Китоб беҳтарин ёри танҳоӣ...
Нашр шуд 2019-04-18 11:52
Яке аз неъматҳои бузурги ин дунё китоб аст, ки бо фоидабахшиҳои он метавон ниҳоли ақлро сабзонид ва аз он ғаниматҳои зиёдеро бардошт. Китоб сарчашмаи илму дониш буда, моро ба ҷаҳону олами ҳастӣ ошно месозад. Китоб дӯстест, ки аз ҳамнишинӣ тарк ва ҳазар намекунад. Рафиқест бе малол ва муомилаест, ки фиреб намедиҳад. Китоб чизест, ки ҳар қадар назар кунӣ, малакаат зиёду табъат шод ва забонат кушода мешавад.
Бидон, ки аз он метавонӣ дар як моҳ ҳикматҳоеро биомузӣ, ки аз даҳони олимон дар як сол ҳам ҷамъ карда натавонӣ. Китоб хидматгори беминату итоатгарест, ки шабурӯз дар хизмати туст. Ҳатто дар сафар ҳамсафар ва дар иқомат ҳамзисти туст.
Китоб муаллимест, ки аз ту чизеро пинҳон намекунад ва муниси туст дар танҳоӣ. Китоб муаллим ва ҳамроҳи хубест, ки ҳаркуҷоравӣ аз ту чизе талаб намекунад ва чуноне, ки растаниҳо аз об сабз мешаванд, сабзидани ақли туст. Китоб роҳнамоест, ки туро аз бекориву беҳудагӯйиву суханчинӣ дур месозад.
Шахсе, ки пайваста китоб мехонад, монанди дарахтест, ки меваҳои он ҳар лаҳза инсонро тавону имону виҷдон мебахшад. Китоб васила аст барои дуркардани ғаму андӯҳ, аз бекорӣ ва гурӯҳи бекорон, равону ва буро шудани сухан, сабзидани ақл ва бузург шудани зеҳн, болоравии маърифат, махзани ягонаву умумии осори адибону ҳикмати ҳакимон, роҳати зеҳн аз ҳар фикру андеша ва ҳифзи вақт аз беҳуда рафтан.
Хулоса дўсти вафодору содиқу устувору ҳамдилу ҳамзабони инсон. Месазад, ки аз ў дар таҷрибаи рӯзгор новобаста аз вазъи он ҳимоят намуд.
Диловар Солиев, мутахассиси шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар.