Ёде аз Султон Шоҳзода –шоири ғӯрамарги тоҷик
Нашр шуд 2018-04-10 12:05
Аз таваллуди Султон Шоҳзода-шоири хушнависи тоҷик 75 сол ва аз маргаш 23 сол гузашт. Султон Шоҳзода журналист буд, умре дар нашрияҳо ва нашриётҳои кишвар кор кардааст. Вале фаъолияти шоириаш аз рӯзноманигорӣ барҷастатар будааст. Соҳиби шаш маҷмуаи шеъ буд, ки аввалинаш соли 1975 ва охиринаш соли 1994 чоп шудаанд. Дар муаррифиномаи Иттифоқи нависандагон омадааст:
СУЛТОН ШОҲЗОДА 1 апрели соли 1943 дар деҳаи Поршневи ноҳияи Шуғнони ВМКБ ба ҷаҳон омадааст. Соли 1949 факултаи таъриху филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанберо хатм кардааст. Корманди рӯзномаҳои «Комсомоли Тоҷикистон», «Маориф ва маданият» будааст.
Солҳои 1979-1981 дар Афғонистон тарҷумонӣ кардааст. Баъдан дар рӯзномаи «Маданияти Тоҷикистон» ва шуъбаи адабиёти бачагони нашриёти «Маориф» кор кардааст.
Шеърҳояш аз ибтидои солҳои 60-ум чоп шудаанд. Муаллифи маҷмӯаҳои «Чашмаи Носир» (1975), «Ману борон» (1982), «Ошёни уқобон» (1985), «Сояи кӯҳ» (1986), «Парандаи кабуд» (1989) ва «Афсонаи баҳор» (1994) мебошад.
Иддае аз шеърҳояш ба забонҳои украинӣ, ӯзбекӣ, чехӣ тарҷума ва чоп шудаанд. Ашъори алоҳидаи М. Луконин, С.Островой ва дигаронро ба тоҷикӣ гардондааст.
Соли 1997 (пас аз марг) сазовори Ҷоизаи ба номи Мирзо Турсунзода гардидааст.
Аз соли 1979 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.
27 феврали соли 1995 аз олам даргузашт.
Дар Китобхонаи миллӣ аз Султон Шоҳзода ин маводҳоро метавонед бихонед:
Ману борон: Маҷмўаи шеърҳо. – Душанбе: Ирфон, 1982. – 47 с.
Ошёни уқоб: Маҷмўаи шеърҳо. – Душанбе: Ирфон, 1985. – 96 с.
Парандаҳои кабуд: Маҷмўа. – Душанбе: Адиб, 1988. – 144 с.
Модари афғон; Дар соҳили дарё; Парвоз: Шеърҳо // Маориф ва маданият. – 1980. – 6 сентябр.
Давоми рақси ховаршо: Ҳикоя // Тоҷикистони Шуравӣ. – 1991. – 2 май.
Ба Бадахшон баҳор меояд: Шеър // Бадахшон. – 1993. – 19 март.
Марг дар парвоз: Шеърҳо ба ёди шоири шинохта шодравон Амонбеки Шоҳзода ва духтарчаи ў Соҳиба // Адабиёт ва санъат. – 1994. – 17 феврал.
Бечора модар: Ҳикоя. – Ҷумҳурият. – 1994. – 1 октябр.
Маҷро; Дар сояи сафар; Салом модар; Барои ту; Шеърҳо // Адабиёт ва санъат. – 2011. – 23 июн.
Тарҷумаҳо
Карнеев, О. Чакраи борон; Хоб: Шеърҳо / Тарҷумаи С. Шоҳзода // Комсомоли Тоҷикистон. – 1976. – 15 феврал.
Абдирашев, Ж. Меҳри ҳофиз: Шеър ба ёдбуди М. Авезов / Тарҷумаи С. Шоҳзода // Маориф ва маданият. – 1976. – 23 ноябр.
Собиров, Қ. Сайёди шеър: Шеър / Тарҷумаи С. Шоҳзода // Маориф ва маданият. – 1976. – 27 ноябр.
Абдирашев, Ж. Дашт: Шеър / Тарҷумаи С. Шоҳзода // Садои Шарқ. – 1983. – №10. – С.73-74.
Шленский, В. Шаби чўпонҳо; Танўр; Дар фабрикаи қолинбофӣ: Шеърҳо / Тарҷумаи С. Шоҳзода // Комсомоли Тоҷикистон. – 1984. – 23 ноябр.
Островой, С. Чашма; Баҳор: Шеърҳо / Аз русӣ тарҷумаи С. Шоҳзода // Пионери Тоҷикистон. – 1985. – 10 апрел.
Таҳияи Ибодат Солиева
корманди шуъбаи
библиографияи миллӣ