Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси кормандони Маркази такмили ихтисос семинари ҷумҳуриявӣ дар мавзўи «Ҳифзи ҳуқуқҳои муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он дар ташкили китобхонаҳои электронӣ»доир гардид.
Чорабиниро муовини директори Китобхонаи миллӣ Гадобек Маҳмудов ҳусни оғоз бахшид ва иштирокчиёнро хайрамақдам гуфт.
Дастури таълимии «Фазилати Пешво» китобест дар боби фазилатҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳамчун мактаби сиёсати давлатдорӣ барои насли оянда ва намунаи ибрат ба ҳар як фард барои расидан ба мақсадҳои олӣ, дарки худшиносӣ ва инсони комил мебошад. Дар ин китоб хислатҳои беҳтарини Пешвои миллат ва иқдомҳои муҳимми он инъикос ёфтааст.
Муаллиф дар муқаддима аз ҷумла навиштааст: Дар саргаҳи таърихи ҳар як миллату халқият ва давлат шахсиятҳое меистанд, ки бо фитрату хислат, хулқу атвор, афкору андеша ва рафтору
Қисми дуюми романи таърихии адиби маъруф Ато Мирхоҷа «Саройи санг» аз чоп баромад, ки давраи солҳои 1870-1874-уми тоҷикони Бадахшонро дарбар мегирад. Дар ин замон Шуғнону Вахон хироҷгузори Бадахшон бошанд ҳам, амалан ба ҳукумати марказӣ тобеъ набуданд. Бадахшон давлати мустақил ҳисоб шуда, ҳудуди ғарбии он то Тахористон доман паҳн мекунад. Таҳти пуштибонии англисҳо дар Кобул ҳукумати афғонҳо батадриҷ шакл гирифта, ба неруи муҳимми сиёсии минтақа табдил меёбад.
Муаллифи роман дар ин қисмат ба зиддиятҳои хурду камаҳамияти дохилӣ машғул гардида, аз авзои воқеии ҷаҳон
Об манбаи ҳаёти инсон буда, унсури калидӣ дар рушди иҷтимоиву иқтисодии ҳар як кишвар ба ҳисоб меравад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хурду бузург ба қадри ин неъмати бебаҳо расида, ба он арҷ мегузоранд ва бо самимият дар тамоми осори шифоҳию хаттӣ, адабию фарҳангӣ васфаш мекунанд. Бахусус, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар суханрониҳояшон вобаста ба масъалаҳои об доир ба аҳаммияти об дар сайёра сухан гуфта, барои тозаю соф нигоҳ доштани обҳои мусаффои кишварамон изҳори назар менамоянд.
Тоҷикистон манбаи пуриқтидори сарчашмаҳои обӣ дар минтақаи
Китоби “Кангурт” дар бораи яке аз мавзеъҳои машҳури куҳандиёри тоҷикон – Кангурт таҳия шудааст. Кангурт муддатҳост, ки бо як ном маъруф буда, бо мардони ватандўсту шуҳратманди худ шинохта шудааст. Дар ҳама давру замон, бо вуҷуди таҳдиду хатарҳои ба сари ин мардуму мавзеъ омада, Кангурт ном ва шуҳрату шаъни худро ҳифз кардааст. Дар домони ин диёри меҳрофару босафо шахсиятҳои хирадманду ҳунарвар, зираку сиёсатмадор, шоиру мураббӣ ва ободгару навовар тарбият ёфта, ба воя расидаанд.
Баъди соҳибистиқлолии кишвар доир ба таърихи Кангурт, аз
Чунин ном дорад маҷмўи мақолаҳо бахшида ба Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҳадаф аз таълифоти мазкур кўшиш дар роҳи ҳифзи арзишҳои миллӣ ва ҷалби хонандагон ба масоили мазкур унвон шудааст. Дар шиносномаи он аз ҷумла мехонем: Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба ҳайси омили муттаҳидсозандаи халқи Тоҷикистон имкони таърихие пеш овард, ки мо дар кишварамон бо такя ба арзишҳои аз ҷониби умумпазируфташуда таҳкурсии ташаккули ҷомеаи шаҳрвандиро гузорем.
Танҳо инсонҳои соҳибмаърифат, огоҳу худшинос ва дорои ахлоқи