Атрофи асари арзишманди «Забони миллат–ҳастии миллат»-и Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон олимони зиёде мулоҳизаҳо рондаву ибрози назар кардаанд. Банда ба андозаи донишу заковати хеш ин китобро мутолиа намуда, сухане чанд атрофи он иншо кардам.
Китоби «Забони миллат–ҳастии миллат» инъикосгари тамоми давраҳои рушди забони тоҷикӣ мебошад ва онро бо як ибораи том «Оинаи миллат» низ ном бурд. Муаллифи китоб тавонистааст, ки маълумотҳои илмиву таърихиро бо далелҳои қавӣ ба ҳар боб ҷой диҳад, ҳамчунин тавлиди асосии забони тоҷикиро ва қаламрави густариши онро бо далелҳо нишон диҳад. Бояд гуфт, ки дар асари мазкур бештар маълумотҳое ҷамъоварӣ шудааст, ки дар хусуси онҳо бештари муҳаққиқон назари ягона доранд ва бо намунаҳои назму наср назари худро тақвият додааст. Риояи вожагону истилоҳоти китоби мазкур ба тамом саҳеҳ ва солим аст, ҳарчанд, ки муаллиф ба умқи ҷустуҷўи забони тоҷикӣ дар дигар забонҳои ғайр рў оварда бошад ҳам, тавонистааст, ки унсурҳои забони хешро дар асараш маҳфуз дорад. Замони шукўҳи беназиру бесобиқаи забони тоҷикӣ ин аҳди Сомониён аст, ки дар асари мазкур бештари саҳифаҳои китоб дар ин бора нақл мекунад, ки мо шоҳиди далелу маводҳои илмию таърихии зиёд гаштем.
Таълифи ин китоб на танҳо дастоварди беназири забоншиносони тоҷик аст, ҳамчунин ба ҳаводорон ва омўзандагони таърихи забони тоҷикӣ низ хизмат хоҳад кард. Муҳим мешуморем зикри ин матлабро, ки асари «Забони миллат–ҳастии миллат» дар ташаккули забони тоҷикӣ аз аҳамияти бузург бархӯрдор буда, беҳтарин маълумотҳои илмию таърихӣ ва адабиро гирд оврадааст. Инчунин забони таълифи ин асар басе содаю мўҷаз аст, ки хонанда ҳангоми мутолиа инро дарк мекунад. Асари «Забони миллат–ҳастии миллат» бар замми намунаи муътабари забони куҳани тоҷик будан, ҳамчунин аз нигоҳи фаро гирифтани ҳодисаву воқеаҳои таърихии забони тоҷикӣ ва ифшо кардани шахсиятҳои бузурги адабу фарҳанг бисёр арзишманд аст.
Абдуғаюр Саломов, мутахассиси пешбари
шуъбаи маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдорӣ
Ёфтаҳои бештар дар ин бора:
Инъикоси ду қарни сукут дар асари «Забони миллат – ҳастии миллат»–и Эмомалӣ Раҳмон
Пешвои миллат-ҳомии забони миллӣ