“Таронаборон” китоби нави ашъори шоири маъруфи мо Сафар Айюбзодаи Маҳзун аст, ки чанде пештарак чоп шудааст. Тавре аз номаш пайдост, он маҷмуаи мунтахаби таронаҳо адиби шинохтаро дар бар гирифтааст. Муҳаррири китоб Сафарбек Нурзода дар як сарсухани мухтасар дар бораи таронаҳои Маҳзун изҳори назар кардааст, ки онро дар зер мехонед.
*** *** ***
Гоҳе мебинам, ки қалам дар дасти навомўзи Аниса мелағжад ва ў аз вазн берун меравад мисли дарёчаи шодоби баҳорӣ, ки соҳилҳоро ғабс кардааст. Гоҳо ў аз қолабу қавоиди шеър хориҷ мешавад, аммо муҳаббаташ лағжанда нест, андешаҳояш бемаҷрову камрабту сустмантиқ нестанд, пиндору ормонаш чун мусавараи комили зебост, ки нуқсе натавон ёфт. Ў ҷое мегўяд, ки:
Баҳри навори хати филми ҳаёт
Номаи Абдусалом Деҳотӣ як силсила суолотеро дар бар мегирифт, ки посухаш на танҳо барои он рӯз, балки барои имрӯзиён басо муҳим аст ва дорои аҳамаияти бузурги илмист. Номаҳои устод Айнӣ, ки куллан омӯзандаанд, мутаассифона то ҳол пурра чоп нашудаанд. Посухе, ки дар зер мехонед, ба номаи Абдусалом Деҳотӣ аз таърихи аст, ки рӯзи 9-уми июл дар сомонаи мо пурра чоп шуд. Матни асл ва суолҳоро аз ин ҷо метавонед бихонед: Номаҳои Абдусалом Деҳотӣ
Ахиран нависанда ва журналисти маъруфи кишвар Бахтиёр Муртазо бо чопи ду китоби наваш хотири мухлисону ҳаводорони осорашро шод кард. Китобҳои “Хӯшаҳо ва киштаҳо” ва “Нақби Истиқлол” дар беҳтарин сифат ба зевари чоп ороста ва ба хонандагон пешкаш шуданд. Маҷмўаи мунтахаби очеркҳо ва қиссаи мустанади нависандаи маъруф Бахтиёр Муртазо “Хӯшаҳо ва киштаҳо” дар ситоиши корнамоӣ ва садоқату
Дар ин маҷмўа ашъори дар солҳои гуноган навишаи як тан омўзгори қалами шоириву эҷод ба даст гирифта, ки ҳоло давлати пирӣ меронад, бо умеду орзуҳои зиндагӣ ҷамъ оварда шудаанд. Бошад, ки аққалан чанде аз онҳо мавриди назари дўстдорони қаломи бадеъ гардида бошад.
Рубоӣ ва дубайтҳо
Ин дашти кушодарура будаш моем,
“Солномаи матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки охири соли гузашта чоп шуда буд, аслан як феҳристи библиографист. Тавре дар муаррифии он омада: “Феҳристи библиографии навбатӣ – «Солномаи матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон» роҷеъ ба нашри китобу маҷалла, рўзнома ва дигар маводи чопии дар семоҳаи сеюми соли 2018 дар ҷумҳурӣ батабърасида маълумот медиҳад”.
Мақсади асосии он саривақт ба хонандагон расонидани иттилоот дар бораи нашри китобу ҷузва ва матбуоти даврии тозанашр мебошад. Солнома аз фаслҳо: