Соли равон кормандони Шуъбаи дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодир 2500 нусха китобро коркард намуда, 860 адад адабиёте, ки соҳаҳои гуногуни илмро дар бар мегиранд, ба фонди шуъба ворид намуданд. Ҳамчунин дар давоми соли 2018, аз миёни дастхатҳо ва китобҳои чопи сангии аз ҷониби аҳолӣ пешниҳод шуда, 18 адади онҳоро, ки аҳамияти муҳими илмӣ ва таърихӣ доштанд, харидорӣ намуданд.
Яке аз самтҳои фаъолияти шуъбаи дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодири Китобхонаи миллии Тоҷикистон, ғанӣ гардонидани фонди шуъба бо китобҳои тозанашр, бо роҳи харидорӣ, туҳфа аз шахсони алоҳида ва тақдим аз ҷониби муаллифон мебошад, ки ба ин восита фонди шуъба ҳамеша дар ҳоли такмилёбӣ қарор дорад. Айни ҳол фонди шуъбаи мазкурро бисту шаш ҳазору панҷсаду шасту нуҳ (26569) нусха китоб ташкил медиҳанд, ки бо забонҳои форсӣ, арабӣ, пашту, урду, узбекӣ, туркӣ, озарӣ, қозоқӣ ва ғайра навишта шудаанд.
Аз шумораи мазкур 2677 ададро нусхаҳои хаттӣ ташкил медиҳанд. Аз миёни китобҳои чопи сангӣ ва муосири шуъба 4000-и онҳо бо забони арабӣ, 532 нусха бо забони пашту, 437 нусха бо забони урду, 400 нусха бо забони узбекӣ, 125 нусха бо забони туркӣ, 26 нусха бо забони озарӣ, 8 нусха бо забони қазоқӣ, 1 нусха бо забони ибрӣ ва боқимонда 18 ҳазору 363 нусха китоб бо забони форсӣ-дарӣ мебошанд.
Дар давоми соли равон кормандони шуъбаи дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодир аз ҳисоби китобҳои воридшуда аз шахсони алоҳида, туҳфа аз муаллифон ва китобҳои захиравии ҷамъоваришуда аз аҳолӣ, дар ҳаҷми 2500 нусха китобро коркард намуда, аз онҳо 860 адад адабиёте, ки соҳаҳои гуногуни илмро дар бар мегиранд, ба фонди шуъба ворид намуданд. Ҳамчунин дар давоми соли 2018, аз миёни дастхатҳо ва китобҳои чопи сангии аз ҷониби аҳолӣ пешниҳод шуда, 18 адади онҳоро, ки аҳамияти муҳими илмӣ ва таърихӣ доштанд, харидорӣ намуданд. Ин нусхаҳо бо забонҳои арабӣ ва форсӣ буда, мавзўҳои таърих, адабиёт, фалсафа, сиёсат, иқтисод, ирфон, дин, шеъру адаб ва ғайраро дар бар мегиранд. Акнун хонандагон метавонанд, аз ин адабиёти тозаворидгардида ба таври васеъ истифода намоянд.
Муштариёни шуъбаи мазкур асосан нафароне мебошанд, ки дар риштаҳои филология, таърих, фалсафа, сиёсат, иқтисод, ҷомеашиносӣ ва ғайра таҳсил менамоянд. Ҳамчунин, пажўҳишгарони илмҳои гуманитарӣ, ба вижа риштаҳои филологӣ, таърих, фалсафа, сиёсат, иқтисод ва ғайра мебошанд, ки қисмати зиёде аз ин нафарон дар масири пажўҳиш қарор доранд ва барои ноил гаштан ба унвонҳои илмӣ саъю талош меварзанд.
ҲАДИЯТУЛЛОҲИ Амриддин,
корманди шуъбаи дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодир.