Китобҳои тозавуруд: “Фарҳанги забони тоҷикӣ ва дурнамои фарҳангнигорӣ дар Тоҷикистон”
Нашр шуд 2019-10-25 11:55
Маҷмўаи мақолаҳо ва матнҳо ба ифтихори 50 - солагии «Фарҳанги забони тоҷикӣ», ки зери назари академик Фарҳод Раҳимӣ чоп шудааст. Муҳаррири китоб академик Носирҷон Салимӣ, мураттибон Сайфиддин Назарзода ва Шамсиддин Муҳаммадӣ
Маҷмўа мақолаҳоеро фаро мегирад, ки ба таҳлилу баррасии масъалаҳои мақоми «фарҳанги забони тоҷикӣ»дар ҷомеаи фарҳангии тоҷикон, нақши он дар ташаккули фарҳангнигории тоҷикӣ, ҷойгоҳи он дар пешрафти забону адабиёти тоҷик дар робита ба 50- солагии ин асари муҳим ихтисос ёфтааст.
Бахши дигари маҷмўа аз сарсухани фарҳангҳои тафсирӣ чун дастурамал барои фарҳангнигорон таҳия шудааст. Ҳадаф аз ин ибтикор он аст, ки тарзи таҳияи мавод барои фарҳангҳои тафсирӣ ва дастури нигориши фарҳангномаҳо роҳҳои тавзеҳи вожаҳои мадхал ва пайкараи роёнаи вожагони забон нишон дода шавад.
Ин китоб ба тозагӣ ба Китобхонаи миллӣ ворид шуд ва ҳоло барои кулли хоннадагон дастрас шудааст.
Моҳира Муродова