Рӯзе дар Ромит
Нашр шуд 2019-07-22 16:43
Рӯзи шанбеи гузашта як гурӯҳ кормандони Китобхонаи миллӣ аз ҳисоби Иттифоқи касабаи Китобхона барои истироҳат ба дараи Ромит рафтанд. Тобистон, ки ҳавои шаҳр дар дами гармои шадид мепечад, рафтан ба дараҳову соҳили рӯдхонаҳо ҳаловати дигар дорад.
Ромит аз дараҳои афсонавии кишвар аст, ки бахусус рӯзҳои истироҳати тобистонӣ ҳазорон сокинони пойтахтро, ки аксари онҳо кормандони ин ё корхонаву муассисаҳо мебошанд, ба оғӯш мегирад.
Кормандони Китобхона лаҳзаҳои хотирмони бо ҳам будану ба ҳам гуфтану нишастан доштанд. Ва бидуни шак ин як рӯзи тафреҳ муддатҳо дар хотирҳо нақш мебандад.
Дар зер аксҳое аз ин тафреҳ, ки ҳамкоронамон бардоштаанд.