«Адиб» дар Китобхонаи миллӣ куллиёти Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртиро муаррифӣ кард

 

 Қабл аз зӯҳри имрӯз нашриёти “Адиб” дар Китобхонаи миллӣ Тоҷикистон Куллиёти тозанашри Ҳоҷӣ Муҳаммад Ҳусайни Кангуртиро муаррифӣ кард. Рӯнамоӣ бо ширкати ҷамъе аз донишмандон, муаррихон, рӯзноманигорон ва хонандагон баргузор шуд. Директори нашриёти “Адиб” Давлат Сафар дар сухани ифтитоҳии худ гуфт, ки куллиёти ин адиби барҷаста дар шакли нисбатан комил бо дастгирии Пешвои миллат бори аввал дар Тоҷикистон нашр мешавад.

   Рӯнамоии китоби мазкур бахше аз силсилабарномаҳои Ҳафтаи китоб ва Намоишгоҳи байналмилали “Китоби Душанбе” буд, ки ду рӯз пеш шуруъ гардида, қарор аст имрӯз ба поён расад.

  Дар маросими рӯнамоии китоби Куллиёти Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ  Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ, адибон ва олимони шинохта  Кароматуллоҳи Мирзо, Абдулҳамид Самад,   Аскар Ҳаким, Ҷамолиддин Саидзода ширкат ва суханронӣ намуданд.

  Гуфтанист, ки куллиёти мазкур бо дастур ва ҳидояти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чоп шудааст.

  Муҳаммад Ҳоҷӣ Муҳаммад Ҳусайни Кангуртӣ яке аз суханварони орифу фарзона, мутафаккир, соҳибфазилат ва шоири сухансанҷу нозукбаён мебошад, ки дар таърихи адабиёти тоҷик мавқеъи хос дорад.

  Аз мероси адабии Ҳоҷӣ 254 ғазал, 19 мухаммас, як мусаддаси 28 бандӣ, 97 рубоӣ, 13 таърихи манзум (бахшида ба сохтмону иморатҳои гуногун-ҳаммом, мадраса, қалъа дар Кангурт, Қаротегин, Ҳисор ва ҳоказо), 9 мактуби мансур ба шахсони гуногун ва муҳибон, манзумаҳои «Василат-ун-наҷот», «Дабистони ибрат», «Таърихи ҷӯда», рисолаи таърихии «Мунтахаб-ул-ахбор фи табақот-ус-салотин» ва маснавии «Комде ва Мадан» боқӣ мондааст. Илова бар ин, мероси адабии пурқимати Ҳоҷӣ рисолаи дастнависӣ «Ҳутути ашколи исломия» мебошад, ки дар бораи намудҳои гуногуни хат ва хушнависӣ маълумот медиҳад.

  Барои ошноии бештар ва маълумоти комилтар шумо, хонандагони арҷмандро ба мутолиаи ин китоби пурарзиш, ки чанд нусха аз он ба Китобхонаи миллӣ низ эҳдо шудааст, даъват мекунем.

Маводҳои ҳамсон