Чунин ном дорад китоби ашъори Мирзоҷамол, ки ахиран дар шаҳри Душанбе интишор ёфт. Дар муаррифии он мехонем: “Китоби "Дар ҳарими моҳтоб"-и шоир Мирзоҷамол мавзӯъҳои гуногунро дар бар гирифта, аз ғазалу қитъа, манзумаву рубоиву дубайтӣ иборат аст. Сароҳати сухану табъи равони шоир китобро хонданӣ кардааст. Он туҳфаи хубест барои аҳли завқ ва хонандагону мухлисони шеъри рӯз”
Китоби мазкур бо ду ҳуруф: крилӣ ва форсӣ чоп шуда ва ин чанд абёт барои хонандагони сомона интихоб шуд:
Дил сӯи Туст
Гар ба дарё дида бандам, рӯи дарё рӯи Туст,
Домани саҳро чу гирам, кӯи саҳро кӯи Туст.
Атри гесӯи гул аз боди сабо ҷустам, ки он,
Баҳрае аз накҳати он анбари гесӯи Туст.
Нимашаб дорад дилам дар хилвате розу ниёз,
Маҳраме ҷуз Ту надорад, сӯи дилҳо сӯи Туст.
Синаҳо равшан шавад аз сураҳои поки Ту,
Дидаҳо гулшан зи тоқи он хати абрӯи Туст.
Шуълае афкан, ки сӯзад ҷони ман чун санги Тур,
Гар сияҳ гардам, чӣ фахре, к-он ба ранги мӯи Туст.
Аҷри муштоқон муяссар бошадат рӯзе, Ҷамол,
Бар биҳиште ҳоҷатам н-ояд чу бинам рӯи Дӯст.
Паргори тақдир
Мекашад паргори тақдир ин ҳаёти бандаро,
Мерасонад сар ба охир тору пуди кандаро.
Чархи даввори фалак монанди чархи осиё,
Майда месозад ба давре донаи афкандаро.
Бар хатову бар гунаҳ олудагонро чора чист?
Гиря мебояд, ки бардорад ҳавои хандаро.
Ҷома дар роҳи риё пӯшидагонро бингаред,
Месазад боре, ки пӯшад ҷомаҳои ҷандаро.
Тӯшаи роҳи саодат кори хайре кардан аст,
Гул шукуфад, тоза месозад ҳавои гандаро.
Бар хати паргораму раҳ сӯи ӯ дорам, Ҷамол,
Шояд аз васлаш биёбам давлати пояндаро.
Хато
Тавба кардам аз гуноҳу боз исён мекунам,
Хотири осудаамро худ парешон мекунам.
Огаҳам аз котибони дафтари аъмоли хеш,
Худ ҳамедонам чунону боз исён мекунам.
Аз хатои кардаам дил мешавад сарду сиёҳ,
Осиям ин ки халал дар кори имон мекунам.
Дар иродат ман заифу дар ибодат хастадил,
Гар ҷафое бар ман ояд, дида гирён мекунам.
Гар муроди ман нагардад ҳосил аз рӯи яқин,
Сад шикоят аз қазову амри Яздон мекунам.
Банда аз ҷурму гуноҳи кардаам шармандаям,
К-аз хиҷолат сар фурӯ бар сӯи домон мекунам
Шуъла мегӯяд ба шамъи ҷони ман “ло тақнату”,
Хонаи уммеди дилро ман чароғон мекунам.
Оби дарёи карамро интиҳо набвад, Ҷамол,
То нафас бошад маро дил сӯи ҷонон мекунам.
Наът
Мерасад рӯзе ба фармони Худо,
Меравад ҷонам аз ин дори фано,
Аҳли ман бар хоки сардам мениҳанд,
Тан ба хоку ҷони ман аз тан ҷудо.
Эй Худованди карими бениёз,
Раҳмате аз даргаҳат дорам ниёз.
Кандани ҷон аз танам осон бикун,
Чун надорам тоқати сӯзи дароз.
Бар вафотам гиряву зорӣ кунанд,
Сели ашк аз дидаҳо ҷорӣ кунанд.
Рую мӯ кандан чӣ ҳоҷат, беҳ аз ин
Як дуо бар даргаҳи Борӣ кунанд.
Мурда бар гиря надорад эҳтиёҷ
Гиря руҳро менамояд инзиъоҷ. 1
Ашки ғам оҳиста боридан бас аст,
Дар фиғону нолаҳо набвад илоҷ.
Руҳи аз тан рафтаи бесарпаноҳ,
Зору ҳайрон мондаи пур аз гуноҳ,
Кас набинад, нашнавад овози ту,
Вой бар ҳоле, ки мегардад табоҳ.
Чун гузорандам дар он зору ҳақир
Пайкари афсурдаам хору залил.
Баски сарду тангу тор аст ин макон,
Буда яксон баҳри шоҳу ҳам фақир.
Ду малак онгаҳ маро пурсон шаванд,
Дар пайи иҷрои як фармон шаванд.
Он чӣ ояд дар забон гӯям, вале,
Ҳоли зорам дидаву ҳайрон шаванд.
Эй Худоё, холиқи ҳар ду ҷаҳон,
Корсози мушкили мо бандагон.
Пурсиши он ду малак осон бикун,
Даст гирам, ки нагирад ин забон
Бандаатро лутфу эҳсон мекунӣ,
Низ бикун бар ман, ки бар он мекунӣ.
Хонаи ман зери хок равшан бикун,
К-ин карам аз баҳри меҳмон мекунӣ.
Ҳар чӣ кардам аз дурусту нодуруст,
Дафтари аъмоли ман дар дасти Туст.
Неку бадро санҷиши мизон кунӣ,
Қӯ
Қӯ ба рӯи обу шаб маҳтоб аст,
Ахтаре афтода рӯи об аст.
Қӯ ба зери пой кард истораро
Чун ба тухме шиштаю дар хоб аст.
Дунё
Як лаҳза гул шукуфт, як лаҳза шуд хазон.
Мавсим баҳона буд чун рафт аз миён.
Дар дида ҳар чӣ ҳаст такрор мешавад,
Ҷуз ин куҳанработ, дунёст номи он.