Ҷавонон ва варзиш
Нашр шуд 2019-10-11 15:02
“Ҳукумати мамлакат варзишро ҳамчун яке аз самтҳои асосии сиёсати иҷтимоии давлат эътироф намуда, барои пешрафти он, ҷалби васеи сокинони кишвар бо мақсади оммавигардонии варзиш, солимгардонӣ ва тарбияи ҷисму рӯҳи солим тадбирҳои муассирро амалӣ мегардонад”. Эмомалӣ Раҳмон
Имрӯзҳо зери сиёсати варзишпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон варзиш дар кишвари мо ба таври назаррас оммавӣ шуда истодааст. Пешвои миллат солҳои охир иқдомоти шоистаеро дар ин самт роҳандозӣ кардаанд, ки дар кӯтоҳтарин муҳлат натиҷаҳои хуб ба бор оварданд. Таъсис ёфтани “Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ” намунаи ошкори ташаббусҳои Роҳбари давлат барои рушди соҳаи варзиш мебошад. Ин ҷоиза, бешубҳа, масъулияти варзишгарони тоҷикро бамаротиб зиёд намуд.
Шуруъ аз соли 2010 бо супориши Пешвои миллат тамоми вазорату идораҳои мамлакат вазифадор шуданд, ки баҳри тарғиби тарзи ҳаёти солим ва оммавияти варзиш дар кишвар чораҳои зарурӣ андешанд. Гузашта аз ин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмҳои ҳарсолаашон ба Маҷлиси Олӣ бевосита таъкид менамоянд, ки ҳар як ташкилоту муассиса барои оммавь кардани варзиш ҳатман саҳмгузор бошанд. “Соли оммавияти футбол” эълон гаштани соли 2014 гувоҳ аз он буд, ки дар кишварамон ба оммавӣ гаштани варзиш таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда мешавад. Иқдоми мазкур бори дигар кишвари моро дар ҷаҳон ҳамчун давлати варзишдӯст муаррифӣ намуд.
Ҳукумати кишвар ҷиҳати рушди бемайлони футбол “Барномаи рушди футбол барои солҳои 2017-2020”-ро қабул кард, ки он марҳилаи дуюми инкишофи футбол дар мамлакат маҳсуб меёбад. Щамин гуна тадбирщо буданд, ки футболбозони мо тавонистанд дар чандин мусобицоти байналмилалӣ муваффақ шаванд.
Давоми ду соли охир танҳо дар шаҳри Душанбе бо ибтикори шаҳрдори ҷавон муҳтарам Рустами Эмомалӣ зиёда аз 220 майдончаи варзишӣ сохта ба истифода дода шуд, ки айни ҳол онҳо ба макони фароғату солимии наврасону ҷавонон табдил ёфтаанд. Ин имкон медиҳад, ки варзиш миёни мардуми варзишдӯсти тоҷик боз ҳам оммавитар гардад.
Кобили зикр аст, ки тайи чанд соли охир 231 маротиба дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ Парчами давлатии Тоҷикистон баланд бардошта шуда, 108 маротиба Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо додааст. Мавриди зикр аст, ки медалҳои ба дастовардаи варзишгарон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 134 адад зиёд мебошад.
Исроил Иброҳимов, мутахассиси шӯъбаи
маркетинг ва менеҷменти фаолияти китобдорӣ