Муқаддима Ашрафӣ - минётурашинос, либреттонависи муваффақ
Нашр шуд 2019-03-05 10:11
Дар таърих кам касонеро метавон пайдо кард, ки дар риштаи пажӯҳишҳо аз таърихи минёнтураҳо шӯҳрат ёфта, вале боз мусиқишиносу мусиқинависи муваффақ ҳам бошад. Муқаддима Ашрафӣ, духтари Мухтор Ашрафӣ аз ҳамин қабил касон аст, ки дар ҳамин ду ришта муваффақ будааст.
Муқаддима Ашрафӣ Мухторовна профессор, санъатшинос 5 - уми июли соли 1936 дар шаҳри Тошканд таваллуд шудааст. Духтари Мухтор Ашрафӣ. Хатмкардаи мактаби мусиқии шаҳри Тошканд (1954) ва шуъбаи тахрихи санъати Университети давлатии Маскав (1959). Солҳои 1959-1961 ва 1970-1972 дар Институти шарқшиносии АИ ИҶШС кор кардааст. Солҳои 1962 -1970 корманди илмии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши АИ ҶТ фаъолияти худро аз омўзиши минётураҳои мусаввирони тоҷик шурўъ намуда, бештар минётураҳои асарҳои Абдураҳмони Ҷомиро тадқиқ кардааст.
Соли 1966 нахустин китоби Муқаддима Ашрафӣ «Минётураҳои асри XVI дар асоси осори Ҷомӣ, ки дар китобхонаҳои ИҶШС маҳфузанд» дар ҳамкорӣ бо нашрияи «Советский художник» ва мутахассисони Нашриёти Лейпсиги РДГ интишор ёфт. Охири солҳои 60 ва аввали солҳои 70-и асри XX ба омўзиши ҳаматарафаи мактаби минётураи Бухорои солҳои 40-70 –и асри XVI ва мусаввараҳои ба дастнависи асарҳои классикони адабиёти асримиёнагии форс-тоҷик эҷодкардаи рассомони асрҳои XIV-XVIII пардохт. Асари Муқаддима Ашрафӣ «Аз таърихи инкишофи минётуранигории Эрон дар асри XVI» (1978) аз бобби мактабҳои минётураи Табрезу Қазвин, Машҳаду Шероз маълумот медиҳад.
Муқаддима Ашрафӣ дар давоми фаъолияташ ба таҳқиқи мусаввараҳои рассоми бузург Беҳзод машғул шудааст. Ў хонандагонро бо шахсияти рассоми бухороии асри XVI Маҳмуди Музаҳҳиб, Муҳаммадмуроди Самарқандӣ ва дигар минётуранигорони Осиёи Миёна ошно намуд. Ў ҳамчун узви таҳририяи байналмилалии ЮНЕСКО «Санъати дастнависҳои Осиёи Миёна» боби «Минётураи Мовароуннаҳри асри XVI»-ро навиштааст. Асарҳояш дар нашрияҳои мамлакатҳои хориҷӣ ба табъ расидаанд. Дар симпозиуму конференсияҳои байналмилалӣ оид ба санъат иштирок ва суханронӣ кардааст.
Ў либретто низ навиштааст. Либреттои балетҳои «Темурмалик» (1972), «Муҳаббат ва шамшер» ва ораторияи «Достони Рустам» (1974) ба қалами ў тааллуқ доранд, ки дар театрҳои душанбеву Тошканд ва Самарқанд ба саҳна гузошта шудаанд.
Муқаддима Ашарфӣ 29-уми июни соли 2013 дар синни 77-солагӣ дар шаҳри Душанбе аз олам даргузашт.
Бозчоп аз «Энсиклопедияи милии тоҷик». – 2013. – Ҷ. 2. – С. 196.
Муаллиф: Н. Шарипов
Дар Китобхонаи миллӣ аз Муқаддима Ашрафӣ боз ин матолибро муроғ кунед:
Из истории развития миниатюры Ирана XVI в. – Душанбе: Дониш, 1978. – 178 с.
Бехзад и развитие бухарской школы миниатюры XVI в. – Душанбе: Дониш, 1978. – 240 с.
Средневековый костюм таджиков XII-XVII веков. – Душанбе, 2002. – 64 с.
От Бехзада до Ризай-и Аббаси: Развитие миниатюры XVI- начала века. – Ташкент: SMI-ASIA, МИЦАИ, 2011. – 176 с.
Таджикская миниатюра. Бухарская школа XVI –XVII веков. – Душанбе, 2011. – 144 с.
Таджикская миниатюра: от Бехзада до Ризай-и Аббаси. – Душанбе, 2011. – 156 с.
Таҳияи Насиба Даниярова
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ