Ду рӯз бад аз Паём. Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ чӣ дод?

Воқеан ҳам боиси ифтихор аст, ки бо ибтикор ва афкори неку хирадмандонаи Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо мақсади рушду пешрафти давлату миллат, тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ, бо хотири муаррифӣ намудани миллати тоҷик, фарҳанги тоҷикона, санъат, таърих, ҳунарҳои омма, умуман муаррифии мероси пурғановати ниёгони тоҷик, соли 2018-ро ҳамчун «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон намуданд.

Албатта, дар кишваре, ки сулҳу субот пойдор аст, ливои амният партавафшон аст, дар он кишвар файзу баракат рў ба афзоиш дорад. Тоҷикистони азизи мо низ бо гулгашту хиёбонҳои дилкаш, обҳои мусаффову ширин, мавзеъҳои ҳмешабаҳори тасвирию табиӣ, мардуми ҳунарманду меҳмоннавоз, хўрокҳои миллии лазизу хуштаъм, меваҳои шаккарину шаҳдбораш сайёҳонро ба худ ҷалб намудааст. Сарвари давлат таъкид бар он намуданд, ки барои рушду такомули  соҳаи саёҳӣ  дар мамлакат тамоми заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ фароҳам оварда шавад. Эълон гардидани  Рушди саёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ имкон дод, ки Тоҷикистон чун кишвари муносиб барои гардишгарӣ муаррифӣ шавад.

Имрўз мо бо боварии комил метавонем гуфт, ки Тоҷикистон дар ҳақиқат ҳам кишвари зебову дилнишин, дилрабову биҳиштосост, дар воқеъ мардуми тоҷик мардуми меҳмоннавозу фарҳангдӯст ҳастанд. зикр кардан бомаврид аст, ки ҳар як мавзеи кишвари азизамон бо зебу зиннати табиӣ дили ҳар бинандаро тасхир менамояд.  

Дар Пайёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маҷлиси Олӣ самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии кишвар барои давраҳои оянда муаян гардида ва дар мавриди пешбурди манфиатҳои сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти бахшҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа вазифаву барномаҳои  мушаххас ба миён гузошта шуд. Паёми имсола низ чун Паёмҳои қаблии Пешвои муаззам барои беҳбуд бахшидани зиндагии мардум ва кафолати сулҳу суботи кишвар пешбинӣ гардидааст.

Аз аввали соли 2018, ки Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардида буд, фурӯши молу маводи истеҳсолоти дастӣ, ҳунарҳои мардумӣ аз супоридани андоз озод гардонида шуд. Хушбахтона аллакай тайи соли равон ин иқдоми хирадмандонаи Пешвои миллат, натиҷаҳои судманди хешро нишон дода истодаанд. Зеро дар як сол бисёр корхонаҳои хусусии ҳунармандӣ ба мислӣ ҷехҳои дузандагиву пазандагӣ чубкорию бофандагӣ ва ба ин монанд даҳҳо корхонаҳо бунёд ёфта, занону духтарони хонаниширо ба кор таъмин намуд.

 Бо ташаббуси Сарвари хирадманду оқилу доно, дар ин самт корҳо рў ба афзоиш доранд. Аз ин иқдом аллакай як сол сипарӣ мешавад ва мо шоҳидем, ки таваҷҷўҳи сайёҳони хориҷӣ рўз ба рўз ба Тоҷикистони орому озоди мо меафзояд. Бо ҷалби сайёҳон ва  рушд бахшидан ба ҳунарҳои мардумӣ мо метавонем ба ҳолати иҷтимоию иқтисодии хеш таъсири мусбӣ бубахшем. Бо ифтихору фараҳмандӣ қайд намуданиам, ки бо чунин иқдомҳои наҷиби Пешвои миллат ва дастгирии мардуми фарҳангсолори тоҷик мо метавонем барои тақвият бахшидани пояҳои соҳибистиқлолии кишвари азизамон заминагузор бошем.    

Шаҳло Раҳимова,
мутахассиси шуъбаи маркетинг
ва
менеҷменти фаъолияти китобдорӣ