Имзои шартномаи истифодаи ройгони фонди рисолаҳои илмӣ байни Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Китобхонаи давлатии Россия дастрасӣ ба зиёда аз 750000 рисолаи илмии фонди Китобхонаи давлатии Русияро осон кард.
Сафари омӯзишии ду намояндаи Китобхонаи миллӣ: сардори шуъбаи автоматикунони раванди китобдорӣ-иттилоотӣ Зафар Саидов ва муовини сардори ҳамин шуъба Яъқуб Бобохонов ба Китобхонаи давлатии Русия ба анҷом расид. Ин ду тан муддати як ҳафта сафари хидматӣ доштанд ва тӯли ин муддат имкон пайдо карданд бо барномаҳои китобдорӣ-иттилоотии дар Китобхонаи давлатии Россия истифодашаванда, таҷҳизоти фаннии марбут ба барномаҳо, истифодабарии таҷҳизоти нусхабардории электронии ба стандартҳои муосир ҷавобгў шинос шаванд.
Барномарезии феҳристи электронӣ тибқи модули феҳристнигорӣ ва модули маъмурии барномаи ALEPH-ро омӯзанд. Бо корҳои омодагии барномарезии Лоиҳаи Китобхонаи электронии Ассамблеяи китобхонаҳои Авруосиё ва мушаххасан тарзи пайваст намудани китобхонаҳои электронии кишварҳои Авруосиё ба китобхонаи электронии Ассамблеяи китобхонаҳои Авруосиё ошно шаванд.
Истифодабарии муқаддимотии қисми ОРАС-и барномаи ALEPH дар Китобхонаи электронӣ, яъне дастрасӣ ба маводи электрониро омӯзанд. Дар омўзиши низоми бақайдгирии хонандагони фонди рисолаҳои илмӣ, барномаи махсусгардонидашудаи DVS барои истифодаи рисолаҳои илмӣ, низоми ҳифзи фонд ширкат кунанд.
Таҳия ва пайваст намудани фонди тиллоии Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба фонди тиллоии Китобхонаи электронии Ассамблеяи китобхонаҳои Авруосиёро мавриди омӯзиш қарор диҳанд.
Дар ҷараёни ин сафар инчунин шартномаи истифодаи ройгони фонди рисолаҳои илмӣ байни Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Китобхонаи давлатии Россия ба имзо расид, ки тибқи шартномаи мазкур хонандаи мо ба зиёда аз 750000 рисолаи илмии фонди Китобхонаи давлатии Россия дастрасӣ пайдо мекунад.