Академик Абдуҷаббор Раҳмонзода хостори такмили муҷаддади «Фарҳанги забони тоҷикӣ» ва чопи Луғатномаи Деҳхудо шуд
Нашр шуд 2017-10-06 12:16
Академик Абдуҷаббор Раҳмонзода, Ёвари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа хостори он шуд, ки “Фарҳанги забони тоҷикӣ” муҷаддадан такмил шавад. Академик Раҳмонзода, ки дирӯз дар ҳамоише бахшида ба Рӯзи забон дар Китобхонаи миллӣ баргузор шуд, иброз дошт, ки то имрӯз «Фарҳанги забони тоҷикӣ» бо ибтикори Пешвои миллат ду маротиба чоп шуд, “вале, мутаассифона, дар ҳарду нашри фарҳанг хатогиҳои хеле зиёд ба чашм мерасанд”. Вай ҳамчунин пешниҳод кард, ки Луғатномаи Деҳхудо бо хати срилик баргардон ва чоп шавад.
Ин ҳамоиш дирӯз дар Китобхонаи миллӣ доир шуд ва Фарҳод Раҳимӣ, Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон дар сухани ифтитоҳии худ аз ҷумла гуфт, ки «ҳифз ва рушду тараққии забони давлатӣ дар замони истиқлолият аз омилҳои асосии пешравии илму фарҳанг дар кишвари тоҷикон маҳсуб меёбад, чунки истиқлолияти маънавӣ шароит фароҳам овард, то забони миллӣ мақоми давлатиро соҳиб шавад».
Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, академик Абдуҷаббор Раҳмонзода аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокдоронро бо Рӯзи забони давлатӣ табрик намуда, изҳор дошт, ки забон бузургтарин неъмати инсонӣ аст, ки барои пойдории давлат нақши муҳим дорад.
Абдуҷаббор Раҳмонзода ҳамзамон аз таваҷҷуҳи хоссаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали истиқлолияти давлатӣ ба рушди забони тоҷикӣ, ки барои пешрафти он як қатор тадбирҳои судманд амалӣ гардидаанд, ёдовар шуд. Бахусус, нақши ниҳоят бузург ва арзандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар рушди забони адабии тоҷикӣ таъкид намуд.
Вай ҳамчунин гуфт, ки Эмомалӣ Раҳмон барои муаррифӣ кардани забони давлатӣ китоби бисёр муҳиму арзишманди худ- «Забони миллат-ҳастии миллат»-ро пешниҳоди ҳаводорони аҳли илм, таҳқиқ ва пажӯҳиш гардониданд, ки он аз ҳама ҷиҳат бораи шинохти таъриху ташаккули забони тоҷикӣ ва миллати тоҷик аҳамияти бағоят бузург дорад. Ин асари муҳим имкон фароҳам меорад, ки мо муҳимтарин паҳлӯҳои таърих ва ташаккули забони тоҷикиро як бори дигар омӯзем ва ба он арҷ гузорем.
Зимни суханронии худ Абдуҷаббор Раҳмонзода иброз дошт, ки китоби «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» бори дигар мавриди баррасии олимон ва донишмандон қарор бигирад ва масъалаҳои норавшане, ки дар он ҷой доранд, бахусус дар тарзи навиштори забони тоҷикӣ такмил дода, сипас пешниҳод карда шаванд. Луғати имлои забони адабии тоҷикӣ, ки як маротиба дар даврони истиқлолият интишор гардидааст ва пешниҳод кард, ки он бори дигар аз ҷониби Вазорати фарҳанг ва Вазорати маориф ва илм чоп шавад.
Академик Раҳмонзода ҳамчунин назари худро дар бораи китоби дуҷилдаи “Фарҳанги забони тоҷикӣ” иброз дошт ва онро боз ҳам номукаммалу қобилли тасҳеҳ ва такмил хонд. Вай гуфт, ки он то кунун ду маротиба бо ибтикори Пешвои миллат аз чоп баромад, вале, мутаассифона, дар ҳарду нашри фарҳанг хатогиҳои хеле зиёд ба чашм мерасанд. Ва қисми зиёди калимаҳо ва мафҳумҳои зиёд дар фарҳанг ҷой нагирифтаанд. Академияи илмҳо ва Институти забон ва адабиёт бояд аз ҳисоби дигар донишмандони институтҳо гурӯҳи фаъол таъсис дода, фарҳангро мукаммал гардонанд. Ба Академияи илмҳо дастур дода шуд, ки вақти он расидааст, ки аз нигоҳи илмӣ китоби «Таърихи забони тоҷикӣ» навишта шавад.
Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо изҳори таассуф иброз дошт, ки то кунун аксари луғатномаҳо бо хати срилик баргардон нашудаанд. Абдуҷаббор Раҳмонзода хостори баргардони Луғатномаи Деҳхудо бо хати срилик шуд. Вай гуфт: Хушбахтона, аз замони устод Айнӣ сар карда, корҳои бисёр хуб дар ин замина амалӣ шуда бошанд ҳам, вале баъди солҳои 90 вобаста ба ин масъала кор қатъ гардид. Вақти он расидааст, ки Институти забон ва адабиёт ба ин масъала таваҷҷуҳ зоҳир кунад. Луғатномаи «Деҳхудо»-ро бояд дар шакли электронӣ бо хати кириллӣ баргардонида, ба таври сода пешниҳод намоем.
Да ҳамоиш раиси Кумитаи забон ва истилоҳот, доктори илми филология Гавҳар Шарофзода, директори Институти забон ва адабиёт, узви вобастаи АИ ҶТ Сахидод Раҳматуллозода ва дигар олимони забоншинос, инчунин шоирон Аскар Ҳаким, Давлати Раҳмониён, Раънои Мубориз суханронӣ карданд ва дидгоҳи худро роҷеъ ба таҳқиқи масъалаҳои илми забоншиносии муосир иброз доштанд.
Суратгир Хусрави Милод