Хонед, то дуруст нависед
Нашр шуд 2018-12-05 16:41
“Дуруст бинависем” исми китоби донишманди тоҷик, сардабири маҷаллаи “Садои Шарқ” Рустами Ваҳҳоб аст, ки бори дуюм бо иловаву тасҳеҳоти нав соли 2016 чоп шуд. Китоб дастури хубест барои касоне, ки мехоҳанд калимаву ибороти тоҷикиро дуруст нависанд. Ва бидуни шак, имрӯз забони мо шадидан ба ислоҳи иштибоҳот ниёз дорад. Аз баҳсҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ сармезананд, мебинем, ки калимаву ибороти маъмул ва серистеъмол ҳам шакли ғалати навишт доранд.
Чуноне дар саоғози китоб мехонем, “дар ин китоб шумори зиёди иштибоҳоте, ки ба такрор дар матбуот, таълифоти илмию бадеӣ ва гуфтори радиову телевизион ба назар мерасад, баррасӣ гардидааст. Муаллиф шакли дуруст ва саҳеҳи калимаю ибораҳо, мавқеи корбурд ва тарзи баёни онҳоро тавзеҳ медиҳад.
Китоб барои адибону хабарнигорони ҷавон ва умуман алоқамандони омўзиши амалии забон судманд аст. Маводи он бо салоҳдиди устодон метавонад дар дарсҳои амалии забоншиносӣ, услубшиносӣ ва матншиносӣ чун дастури таълимӣ ва василаи иловагии омўзиш мавриди истифода қарор дода шавад”.
Пас “Дуруст нависем”-ро бихонед, то дуруст нависед.
Дарёфти китоб.