Бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз суннатҳои бостонии тоҷикон - Иди "Сайри гули лола", ки нишони посдории фарҳанги ободиву зебоипарварии мост, эҳё гардид. Ин ҳам бошад ҷиҳати анҷом додани корҳои ободониву созандагӣ ва кабудизоркунии муҳити атроф бахшида ба сазовор истиқбол гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст.
Алҳол дар саросари кишвар озмуни «Сайри гули лола» бо як шукуҳу шаҳомати хоса идома дорад, ки аз тантанаи он ҳамарўза тариқи оинаи нилгун намоиш дода мешавад. Таъкид кардан ба маврид аст, ки ҷашни "Сайри гули лола" як рукни таърихии ҷашни Наврўзи оламафрўз буда, эҳёи суннати мазкур дар самти дўст доштани табиат ва зебоипарастии мардум нақши муассир дорад. Ҳадафи асосии баргузории фестивали «Сайри гули лола» ва озмуни Ҷумхуриявии «Гулҳо» вусъат бахшидани ободонию сабзкорӣ дар шаҳру ноҳияҳо, деҳоту маҳаллаҳо ва инчунин ташвиқу тарғиби фарҳанги зебоипарастӣ дар байни аҳолӣ ба ҳисоб меравад. Суннатҳои неки Наврўзӣ, ки дар ҳама минтақаҳои кишвар ба онҳо арҷ гузошта мешавад, дар ин чорабинӣ таҷассуми худро ёфта буд. Ин фестивал бори дигар собит кард, ки мардуми Тоҷикистон расму оинҳои бостониро гиромӣ медоранд ва онро ба ҷаҳониён муаррифӣ мекунанд.
Аз муҳтаво ва мундариҷаи ин суннати Наврўзӣ равшан ҳувайдост, ки пеш аз ҳама, он симои Наврўзи хуҷастаро чун ҷашни гармиву бедорӣ ва накўкориву хайрандешӣ нишон дода, мардумро ба саховатмандӣ ва гашутгузор дар оғӯши табиат даъват менамояд.
Канори ҳамдигар омадани мардум ва дастаҷамъона амалӣ намудани чунин иқдоми нек боис мешавад, ки одамон дар иҷрои амалҳои хайр ба ҳамдигар кумак намоянд ва ба ин восита эҳсоси дўстиву рафоқат ва ваҳдату якдигарфаҳмӣ миёни мардум тақвият ёбад.
Наврўз бо ин ҳама ойинҳои неку ибратбахши худ ҳамчун паёми ҳикматомўзи ниёгони шарофатманди мо ба мардум накўиву зебоӣ ва хушиву хурсандӣ ато мекунад. Дар сиришти ин ҷашни куҳанбунёд, эҳёи назму низом дар ҳамаи корҳои зиндагӣ эҳсос шуда, ваҳдату ягонагӣ, ҳусни тафоҳум ва ҳамбастагиву ҳамоҳангии инсон ва ҷамъияту табиат дар тору пуди он таҷассум ёфтааст.
Меҳрангез Наврўзшоева
Мутахассиси шуъбаи маркетинг ва
менеҷменти фаъолияти китобдорӣ.