Ҷўшоби каду давои сурфа ва дарди сина аст. Афшураи бо равғани гули садбарг омехтаи каду дарди гўшро таскин мебахшад ва барои бемориҳои гулў муфид аст. Табибони халқӣ мағзи дар об пухтаи кадуро барои одамони гирифтори бемориҳои камхунӣ, зардпарвин, сил, ҳангоми қабзият, чун воситаи пешоброн, ҳангоми варами ҷигар ва гурда тавсия медиҳанд. Онҳо бо марҳами мағзи хоми каду ҷароҳату захмҳои сўхтаи пўстро табобат мекунанд, доғи кунҷидак ва гармичаро меравонанд. Донаи каду давои хуби киҷҷарон аст.
Мавзуъи навбатии маҳфили навбатии «Дастони моҳир» каду буд. Каду, ки аз зироати муҳим дар хоҷагии халқи мамлакат аст ва ҳатто рӯзеро дар як сол мо чун рӯзи каду ҷашм мегирем, шоиста он буд, ки ба як мавъуи баҳси хонандагони Шуъбаи кӯдакон ва наврасон табдил шавад. Суханҳои гуфтанӣ дар бораи каду ва хосиятҳои табобатии он зиёданд ва мураббиён аввал бачаҳоро бо ин хосиятҳо ошно карданд.
Ба ширкаткунандагон гуфта шуд, ки каду навъе аз рустаниҳои полизӣ буда, дар Тоҷикистон барои ҳамагон маълум аст. Вобаста ба намуд ва навъ ҳаҷм, шакл ва рангу накшҳояш гуногун мешавад. Дар Тоҷикистон кадуро аз қадим мепарваранд ва барои сокинони кишвар навъҳои зиёди он – ошкаду (палавкаду), чӯбкаду, саллакаду (саллакадуи сафед, саллакадуи бухорӣ), кадуи ҳиротӣ (алочакаду), лаъликаду, гаҳворакаду, лифкаду, тамошокадуро мекоранд. Қариб ҳама навъҳои каду хўрданибобанд. Тоҷикон аз каду таомҳои гуногуни лазиз – кадушўрбо, ширкаду, кадуоба, кадуи таги аловӣ, манту, хонума, самбўса мепазанд. Баъзе навъҳои кадуро хамчун зарф - обкаду, носкаду, барои дегу табақшўӣ (масалан, лифкаду), ороиш (тамашокаду) истифода мебаранд. Каду хўроки хуби чорво низ мебошад. Дар таркиби он канд, оҳан, моддаҳои петкинӣ, сафеда, намакҳои минералӣ (фосфор, оҳан), витаминҳои С, В1, В2, РР мавҷуданд.
Ибни Сино табиати кадуро хунуку тар ва барои меъдаи наврасону ҷавонон зиёновар ҳисобидааст. Ҷўшоби каду давои сурфа ва дарди сина аст. Афшураи бо равғани гули садбарг омехтаи каду дарди гўшро таскин мебахшад ва барои бемориҳои гулў муфид аст. Табибони халқӣ мағзи дар об пухтаи кадуро барои одамони гирифтори бемориҳои камхунӣ, зардпарвин, сил, ҳангоми қабзият, чун воситаи пешоброн, ҳангоми варами ҷигар ва гурда тавсия медиҳанд. Онҳо бо марҳами мағзи хоми каду ҷароҳату захмҳои сўхтаи пўстро табобат мекунанд, доғи кунҷидак ва гармичаро меравонанд. Донаи каду давои хуби киҷҷарон аст.
Ба ақидаи табибони халқӣ истеъмоли каду барои бемори кулинҷ зарар дорад, зеро худи каду пайдокунандаи кулинҷ аст. Мағзи тухми кадуро бихўранд, баданро фарбеҳ мегардонад, барои дафъи дуруштии узвҳои даруни сина, хунравӣ аз шуш, сурфаи гарм, ташнагӣ, захми рўда даво мешавад. Кадуро кўфта ё тарошида ба пеши сар гузошта банданд, бехобиро дафъ мекунад, дарди сарро таскин мебахшад. Пўсти хушки кадуро кўфта бихўранд, барои бавосир ва хунравии узвҳои шикамдаво аст. Мағзи кадуро хушконда ва орд карда, дар дег бирён карда бихўранд, дарунро мебандад, фишори хунро паст мекунад. Бо оби каду ғарғара кунанд, дарди гулў шифо меёбад.
Кадубозӣ, як навъ бозии анъанавии бачагон, ки маъмулан дар фаслҳои гарми сол барпо мешавад. Дар майдони кушод 7 – 12 нафар писар ва духтари 6 – 10 – сола ҷамъ омада, катор менишинад. Бозигарон як нафарро борои иҷрои нақши деҳқон аз байни худ интихоб мекунанд ва дигарҳо нақши кадуро мебозанд. Кадуҳо ба дарахт, симчӯб ё деворе мечаспанд. Деҳқон ҳар рӯз, гӯё, кадуҳоро об медиҳад, ба танаи онҳо тап-тап зада, «каду қариб пухтаст» гуфта, таърифу тавсиф мекунад. Сипас, аз байни кадуҳо як-як пухтаашонро канда, бурда дар анбор мегузорад. Анбор 4 – 5 м ҷойгир шудааст. Кадуе, ки аз ҳама охир дар замин монд, онро «кадуи хом» мегӯянд. Кадуи хом аз ҷой хеста, аз пайи дастгир кардани дигарон мешавад. Бозингарон ба ҳар тарафе мегурезанд. Кадуи хом ҳар киро, ки нахуст шуда дастгир кунад, он дар навбати дигари бозӣ нақши деҳқонро иҷро мекунад. Бозӣ ҳамин тавр давом меёбад. Ин бозӣ дар байни бачагони деҳоти водии Ҳисор роиҷ аст.
Баъдан тибқи дастури мураббиён хонандагон ба кашидани расми каду ва ё аз картон сохтани он шуруъ карданд. Ҳар касе диду назари худро наққошӣ мекард ва кадуи хоси худро ба намоиш мегузошт.