Бештар аз 20 нафар донишомӯзони давраи омӯзишии Китобхонаи миллӣ аз фанни забони арабӣ соҳиби шаҳодатнома шуданд.
Рӯзи шанбеи гузашта маросими супурдани шаҳодатномаҳо барои афроде, ки давраи омӯзишии забони арабиро дар Китобхонаи миллӣ ба анҷом расондаанд, доир шуд. Боз бештар аз 20 нафар аз донишомӯзони ин силсиладавраҳои омӯзишӣ баъди супурдани имтиҳон соҳиби шаҳодатнома шуданд.
Маросими супурдани шаҳодатномаҳо дар синфхонаи омўзиши забонҳои хориҷии Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор шуд. Муаллими забони арабӣ Муҳаммадӣ Хоҷаев ва муовини Сардори Маркази такмили ихтисоси Китобхонаи миллӣ Юлчибой Мӯсоев бо арзи табрик ба ҳар кадом аз хатмкунандагон ҳуҷҷати хатми омӯзиши давраиро супурданд.
Маврид ба зикр аст, ки давраҳои омӯзишии забонҳои хориҷӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар асоси Иҷозатнома оид ба пешбурди фаъолияти таълимӣ, ки тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон додааст, ба роҳ монда мешавад.
Дар айни замон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон давраҳои омўзиши забонҳои хориҷӣ: русӣ, инглисӣ, арабӣ, чинӣ, куриёӣ ва олмонӣ ба роҳ монда шудааст.
Дарсҳоро омўзгорони соҳибихтисосу пуртаҷриба дар гуруҳҳои аз 6 то 12-нафарӣ мегузаронанд.
Барои маълумоти бештар ба Шуъбаи маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдорӣ, аз тариқи телефони 221-04-10 муроҷиат намоед.