе нагуфтам. Хоҳишамро пай бурда, ба назди духтараки фурӯшанда рафтанду якеашро интихоб намуда, ба ман харида доданд. Аз ин лаҳзае, ки ҳеч гоҳ фаромӯшаш нахоҳам кард, мумкин аст 20 сол ҳам гузашта бошад. 20 сол муқаддам сифати маҳсулот он гунае, ки имрӯз ҳаст, олӣ набуд. Харчанд ҳоло ҷуворимаккаҳоро ба тарзи гуногуну хуштаъм пешкаши харидорон менамоянд, лек ба ҳамон маззаю ҳамон бӯйи дилкаши ҷуворимаккаи безеби 5 дирамаи модаркалонам харида, дилам гум мезанаду хумораш мегирад. Ба нафароне, ки онро мефурӯшанд, бо дили кашол нигоҳ мекунаму ҳамон саҳна аз пеши чашмонам мегузарад.
Дар донишгоҳ, алалхусус баъди оиладор шудан, баъзан мешуд, ки бе тайёрии дилхоҳ ба имтиҳон меомадам. Чун ҳамкурсон аз омодагиам пурсон мешуданд, иқрор мегаштам, ки омодагиам ба дилам нест. Лек вақти имтиҳонсупории ман ҳама аз ҳайронӣ лаб во менамуданд, охир ин тайёр набуд-ку мегуфтанд. Бо баҳои аъло ба ҷоям нишинам, аз "сиррам" пурсон мегаштанд. Чӣ бояд ба онҳо аз “сирри” набуда мегуфтам. Ҳоло ҳам гумон мекунам, ки ба муаллим лаҳни гуфтори ман хуш меомад, чун ман бо лафзи шевою гуворои забони модариамон, забони адабӣ чавоб додам, на бо лафзи таҳҷоӣ. Бо ҳамон лафзе, ки дар оилаи мо маъмул гаштаасту онро ба ман модаркалону китобҳое, ки аз китобхонааш гирифта мехондам, омӯхтаанд...
Нилуфар лаҳзае хомӯш монд ва ман ҳоло ҳам намехостам мавзуъи суҳбат дигар шавад ва гуфтам: Бале, ин лаҳзаҳое, ки ёд овардӣ, ширинанд ва шунидани он хеле ҳам гуворост. Мехостам идома бидиҳӣ. Ҳоло суоле сарам намечархад.
- Вақти ҳамин ҳоло ки ба Душанбе омадем, ба хонаи пешинаашон, ки дар кӯчаи Н. Қарабоев ҷойгир аст, рафтем, бо ҳамроҳии ҳамсояҳо - апаи Бибисорову апаи Марям нишастем. Оилаи чавон онро ба иҷора гирифтааст. Ҳоло надаромада ончунон борони гиря ба сарамон фуру рехт ки...Бо иҷозати иҷорашинон ба хона даромада, дуову фотиҳа намудем. Аз ҳар як гӯшаяку канораки хона бӯйи модаркалонамро ҷустем...Хона таъмир шудааст, ҳусни дигар гирифтааст, Вале он нуру он ҳусну он гармии пешинаро модаркалонам бо бо худ бурданд... Ба меҳмонхона даромадем, ҳамон гулкоғазҳо, ҳамон қандил, ҳамон ҷевони калони дарозе, ки ман ба болояш ҷаҳидаву ба танаш часпида китоб мегирифтам...Ҳамагӣ дар назди он гирякунон расм гирифтем. Беҳуда намегӯянд, хона не, мона. Хона мемонад, боз чанд нафару чандин насл дар он тавлид шуда, ба воя мерасад, мераванду меоянд...Лек рафтани Бонуи ширингуфтори ин макон – Норинисо басо ҷоншикану тоқатнопазир аст. Мегуянд, дардро вакт аз байн мебарад, ҳаргиз! Бо гузашти вақт дард тозатар шуда, аз талафоти бузургу бедармон дарак медиҳад. Камина, ки бо модаркалонам бисёр мезистаму муносибатамон ҳамчун дугонаҳои ҷонӣ озоду гарму самимӣ буд, ин дардро ҳар соату ҳар лаҳза эхсос мекунам.
Кӯшиш менамуданд, ки ҳамроҳашон ба наворгирии барномаҳо баранд, бо рӯзноманигорон ҳамсуҳбатам мекарданд ва бо фахр мегуфтанд, ки Нилуфари ман ин карат олимпиадаро ғолиб омад, акнун соҳиби ҳамин миқдор диплому дигар миқдор ифтихорнома гардид. Ҳама аз ман суол мекарданд, ки бо роҳи модаркалонат меравӣ? Шоира мешавӣ?
Ҳанӯз вақти дар синфҳои поёнӣ таҳсил намуданам, 2-3 шеър навиштам, лекин бо гузашти вакт ҳис намудам, ки аз назм дида, ҷозиба ба наср бароям бештар аст. Итоат намудам... Хондану шунидани шеърро мепарастаму эҷод кардани насрро...
Рафтани падар – сутуни хонадон
- Ту бештар аз Душанбе гуфтӣ. Шумо-ку дар Хуҷанд мезистед. Чӣ ёдҳое аз ин зиндагонӣ дорӣ?
- Оре, аммо медонед, хотираҳои Душанбе бароям ҷонсӯзтаранд. Ҳоло ҳам гумон мекунам беҳтарин рӯзгори ман ҳамон лаҳзаҳое буд, ки назди модаркалонам будам. Ҳам ғусса ва ҳам шодии ҷавонии ман ба Душанбе иртибот дорад. Афсӯс, зиндагӣ "туҳфаҳое" доштааст, ки ғайричашмдошт ва ба зудӣ ба амал меоянд. Моҳи ноябр падарам бемор шуданд. Зумрае аз табибон аз асаб мегуфтанду зумрае аз хушк шудани гурдаҳо...То қадри имкон табобаташон намуда, ба хона овардем. Аммо маълум буд, ки дорую дармон ягон зарра фоида накард. Охири моҳи декабр бояд модаркалонамро аз сафари Ҳаҷ пешвоз мегирифтем. Барои ин, чун дар хонаашон таъмир рафта истода буд, ману модарам мебоист рафта, рубучин кунему хонаро ба пешвози модаркалонаму меҳмонон омода созем. Лек аҳволи падарамро дида ҳайрон мондем, аз як тараф, модарбузургро аз сафари Ҳаҷ пешвоз гирифтан, аз дигар тараф падари беморро бонӣ кардан...Вазъияти басо мушкил ва пурдард...Маслиҳат намудем, ки модарам Душанбе мераванд, ман ҳамроҳи падарам мемонам. Лекин падарам ҳеч розӣ нашуданд.
-Диловар-шаҳписари падар, калон шудааст, ҳамроҳаш хонаи модарам рафта меистем, шумоён равед, дукаса тезтар ҳама корҳоро ба анҷом мерасонед ва ба зудӣ бармегардед.
Мо бовар кардем, ки ҳолашон беҳ шудааст ва ба сафар омодагӣ дидем. Надонистем, ки ин дидор охирин дидор будааст...Шаби соли нав бемориашон хуруҷ кард. Аммаам бо писару шавҳараш ба беморхонаи шаҳрӣ мебаранд, ки аз сабаби сулфиданашон муоина нокарда, ин кас бемори мо не, ба беморхонаи сил баред, - гуён аз кабулгоҳ онҳоро гусел мекунанд. Гумонам таҷлили Соли наву айшу нӯш барои ин зумра духтурон болотар аз он буд, ки бемореро муоина кунанд.
Ҳамагӣ ба гапи эшон бовар намуда, роҳ сӯи деҳаи Деҳмой пеш гирифтанд. Соли 2007 он роҳҳо мумфарш неву каҷу килебу ноҳамвор буданд, бинобар он, то рафта расидан ҳоли падарам беш аз пеш бад гардид. Ба беморхона расида, аз муоина гузарониданд, ки духтурон бо ҳайрат гуфтанд:
- О, ин бечораро ин кадар азоб дода, чаро назди мо овардед? Охир ин кас бемори мо нестанд. Касалиҳои шушу сил надоранд!
Лек аз куввату мадори падарам чизе намонда буд...Додарам Диловар, ки он вақт ҳамагӣ 13 сол дошт, духтуронро гиряву нолакунон илтиҷо кард, ки сӯзандору ё ягон дармоне биёбанд, то падарамонро шифо бахшад. Онҳо ноилоҷ аз гарданашон сӯзандору гузарониданд, ки ҳамон хам корае накард... 1-уми январ, пас аз кашидани дарду ранҷҳои ҷонкоҳ падарам моро абадан гузошта рафтанд...
Ҳеч гоҳ фаромӯш нахоҳам кард. Мо ҳамроҳи холаам Дилафрӯз ва бибиотун баҳри хондани мушкилкушо ба хонаашон рафтем. Даст бар дуо бардошта, барои падарам аз Худованди мутаол шифои комил талабидем. Ба хонаи модаркалонам баргашта бинам, ки аҳли оила ҳама аз ман чашмонашонро мегурезонанду ба якдигар нигоҳ мекунанд. Касе ҷуръат намекард ҳарфе бигуяд. Ниҳоят, модаркалонам, ки бо меҳмонҳои барои зиёрати хоҷиомада дар меҳмонхона буданд, маро назди худ хонданд...Аз болои худашон хатто шинониданд. Хеле дар ҳайрат афтодам, чизеро пай набурдам.
-Нилуфар, духтарам, ин ҷо шин... Падарат бисёр азият кашиданд, ниҳоят, Аллоҳи бузург дардашонро осон намуд. Дигар Зокирҷон бо мо нестанд...
Ба шунидаам бовар кардан намехостам, мегиристаму мегиристаму мегиристам. Бо гиряву фиғон шаб саҳар шуд. Чун рӯзи 1- уми январ парвозҳо нестанд, субҳи солеҳони 2-уми январ ба фурудгоҳ рафтем. Гӯё замин кафидаву одам рӯида буд. Ба самти Хуҷанд ҳама билетҳо кайҳо фурӯхта шуда буданд. Бо таку даву сарсониҳои зиёд, тағоям тавонистанд бо парвози аввал модарамро гуселонанд. Ҳамин қадар зориву илтиҷо намудем, ки маро ҳам ҷой кунанд, ақаллан бо касе билет иваз кунем, вале ягон кас розӣ нашуд. Алалхусус, ҷавоби як мард моро бе заҳр кушт:
-Хайр, мурда бошад манба чӣ, ҳама мемурад. Аз ҳамин сабаб ман бояд бо рейси дигар равам? Хисобатонро аз дигар ҷой ёбед...
Модарам париданд. Ман парвози ҳавопаймои худамро бо ашки шашкатор интизор нишастам. Ниҳоят, ман низ ба хона расидам, хонае, ки бе падарам нур надошт, сурур надошт, он акнун ба мотамхонаву ғамхона мубаддал гашта буд. Чун падарамро аллакай ба хонаи охират омода карда буданд, иҷозатам доданд, ки бори охирин ӯро бубинам. Руяшонро надидам, бӯяшонро нашамидам, ҳама печонида шуда буд. Танҳо пойхояшонро молидаму бусидам... Маъракаи калони шаби 3-юм ба зодрӯзам-5-уми январ рост омад...Аз дидани гиряҳову нолаҳои бибиам диламон реш мешуд. Охир, бечора, аллакай 5-ум фарзандашро аз даст дод. Лек худро мардонавор ба даст мегирифт, моро тасаллӣ медод. 26-уми ноябри соли 2010 худ низ аз паси чигарбандонаш ба сафари бебозгашт рафт...
Бибиам Қумринисо Воҳидова мураббии дараҷаи олӣ буд, дар боғчаи бачагона сарфи умр намуд. Антуан де Сент-Экзюпери гуфтааст: Тарбия аз дониш болотар меистад, зеро инсони комил маҳз аз тарбия ташаккул меёбад. Бинобар ин, ду бузургзанони авлодамон - яке бибиам Қумринисо ва дигар модаркалонам Норинисо, ҳамаи кӯшишу ғайрату донишашонро баҳри тарбияву ташаккули дурусти мо равона сохтанд.
Ду зиндагӣ: Хуҷанд ва Тула
- Хеле ёдҳои ҷигарсӯз. Аз Диловар ёд кардӣ ва мехостам бештар дар бораи ӯ донам. Куҷост ӯ ва чӣ мекунад?
- Бале, Диловари як замон хурдакак, аллакай 25 солро пур кард, устои калони мошин, соҳиби касбу кор, хонаву дар, обруву иззат гаштааст. Хис мекунем, ки дуои падарамон хамеша роҳнамои кораш аст, зеро ҳунари аз худ намудаашро аз падарам ба мерос гирифтааст. Дар ёд дорам, ҳамаги 5 сол дошту ҳамроҳи падарам ба кор мерафт, - дадоҷон, ин чӣ? Ана инашро чи хел таъмир мекунем?-гуён мепурсид. Аз ҳамон айём аллакай маълум буд, ишки касби устогӣ дар дилаш сахт ҷойгир шудаасту давомдиҳандаи арзандаи кори падар мегардад. Зиёда аз панҷ сол муқаддам бо хоҳиши худаш ба шахри Тӯлаи Федератсияи Русия рафта, он ҷо шомили Донишгоҳи давлатии Тула, факултаи муносибатҳои байналхалкӣ шуд. Дар аввал хеле азоб кашид, барои пули хонишро пардохтан шабу рӯз кор мекард. Русиро, ки ба дараҷаи аъло медонист, ба зуди мизоҷ пайдо намуда, бо меҳнати ҳалолаш нуқтаи хизматрасонии техникӣ кушод ва дар Тула муқимӣ гашт. Мизоҷонаш тариқи номнависӣ пешакӣ автомашинаашонро баҳри таъмир наздаш меоранд. Лекин то ҳол муҷаррад аст, то ба поям рост наистам, оиладор намешавам, мегуфт, акнун омода асту духтараки дилхох рӯ ба рӯ нашуда истодааст. Шеърхону шеърдӯст аст. Эҷодиёташ ҷолибу дилрасанд. Ба офаридаҳояш оҳанг баста, ба рэп табдилашон медиҳад. Аллакай ғолиби чандин озмунҳои рэпсароёни Тоҷикистон ва Федератсияи Русия гаштааст. Чун худаш овони хурдиаш мегуфт, набераи “шория” аст охир.
Мо - ману модараму писарчаам Фурӯзон ҳар сол баъди ғунучини ҳосили заминамон наздаш меравем ва соли навро ҳатман ҳамроҳ қайд мекунем. Вақти кишту кор, ки сар шуд, ба Хуҷанд бармегардем. Ҳавлию замини хуби ҳосилхез ва дарахтони гуногуни мевадиҳанда дорем, ки дар вақташ омада аз паяш нашавем, намешавад. Ҳамаи намуди сабзавоту зироати дилхоҳро корида, баҳору тобистону тирамоҳ бо деҳқонӣ машғул мешавем. Рӯзи 10-уми моҳи октябри соли 2017 низ чун ҳарвақта ба сафар омода шудему барои хайрухӯш ва дуогирӣ назди модаркалонам рафтем.
...Ончуноне, ки модар тифли кӯчакашро бори аввал бо дили реш ба боғча монда меравад, мо низ ғарқи ҳамин гуна ҳиссиёт аз хонаашон берун шудем. - Отакавон (очакалон), шумо сиҳат шавед, боз бе мо зиқ намонед, мо тез бармегардем, - бо лаҳни ширини ба худ хос афзуд Фурӯзони хурдакак... Аз ҳоли модаркалонам зуд-зуд хабар гирифта меистодем. Гоҳ тариқи алоқаи телефонию гоҳ бо воситаи вайберу ватсап якдигарро медидем.
”... Маро бо дардҳоям зери хоки сард гӯронед...”
Бо ҳамин, баҳори нозанин фаро расид, фасле, ки модаркалонам хеле дӯсташ медоштанд. Пайғом аз бедоршавии табиат, мужда аз ғолибият бар сардиҳову тундиҳои зимистон ба инсоният расонд. Баҳори табиат, баҳори умр, баҳори зиндагӣ бо оғӯши кушода ба хонахои мардум, ба калби онон бо меҳру сеҳру гармии оташбор ворид гашт. Аз хоби гарон бедорашон намуд.
Гар нагирад ҷони мо Парвардигор,
Аз баҳорон то баҳорон зиндаем,
гуфтани модаркалонамро ҳамеша ба ёд меорам. Фасле, ки бесаброна интизораш мешуданд, фасле, ки барояшон руҳу илҳоми тоза мебахшид, фасле, ки дилашонро ба зиндагӣ дубора дилгарм месохт, дар 19-умин рӯзи вурудаш боз як бузургеро бо исми Норинисо ба хоби абадӣ гусел намуд...
- Хотироти дидорҳои охир ҳамеша дилфигоранд. Дарк мекунам. Вале мехостам аз он ҳам ҳикоят кунӣ...
- Оре, хеле лаҳзаҳои ҳассосе буданд. Ва боз ҳам бароям як хотираи талхе. Ману модарам бо ҳам маслиҳат намуда будем, ки то рӯзи мавлудашон - 25 -уми март бо дастагули дӯстдоштаашон гули садбарг ба Хуҷанд расем. Занги телефонӣ аз зодгоҳ ин тараддудҳои фикрии нишотбахши моро дар як они воҳид барбод дод. -Дилбарбуча, холати аммаам ба якборагӣ бад шуд, якмаром "Дил", "Дил", "калонӣ", гуфта истодаанд. Ба рохи шумо чашминтизоранд. То қадри имкон зудтар расида оед, - гуфт аз он тарафи гӯшӣ овози духтартағои модарам-апаи Маҳбуба. Ҳарфе ҷавоб дода натавонистем, аз хабари ногаҳонию тарси ҷудоӣ аз фариштае бо номи Модар забонамонро лол кард.
- Пагоҳ дар ин ҷо интихоботи президент баргузор мешавад, бинобар он, саҳарӣ солеҳон ба Маскав равона мешавему аз он ҷо бо тайёра ба самти Хуҷанд парвоз мекунем, насиб бошад, пагоҳ ҳамин вақт аллакай рафта мерасем, -гуён модарам ҳоло гӯширо намонда, бо дастони ларзону чашмони пурнам аз паси ҷамъоварии либос гардиданд...Саҳари барвакт ба фурудгоҳи Жуковский расидем. Билет харидаву аз расмиёти сабти ном гузашта, эълони нишастан ба тайёраро интизор шудем. Соатхо сипарӣ гардиданд, самтҳои гуногун паси ҳам таъхир шуданд. Коргарони фурудгоҳ сабаби таъхирро аввал нагуфтанд, баъди оне, ки мардум беқарор шуда, шуру мағалу ҷанчолашон такрор шудан гирифт, иқрор гаштанд, ки то ба поён расидани интихобот хатсайрхо ба самтҳои гуногун муваққатан боздошт шудаанд...
Модаркалонам, ки беист модарамро мепурсиданд, апаи Маҳбуба маҷбур шудаанд, то бигӯянд, ки 18-уми март дар Федератсияи Русия интихоботи президент аст, ҳамин ки гузашт, Дилбарашон ҳатман расида меоянд, хавотир нашаванд. Шояд тасодуф бошад, шояд дили бузурги модари чашминтизор бо умеди дидани рӯи ҷигарбандаш буд, ки 19-умин рӯзи моҳи март фаро расиду қалби модари ба дидори "Дил"-и худ норасида, аз тапидан абадан бозмонд.
Пас аз сарсониҳову саргардониҳои зиёд то ба Хуҷанд расидем, ки ҷисми зебову нозуку оҷизи модари нозанини мо аллакай зери хок буд...”Маро бо дардҳоям зери хоки сард гуронед...” гуфтаанд ва бо ҳамин дардҳо рафтанд ба хонаи охират...
- Воқеан ҳам хеле дардовар аст, вақте инсон натавонад бо азизи дилаш ҳарфи охир бигӯяд ё ҳарфи охирашро бишнавад ва ё лаҳзаи вопасин бо ӯ бошад...
- Оре. Медонед, шабонгаҳон бо Парвардигор роз мегӯям ва дар ниёишҳоям аз Холиқам мепурсам: "Худоё! Ин чӣ имтиҳон ё озмоиш аст, ки бо ду тан азизтаринонам ман хайрбод нагуфтам, дастонашонро бори охир набӯсидам, агар заррае ҳам дилашонро озурда бошам, узр напурсидам, ба лабони хушкидаи аз дарду ранҷ ларзонашон об начакконидам. Шояд гуфтаниҳое доштанд. Ё шояд Худоҷони бузург медонист, ки агар хости ман мешуд, аз дидани рафтани пораҳои қалбу ҷигарам девона мешавам. Зеро пас аз мотами падар сахт бемор шудаму то ҳол аз овози баланду алалхусус, мотамҳои нав диламро ваҳму тарс пахш мекунад. Акнун ҳам ҳис ва ҳам тасаввур мекунам, ки чи кадар модаркалонам маро интизор шуда бошанд. Бале, маҳз маро. Моро натанҳо решапайванди наздики хешовандӣ, балки меҳру садоқату бовариву ғамхориву дардошнои мепайваст. Мо дугона будем, бале, дугонаҳои ҷонӣ...
Бале, яқин медонам, ки маро интизор буданд. Зеро 24-уми сентябри соли 2009 ҳеч гоҳ аз хотирам намеравад. Дар беморхона модарбузургамро ба ҷарроҳӣ омода намуда истодаанд. Рӯи ҳавлии табобатгоҳ аз хешовандонамон пур. Ҳамширагони шафқат наздиконеро, ки дар утоқи модаркалонам буданд, ба берун хонданд, то ки онҳо тавонанд ӯро дар муҳити ором руҳан ба ҷарроҳӣ тайёр кунанд. Танҳо зани тағоям-янгаам Майсара ҳамроҳаш монд, то либосҳояшро иваз намояду каме дар наздаш биншинад. Лек лаҳзае чанд янгаам берун баромада, маро назди худ хонд:
-Нилучон, холаам хоҳиш дорад, ки ту наздаш дароиву то ба ҳуҷраи ҷарроҳӣ бурданашон ҳамроҳашон бошӣ.
Даромадам? На! Паридам! Либосҳояшонро иваз кардам, сару пушту дастонашонро бо меҳру сеҳру дилгармии хос молидам, ҳамчунон ки дӯст медошт. Рӯймолашонро ба сарашон бастам, гӯиё ба сари тифли хурдакаки ниёзманд ба навозишу ғамхориву меҳрубонӣ...
То ба ин ҷо дигар суоле надоштам. Нилуфар ҳарчизе аз муҳаббати модарбузург дар қалбаш дошт, берун овард. Он чизе нагуфт, шояд ба дигарон ҳам нагӯяд. Дар ҳаёт лаҳзаҳое, ҳолатҳое иттифоқ меуфтанд, ки “асрор” номида мешаванд ва кам касон бояд аз он асрор огоҳ бошанд. Дар ҳоле ки ин суҳбат барои ҳамагон аст...
Суҳбати Бобоҷон Шафеъ.
Бо иловаву тағйирот бозчоп аз "Фараж".