Дар варианти рақси мастчоҳӣ саростинчаҳои дарози раққоса аз матоъҳои сурх, гулобранг ё сафеди гулдузӣ дўхта шудаанд, ки онҳо аз панҷаи даст 20 см берунтар баромадаанд. Занҳо бо чунин остинҳо таҳти навои доира ё суруд бо зарби мусиқии 6/8 мерақсанд. Остинҳоро бо як ва бо ду даст ба китф бо навбат мепартоянд, дар ин вақт пайкари зан ин ё он тараф ҳаракат мекунад. Дастҳоро ду тараф кушода, остинҳоро меафшонанд ва як остинро пеши худ ва дигарашро ба қафои миён гузошта, ин ҳаракатро чанд бор бо ивази дастҳо такрор мекунад. Бо ду панҷаи даст остинҳоро ин ё он тараф ба ҳаракат медарорад.
Рақси остин - рақси занонаи анъанавии қадимаи тоҷик буда, таҳти навозиши доира бо ҳаракатҳои остини дарози куртаи занонаи тоҷикӣ иҷро мешавад. Он дар тўю маъракаҳо, ҷашнҳои миллӣ ва базмҳои занонаи воҳидҳои Кўлоб, Дарвоз, Рашт, Ҳисор, ноҳияи Истаравшан, Мастчоҳ, Зафаробод ва мардуми водии Зарафшон рақсида мешавад. Занҳо дар усули рақси кўлобӣ, дарвозӣ ва раштӣ остинҳоро бо пайкар, бо зарби пой қадами майда - майда монда, якҷоя меҷунбонанд. Онҳо дар пеши худ остинҳоро алвонҷ дода, ҳаракатҳои гуногунро иҷро мекунанд. Остинҳоро ба ду тараф кушода, як дастро ба пеш боло бардошта, дуюмро аз он поёнтар гирифта, дар пеши рўй нигаҳ медоранд ва як навъ шарму ҳаёи ҳосси бонувони тоҷикро ифода менамоянд. Сипас ду остинро аввал ба тарафи рост ва баъд ба тарафи чап бо панҷаи даст ба ҳаракат медароранд. Ҳамин гуна ҳаракатҳоро боз ба дигар тараф такрор мекунанд.
Дар варианти рақси мастчоҳӣ саростинчаҳои дарози раққоса аз матоъҳои сурх, гулобранг ё сафеди гулдузӣ дўхта шудаанд, ки онҳо аз панҷаи даст 20 см берунтар баромадаанд. Занҳо бо чунин остинҳо таҳти навои доира ё суруд бо зарби мусиқии 6/8 мерақсанд. Остинҳоро бо як ва бо ду даст ба китф бо навбат мепартоянд, дар ин вақт пайкари зан ин ё он тараф ҳаракат мекунад. Дастҳоро ду тараф кушода, остинҳоро меафшонанд ва як остинро пеши худ ва дигарашро ба қафои миён гузошта, ин ҳаракатро чанд бор бо ивази дастҳо такрор мекунад. Бо ду панҷаи даст остинҳоро ин ё он тараф ба ҳаракат медарорад.
Умуман, остин дар зиндагии мардуми кўҳистон мазмуни кўҳистон мазмуни бисёре дорад. Остин ҳамчун бодбезак ва дастрўймол истифода бурда мешавад. Дар гузашта рақси остин ҳангоми ба хонаи шавҳар овардани арўс ва дар гирди оташ давр занондани ў аз ҷониби модаркалони домод иҷро мегардид. Ў тавассути рақс кушодани роҳи сафедро баён мекард. Остинҳояшро ҷунбонда, гўё ки роҳро барои аъзои нави оилааш аз ҳар гуна чашми бад ва таъсири рўҳҳои зиёновар тоза менамуд.
Дар охири асри XX ва оғози асри XXI рақси фолклории «Остин» ба барномаи дастаҳои ҳаваскорӣ роҳ ёфт ва ба яке аз рақсҳои маъмул ва машҳур табдил гашт.
Бозчоп аз “Мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар Тоҷикистон”. – Душанбе: Эр-граф, 2017. – 280 с.
Таҳияи Фируза Восиева
корманди шуъбаи
библиографияи миллӣ