Лаҳзаҳое бо ёди устод Айнӣ

Ҷамъе аз донишмандон, адибон, хонандагон ва кормандони Китобхонаи миллӣ дар чорабинии фарҳангӣ-адабии “Машъали рахшони миллат” аз Қаҳрамони Тоҷикистон, адиби маъруф устод Садриддин Айнӣ ёд карданд. Ин нишаст бо ибтикори Шӯъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ субҳи имрӯз дар толори “Ошёни булбулон” баргузор шуд.

«Сабт аст дар ҷаридаи олам давоми мо…». Ин баннер бо намоиши китоб толори калони “Ошёни булбулон”-ро оро медод. Дар  гўшае бо курсии маҷозии «Устод Айнӣ» ва дар мизи хурдакак дар рўи матои сафед китобҳо ва шамъи фурўзон гузошта шудааст. Дар як гўшаи толор тахтаи электронӣ, ки тавассути он филми мустанад бо номи «Садриддин Айнӣ, ба ифтихори 100-солагии зодрўз» омодаи намоиш аст.

Меҳмононе, ки вориди толор мешуданд, аввал аз гӯшаи китоб дидан мекарданд, саҳнаҳоеро пеши назар меоварданд, онҳо бо муҳаббат ҳар китобро ба даст мегирифтанд ва ба соли нашри он назар меандохтанд. Китобҳо солҳои мухталиф бо забонҳои тоҷикӣ, ўзбекӣ, русӣ, инглисӣ, чехӣ ва олмонӣ рӯйи чоп омадаанд ва баъзе аз онҳо солҳое чоп шудаанд, ки худи устод дар қайди ҳаёт буданд.  

Қабл аз оғози чорабинӣ ба хотири болидахотирии ширкаткунандагони чорабинӣ сурудҳо дар иҷрои ҳофизони шинохта Тоҷиддин Муҳиддин, Боймуҳаммад Ниёзов, Нуқра Раҳматова, Сабоҳат Наҷмиддинова бар матни шеърҳои Устод Айнӣ пахш  гардиданд.

Зери савту навои дилкаш меҳмонон якояк вориди толор мешаванд ва ба курсиҳо ҷо мегиранд. Ба ин чорабинӣ донишмандон аз АУ Тоҷикистон, адибон аз Иттифоқи нависандагон, пайвандон ва кормандони хона-музейи Устод С.Айнӣ, пажўҳишгарони осори Устод С.Айнӣ аз донишгоҳу донишкадаҳои ҷумҳурӣ, ҳунармандони Театри академии драмавии ба номи Лоҳутӣ, овозхонҳои шинохта ва ғайра даъват шуда буданд.

Соати 1000. Чароғхои толор хомўш карда мешаванд, дар тахтаи электронӣ филми мустанад бо номи «Садриддин Айнӣ, ба ифтихори 100-солагии зодрўз» беовоз намоиш дода, ҳамзамон дар саҳна ҳунарманди шинохта Ортиқ Қодир шеъри Бозор Собирро бо номи «Айнӣ» қироат кард. Пас аз ба итмом расидани қироати шеър чароғҳо фурўзон шуданд ва чорабинӣ оғоз гардид. Саҳнаи хеле диданиву шуниданӣ буд ин лаҳза.

Муовини Директори Китобхонаи миллӣ Гадобек Маҳмудов чорабиниро бо сухани ифтитоҳӣ ҳусни оғоз бахшид. Баъдан суханро ба Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки гардонандаи нишаст буд, дод. Вай ҳозиринро бо ҳадафи чорабинӣ ошно намуд ва чанд сухан роҷеъ ба шахсияти барҷастаи фарҳангӣ, сардафтари адабиёти навини тоҷик ва Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ иброз дошт.

Шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб шеъреро аз ашъори худаш дар васфи устоди зиндаёт Садриддин Айнӣ қироат кард.

Моҳрухсор Сафиева - Ҳунарманди шоистаи ҷумҳурӣ суруди «Орази гул» - ро ба шеъри устод Айнӣ суруд.

Порча аз намоиши «Зиндагинома»-и Абдуҷаббор Абдуғаффоров ва Давлаталӣ Убайдуллоев дар иҷрои ҳунармандони Театри академии драмавии ба номи Лоҳутӣ намоиш дода шуд. Нақши устод Айниро дар ин порча Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Бобоҷон Ҳасанов ва нақши Зиёдулло Шаҳидӣ - Ҳунарманди халқии Тоҷикистонро Шералӣ Абдулқайсов бозид.

 Гурӯҳе аз хонандагони фаъоли Китобхонаи миллӣ аз ашъори устод Айнӣ шеърҳо қироат намуданд.  

Ҳофизи халқии Тоҷикистон   Раҳматуллои Ҳошим таронаи «Бар нигори ман баред…» - ро басо хушу зебо суруд.

Корманди Китобхонаи миллӣ Абдуғаюр Саломов шеъри “Айнӣ”-и абарустод Лоиқ Шералиро қироат кард. Ва Ҳунарпешаи  шоистаи Тоҷикистон  Сабоҳат Наҷмиддинова таронаи «Чӣ шуд?»-ро  суруд.


Чорабинӣ басо хотирмону ҷолиб гузашт.