“Муҳаммадҷон Шакурӣ дар масири илму эҷод”
Нашр шуд 2017-10-31 18:31
Чунин ном дошат мизи мудаввар, ки баъд аз зуҳри имрӯз бо ширкати ҷамъе аз донишмандон, пажуҳишгарон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар нишаст зиёда аз 60 нафар мутахассисону донишҷўён, намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илм, Академияи илмҳо, Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳи Рўдакӣ, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, намояндагони воситаҳои ахбори омма ва кормандони Китобхонаи миллӣ иштирок намуданд.
Директори Китобхонаи миллӣ, профессор Абдусалом Мирализода ҳамаи ҳозиринро хайрамақдам гуфт ва иброз дошт: “Ин фарзонафарзанди миллат як умр бо тамоми тавон аз забон, адабиёт ва фарҳанги халқаш дифоъ намуд, дар ҳама маврид бо нигоҳи хосса, диди нав афкори қавиро иброз дошта, ҳамчун ғаввоси моҳир сар ба умқи баҳр фурў бурд ва ҷавоҳиру дурри андешаи олиро фаровон бурун овард. Устод Шакурӣ бо ковишҳои бикру беназираш бобҳои заррине дар адабиётшиносӣ, мардумшиносӣ, услубшиносӣ, фарҳангшиносӣ, истилоҳшиносӣ ва ғайра афзудааст. Рўди хомааш ҳамеша хурўшону мавҷзан буд, хештанро чун кашшофи ҳақгў ва нуктасанҷ муаррифӣ сохт, ҳаёташро пурра ба хушбахтии миллаташ пайванд зад. Кам касоне дар баррасии паҳлўҳои гуногуни адабиёту фарҳангамон ба андозаи ин устоди беназир заҳмат кашидаю ишқу алоқа нишон додаанд, ба кулли масоили матраҳ бо назари амиқи олимона ва ҳамаҷониба нигаристаанд”.
Директори Китобхонаи миллӣ дар бахши дигар аз суханрониаш роҷеъ ба нақши мондагори устод Шакурӣ дар тамаддуни муосири кишвар ҳарф зад ва гуфт: “Устод Муҳаммадҷон Шакурӣ ба сони чароғдор ҳаммеҳанонро аз зулмот ҳамеша сўи хуршеду гармӣ раҳнамун месохт ва ҳазорон-ҳазор ҳаммиллатон аз омўзаҳои ин абармарди илму маърифат ниёз бардоштаанд”.
Профессор Мирализода дар бораи китобхонаҳои шахсии академикҳо Талбак Назаров, Муҳаммадҷон Шакурӣ, Раҷаб Амонов, Аҳрор Мухторов, Фозил Тоҳиров, Маҳкам Маҳмудзода, Хуршеда Отахонова, адабиётшиноси маъруф Раҳим Мусулмониён, профессор Бобомурод Исматов, Сайф Раҳимзоди Афардӣ, шарқшиноси рус Боголюбов Михаил Николаевич дар Китобхонаи миллӣ ҳарф зад ва гуфт, ки дар айни замон фонди мазкур тайи 20000 адабиётро ташкил медиҳад. Аз ин шумораи зикршуда 8000 нусха ба китобхонаи шахсии академик Муҳаммадҷон Шакурӣ тааллуқ дорад, ки аз ҷониби ҳамсари устод Дилафрӯз Икромӣ ба Китобхонаи миллӣ тақдим шуда буд.
Дар ҳамоиш намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Масрур Абдуллозода дар бораи роҳи тайкардаи устод Шакурӣ ва саҳми вай дар худшиносии миллӣ суханҳо гуфт.
Раиси бахши адабиётшиносӣ ва нақди адабии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, доктори илми филология, профессор Абдураҳмон Абдуманнонов дар мавзўи «Шакурӣ давомдиҳандаи кору пайкори устод Айнӣ», устоди кафедраи услубшиносӣ ва таҳрири адабии факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, доктори илми филология, профессор Баҳриддин Камолиддинов дар мавзўи «Хотираҳо доир ба фаъолияти илмию адабии академик Муҳаммадҷон Шакурӣ», мудири шуъбаи адабиёти муосири Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳи Рўдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илми филология, профессор Раҳмонов Шоҳзамон дар мавзўи «Муҳимтарин масъалаҳои адабиёт дар фаъолияти эҷодии устод Муҳаммадҷон Шакурӣ», сарходими илмии Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳи Рўдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илми филология, профессор Ғаффор Ҷўраев дар мавзўи «Устод Муҳаммадҷон Шакурӣ ва масъалаҳои забони тоҷикӣ», мудири кафедраи назария ва таърихи адабиёти Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, доктори илми филология, профессор Шамсиддин Солеҳов дар мавзўи «Романи реалистии тоҷик дар шинохти устод Муҳаммадҷон Шакурӣ» суханронӣ намуданд.
Дар мизи мудаввар мутахассисону муҳаққиқон роҷеъ ба ҳаёт ва фаъолияти устод Муҳаммадҷон Шакурӣ, саҳми устоди бузургвор дар пажўҳиш ва рушду камоли илми филологияи тоҷик, ҷомиашиносӣ ва ташаккули маънавиёту худшиносии миллии мардуми мо, дастовардҳо, мавриди андешаҳои мушаххас ва баррасиҳои илмӣ суханронию музокира намуданд.
Суратгир Хусрави Милод