Мутобиқ ба маълумотҳои оморӣ дар дар 9 моҳи сипаришудаи соли 2018 аз ҷониби нашриётҳои ”Дониш”, “Ирфон”, ”Маориф” ва чопхонаҳои дигар ба теъдоди 2544 (776-номгуй) китоб ворид гардидааст, ки ин нисбат ба нуҳмоҳаи соли 2017 1076 нусха камтар мебошад. Бархе аз нашриётҳо ба монанди ”Эр-граф”, ”Адиб”, ”Нашриёти бачагона” ва нашриётҳои хусусӣ дар иҷрои талаботҳои қонуни мазкур масъулият ҳис наменамоянд.
Нақш ва мақоми китоб баробари пешрафти босуръати ҷаҳони имрўза ҳамчун сарчашмаи таҳаввулоти маънавию фарҳангӣ ҳамвора боло меравад. Муассисаи давлатии Китобхонаи миллии Тоҷикистон низ дар самти сиёсат пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намуда, ҳамчун нигоҳдорандаи мероси фарҳангӣ ва бойгонии матбуоти миллӣ, маркази ҷумҳуриявии илмӣ-таҳқиқотӣ, илмӣ - иттилоотӣ ба ҳисоб рафта, пешбурди фаъолияти китобхонашиносӣ, библиографияшиносӣ ва китобшиносиро таъмин менамояд.
Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар барои рушди соҳаи китобдорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули як қатор санадҳо аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти китобдорӣ», «Барномаи давлатии рушди фаъолияти китобдорӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2006-2015», «Барномаи давлатии рушди Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба номи А.Фирдавсӣ барои солҳои 2006-2015», «Барномаи давлатии компютеркунонии китобхонаҳои давлатию оммавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2013», «Барномаи рушди Китобхонаи миллии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020» қабул гардиданд, ки ҳамчун омили ҳуқуқӣ ва таъминкунандаи масоили иқтисодӣ дар рушди соҳа замина гузоштанд. Аз ҷумла, мавриди истифода қарор гирифтани бинои наву замонавии Китобхонаи миллии Тоҷикистон на танҳо дар замони истиқлолият, балки дар таърихи халқу миллати тоҷик дастоварди бесобиқа маҳсуб меёбад ва аз иқдомҳои созандаву бунёдкоронаи Асосгузори Сулҳу Ваҳдат - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳодат медиҳад.
Боиси таваҷҷуҳ мебошад, ки имрўз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон теъдоди нашриётҳои давлатӣ ва ҳусусӣ зиёд гардидаанд. Аммо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи гирандагони нусхаҳои ҳатмӣ” аз ҷониби бархе нашриётҳо ичро намегардад. Ҳоло он, ки аз ҷониби нашриётҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон теъдоди зиёди китобҳо чоп гардида, миқдори ками он бо мушкилиҳои зиёд ба тариқи гирифтани нусхаҳои ҳатмӣ ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон дастрас мегардад.
Мутобиқ ба маълумотҳои оморӣ дар дар 9 моҳи сипаришудаи соли 2018 аз ҷониби нашриётҳои ”Дониш”, “Ирфон”, ”Маориф” ва чопхонаҳои дигар ба теъдоди 2544 (776-номгуй) китоб ворид гардидааст, ки ин нисбат ба нуҳмоҳаи соли 2017 1076 нусха камтар мебошад. Бархе аз нашриётҳо ба монанди ”Эр-граф”, ”Адиб”, ”Нашриёти бачагона” ва нашриётҳои хусусӣ дар иҷрои талаботҳои қонуни мазкур масъулият ҳис наменамоянд.
Дар ҳоле, ки тибқи қонун ин нашриётҳо вазифадоранд баъди чопи ҳар китоб нусхаҳои ҳатмиро ба теъдоди нишондодашуда ба бойгонии Китобхонаи миллӣ супоранд.
Афзоиши рӯзафзуни хонандагони китобхона боиси фармоиши адабиётҳои нав шудааст ва ҳоло бештар аз пештар донишомӯзони мактабҳои олӣ барои дастрас намудан ва хондани китобҳои дарсиву илмӣ ба китобхона меоянд. Эҳтиёҷ ба китобҳои илмӣ беш аз солҳои пеш афзудааст. Аз ин рӯ нашриётҳоро ҳам лозим меояд ба истиқболи хоннада гом бардоранд ва ҳаддиақал нусхае, ки қонун онҳоро барои супурдан муаззаф кардааст, сари вақт биспоранд.
Муқаддас Тешаева,
Сардори шуъбаи такмили адабиёт.