Муаррифии китоби тозанашри Пешвои миллат дар Китобхонаи миллӣ
Нашр шуд 2018-12-29 17:22
29 декабри соли 2018 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар мавзӯи «Нақши Иттифоқҳои касаба дар татбиқи сиёсати иҷтимоии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муаррифии китоби тозанашри «Уфуқҳои истиқлол» бо ташаббуси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон суҳбати «мизи гирд» баргузор гардид. Дар доираи ҳамоиши мазкур нуктаҳои муҳими Паёми навбатии Пешвои миллат ва китоби тозанашри Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Уфуқҳои истиқлол» рӯнамоӣ гардид. Китоби нави Пешвои миллат идомаи мантиқии таҳқиқоти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти худшиносии миллӣ ва амалӣ намудани ормонҳои миллии тоҷикон арзёбӣ гардида, он дастоварди муҳим ва нотакрори илмию сиёсӣ маҳсуб мешавад.
Ҷаласаро бо сухани ифтитоҳӣ Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Қодири Қосим оғоз намуда, зикр кард, ки ташвиқот ва ҷонибдорӣ намудани ғояҳои ватандӯстона, адолатпарварона ва инсондӯстонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миёни аҳли заҳмат ва мардуми кишвар яке аз самтҳои асосии ҳаракати Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон маҳсуб меёбад.