«Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст». Рақобат идома дорад
Нашр шуд 2020-12-14 15:34
Дар охирин рӯзҳое, ки озмуни ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» идома дорад, дар номинаи «Хондан ва аз ёд кардани осори адибони муосир» то ин лаҳзаҳо 4 нафар довталабон аз шаҳри Душанбе пурсида шуданд. Дар маҷмуъ аз пойтахти кишвар дар ин номина 15 нафар ширкат мекунанд. Дар ин лаҳзаҳои мавриди назар академик Абдуҷаббор Раҳмонзода вориди толор шуд ва дар баробари суолу ҷавоб бо довталаб Сабрина Муродова аз доварон хост то бо истифода аз фурсат ҳамаи довталабонро пурсанд, то касе дилмонда нашавад.
Биниёмини Илҳом, хонандаи синфи 5 аз муассисиаи таҳсилоти миёнаи умумии №60-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе гуфт, ки барои омодагӣ 1200 мисраъ шеър, 29 асари насрӣ, 40 рубоӣ, 36 дубайтӣ ва 4 достон хондаву азбар кардааст. Бинёмин, ки бо дарёфти холҳои зиёд барои ширкат дар марҳилаи ниҳоии озмун роҳхат гирифтааст, ба ин назар аст, ки озмун шаффоф мегузарад. Вай мегӯяд соли гузашта дар наминатсияи «Номинатсияи хондан ва аз ёд кардани ашъори бачагона ва афсонаҳои халқи тоҷик” ширкат карда буд.
Ў бо садои зебову гиро ва хеле бо ҷасорат сухан мегуфту ба суолҳо посух медод. Ҳисс мешуд, ки ба худ ва дониши худ бовар дорад ва аслан худро гум намекард, балки ба ҳама суолҳо бо боварӣ посух медод.
СабринаМуродова, хонандаи синфи 9-и муассисаи таҳсилоти умумии №33-и ноҳияи Синост. Ў узви фаъоли маҳфили «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст»-и назди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, бо раҳнамоии роҳбари ин маҳфил Омина Ҳамроева ба озмун омада буд. Сабрина низ бо дарёфти холҳои бештар дар озмуни шаҳрӣ ғолиб омада буд.
Сабрина мегӯяд 20 роман, 98 повест, 100 ҳикояву новелла, 4 асари ёддоштӣ хондааст, 100 ғазал ва ба миқдори зиёд рубоиву дубайтӣ аз худ кардааст.
Вай дар қироати шеър маҳорати хос нишон дод. Аммо дар оғоз Сабрина шояд дар ҳалқаи устодони сахтгир худро тасаввур кард, ки лаҳзае ба ҳаяҷон дода шуд. Аммо дар раванди пурсишҳо фаъол шуд ва бо бовариву эътимод ба худ баромад кард.
Маврид ба ёдоварист, ки даври ниҳоии озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” боз як рӯзи дигар идома мекунад. Қарор аст пагоҳ ҷамъбаст шавад ва ғолибон эълон шавад.
Даври ниҳоӣ рӯзи 7 декабри соли равон дар Китобхонаи миллӣ оғоз шуда буд.
Раҳима Аъзам,
шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ.