такмили ихтисос

Китоби нав. Ато Мирхоҷа: “Субҳи беғуруб”

Шоири  шинохтаи тоҷик, Ҷонишини Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Ато Мирхоҷа як силсила шеърҳои тозаэҷоди худро, ки ба Асосгузори сулҳу Вавҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикисон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва кору пайкору ҷаннисориҳои ӯ дар роҳи рушду нумуъи Тоҷикистон бахшида шудаанд, дар китобе бо номи “Субҳи беғуруб” гирд овардааст.

Дар ин маҷмўа шеърҳо, сурудҳо ва достону  манзумаҳое гирд оварда шудаанд, ки онҳоро шоири шиноҳта, барандаи ҷоизаи ба адабии ба номи Мирзо Турсунзода Ато Мирхоҷа барои дастгирӣ аз сиёсати хирадмандонаи  Асосгузори сулҳу ваҳдати 

Китобдорони шоистаи Тоҷикистон: Саодат Икромӣ

Саодат Икромӣ баъди марги шавҳараш Ҷалол Икромӣ боз се соли дигар зист ва соли 1996 дар синни 82 солагӣ тарки олам кард. Ӯ на танҳои бонуи донишманду босавод, балки модари мушфиқи фарзандоне буд, ки ҳар кадом олимони соҳибтахассус дар риштаҳои мухталиф буданд. Дилафрӯз Икромӣ – духтари Саодат ва Ҷалол Икромӣ дар суҳбате гуфтааст: “Падару модари ман 65 сол бо ҳам зиндагонӣ карданд. Вақте ба ҳам расиданд, падарам 19-сола ва модарам 15-сола буданд. Модаркалонам Саломатбибӣ аммаи падарам буданд. Он замон дар Бухоро ҳамин хел одат буд, ки ҳама 

«Ҳафтаи китоби кўдакон ва наврасони Тоҷикистон» кай баргузор мешавад?

 “Тараннумгари сухан” номи китобест, ки ҳамин чанд рӯз пештар бо талоши Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар рӯйи чоп омадааст. Он аслан як дастури  таълимӣ – методист, ки ба Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кўдакону наврасони Тоҷикистон» бахшида шуда, фармоиши Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи фестивал, номгўи чорабиниҳо, намунаи сенарияҳо, андешаҳои иштирокчиёни  фаъоли фестивалро инъикос менамояд.

 

Ба баҳонаи зодрӯз: Маҳмадшариф Каримов кист?

Дар арафаи Наврўзи хуҷастапай устод Маҳмадшариф Каримов-як тан аз китобшиносони варзида ва собиқадори Китобхонаи миллӣ зодрӯз дорад. Устод Муҳаммадшариф Каримов аз зумраи касонест, ки умре китобдорӣ кардаву дар ин соҳа пажӯҳишҳои арзишмандеро анҷом додааст. Бо баҳонаи зодрӯз аз роҳи тайкардаи ӯ мехоҳем ёд кунем.

Сардори Маркази такмили ихтисос Каримов Маҳмадшариф Мусоевич, мутаваллиди соли 17.03.1957, хатмкардаи факултети китобдории Донишкадаи давлати фарҳанг ва санъати Тоҷикстон ба номи Мирзо Турсунзода – китобшиноси дараҷаи олӣ. 

 

Модарномаи муҳоҷири овора

​ Эссеи  «Модарномаи  муҳоҷири  овора» дар  эҷодиёти  Сайдаҳмади  Зардон  ҷойгоҳи  вежа  дорад. Онро  ба  далели   латофати  баён  ва  ҷазобияту  салосати  сухан  метавон  шеъри  мансур  низ  номид. Ёди  Модару  Ватан, меҳри  сарзамини  адждодӣ  ва  азизону  пайвандон  ягона  дороӣ, буду  шуди  қаҳрамони  асар  аст, ки  дар  шакли  нома  ба  модар  баён  шудааст. Ин  меҳру  муҳаббати  бепоён   муаллифи  номаро  дар  муҳликтарин  лаҳзаҳо   низ  чун  тумори  балогардон  ҳифз  менамояд, то ўро  ба  сарзаманзили  мақсуд   бирасонад.

 

Китоби нав: “Мафҳуми «иҷтимоӣ” дар илмҳои иҷтимоӣ”

 Дар  дастури  таълимии  мазкур  оид  ба  таърихи  пайдошавии   мафҳуми  иҷтимоӣ  ва  баҳсҳои  илмӣ  нисбат  ба  моҳият, мундариҷа  ва  шарҳи  мазмуни  он  маълумотҳои  ҷолиби  диққат  оварда  шудаанд. Муаллифон Х.Зеваров ва О.Расулова мебошанд.

 Ҳангоми  омўзиши  таърихи  кори  иҷтимоӣ,  фанҳои  назарияи  кори  иҷтимоӣ  сотсиология, забони  русӣ   ва  англисӣ  дар  ихтисосҳои  соҳаи  иҷтимоӣ  ин  мавод  дастури  муфид  мебошад.

 

Страницы