Тоҷикписари замоне дар деҳи Афшанаи вилояти Бухоро ба дунё омадаро номи ҷовидонӣ ва шўҳрати ҷаҳонӣ насиб гардид. Дар ҳамаи мамлакатҳои мутамаддини олам ҳазорумин соли валодати ўро бо тантана қайд мекунанд. Маросими ёдбуди ў ҷашни илму дониш аст. Абуалӣ ибни Сино даҳ аср пеш дар ҳукмронии тассуботи мазҳабӣ ва эътиқодоти хурофӣ парчами ақл, илм ва ҳикматро барафрошт. Дар шароите, ки ҳаёти инсон назди ҳукумдорон, мустабидон, зўроварони феодалӣ арзише надошт, ў
Аслаш аз Ҳирот аст ва дар замони амир Ҳайдар (баъд аз соли 1801) ба Бухоро омада, пас аз чанд вақт ба Хуҷанд, ба даргоҳи Умархон рафтааст. Сабаби ин ҳиҷрати Ҳозиқ дар ҳеҷ куҷо қайд нашудааст. Аммо чунон ки шеърҳояш шаҳодат медиҳанд, Ҳозиқ шоири хеле нозуктабъ, ҳассос буд. Одатан шоирон ба зулму ситами беандоза ва ҳаёти разилонаи амир, аҳли дарбори вай ва уламои бухории ҳамонвақта тоб оварда наметавонистанд ва онҳо бинобар ин ки аз муборизаи ошкоро бурдан ба муқобили истибдоди амир оҷиз буданд, ягона чораи «халосии» худро чунин медонистанд, ки аз қаламрави ин амир гурехта ба дарбори амир ё шоҳи дигар паноҳ баранд. Хусусан, он вақтҳо хони Фарғон – Умархон ба маорифпарварӣ ва адабиётдўстӣ ном
«Молики раҳи кўр» аз маҷмўи ҳикояҳои солҳои мухталиф эҷодшудаи муаллиф, як қисса ва чор мақолаи марбут ба мавзўи модар мураттаб гардидааст. Маҷмўа борои доираи васеи хонандагон пешбинӣ мегардад. Умари Шерхон, рӯзноманигор ва адиби шинохтаи тоҷик буда, таълифоти зиёде дорад ва умре дар нашрияву рӯзномаҳо ва нашриётҳо кор кардааст. Аз ҷумла: дар ҳафтавори « Наврўзи Ватан « (солҳои1991 – 1992 ) ва рўзномаи « Нидои ранҷбар « (солҳои 1992 – 1995) ба ҳайси мудири шуъба ва узви ҳайати таҳририя будааст.
Дастури мазкур фарогири номвожаҳои хоси « Таърихи Систон» буда, ҷиҳати таҳия намудани луғатномаҳо ва барои тадқиқи паҳлуҳои гуногуни маводи ономастикӣ мусоидат менамояд. Ҳамчунин, барои мутахассисони соҳаи забоншиносӣ дар таҳия намудани фарҳангҳои дузабона, этимологӣ, имлоӣ ва орфоэпӣ кўмак карда метавонад. Дар дастур ҳамчунин тавсифи вижагиҳои таърихӣ – ҷуғрофӣ ва этнографии « Таърихи Систон» бо мақсади беҳтар тасвиру тавсиф намудани ин ёдгории хаттии давраи классикӣ ҷой дода шудааст. Бояд тазаккур дод, ки ин дастур тамоми
Эмомалӣ Раҳмон
Маҷмааи бостонии Саразм нахустин макони дорои аҳамияти таърихию фарҳангии Тоҷикистон аст, ки ба
Аз саёҳати Бухоро як мақсади дигари Айнӣ зиёрати он деҳае, буд, ки Абуалӣ ибни Сино дар он ҷо зоида шудааст. Аммо он деҳа дар куҷост? Устод боварӣ дорад, ки он ҷо деҳаи Лағлақа аст. Худи Шайхурраис Абуалӣ ибни Сино ва таърихнависони баъди вай гузашта зодгоҳи Шайхурраисро деҳаи Афшана навиштаанд, аммо ин вақт дар вилояти Бухоро Афшана ном деҳае нест. Дар райони (ноҳияи) Рометан Лағлақа ном деҳае ҳаст, ки аз рўи ривоятҳо Афшана номи пештараи ҳамин деҳа будааст. Як деҳаи дигар ҳаст, номаш Испана (Испанӣ), аммо ин